Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДАРСИ ПУРМАЗМУН ҲУНАРМАНДИИ ОМӮЗГОРРО ТАЛАБ МЕКУНАД

Омӯзгор ҳастаму аз касби пешанамудаам ифтихор дорам. Аз ин рӯ, пайваста кӯшиш мекунам, то ҳамеша дарсҳоямро пурмазмун гузаронаму ба шогирдонам мавзӯъро бештар омӯзонам. Ба ин хотир аз усулҳои нави таълим доимо истифода мебарам. Ҳамарӯза дарсамро аз қисмати ташкилии дарс оғоз намуда, пеш аз пурсиши вазифаи хонагӣ як ё ду дақиқаро ба ҳозирҷавобии хонандагон мебахшам. Ин лаҳзаи дарс танҳо бо воқеъаҳои имрӯзи дохил ва хориҷи кишвар, ҷашну идҳои давлатӣ бахшида шуда, ба хонандагон саволномаҳо пешниҳод мекунам, ки хонандагон таассуротҳои худро дар хусуси ҳама воқеаву рӯйдодҳо ва идҳои давлатӣ баён мекунанд.

Баъд аз ин дар қисмати пурсиши вазифаи хонагӣ вақтро сарфа намуда, ба тариқи блитс пурсиш саволномаҳои пешакӣ омоданамудаамро ба хонандагон пешниҳод мекунам. Чунин усули пурсиши вазифаи хонагӣ ба шогирдонам писанд аст ва ба ин восита хонандагони сустхон низ кӯшиш мекунанд, ки аз дигарон ақиб намонда, ба саволҳо посух гӯянд. Хонандагоне, ки барояшон баён намудани ақида душворӣ меорад, онҳо вазифаро дар шакли кластер ва ё ҳикояи хурд тайёр мекунанд. Дар ҳама дарс кӯшиш менамоям, ки ба ғайр аз саволу ҷавоб хонандагон дар тахтаи синф баромада бо кроссворду сканвордҳо кор кунанд. Инчунин, пеш аз баёни мавзӯи нав як бори дигар дар шакли кӯтоҳ мазмуни асосии мавзӯъи гузаштаро ба хонандагон мефаҳмонам ва бо тавассути расмҳо ба шогирдон мисолҳо меорам. Сипас хонандагонро ба се ё чор гурӯҳ тақсим намуда, ба ҳар гуруҳ ном мегузорам, ки ин ҳамагӣ 1 дақиқа вақтро мегирад. Баъди гурӯҳбандӣ барои баёни мавзӯъи нав вобаста ба мавзӯъ ба хонандагон муаммоҳое пешниҳод мекунам. Мисол: бачаҳо, гуфта метавонед, ки дар “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ кадом шоҳони замони Пешдодиён зикр шудааст?. Филиномаи “Коваи оҳангар”-ро кӣ тамошо кардааст?. Ин филмро метавон дӯст дошт ё не?. Хонандагон бо шунидани ин саволҳо алакай тахмин мекунанд, ки дарси имрӯза дар бораи шоҳони Пешдодиён мебошад. Баъди ин мавзӯъро дар тахтаи синф менависам ва пай мебарам, ки хонандагони мавзӯъро пайбурда аз ҳозирҷавобияшон рӯҳбаланд мегарданд. Мавзӯи навро ба хонандагон кӯтоҳакак фаҳмонида, калимаҳои нофаҳморо дар тахтаи синф навишта, ба ҳамаи гурӯҳҳо супориш медиҳам: матнро хонед, бо истифодаи воситаҳои навишторӣ маълумотҳо тайёр намоед, коратонро ба дигарон муаррифӣ кунед. Барои хубтар аз худ намудани мавзӯъ ба хонандагон иловатан расмҳо низ тақсим карда мешавад. Ҳар як гурӯҳ вазифаи худро бо сохтану кашидани кластер эҷодкорона бо шавқ иҷро мекунанд. Сипас, аз ҳар як гурӯҳ як нафарӣ хонанда ба назди тахтаи синф баромада, кори гурӯҳи худро муаррифӣ мекунад. Баъди муарифии кори гурӯҳҳо хонандагон тамоми санаҳои муҳими таърихиро дар дафтарҳои алоҳида, ки ҳамчун хронология истифода мешавад, менависанд. Қисми мустаҳкамкунии дарсро ба воситаи расмҳо ва саволу ҷавоб мегузаронам. Супориши хонагиро вобаста ба мавзӯъ интихобан бо тартиб додани Харитаи хирад, Эссе (Хикояи хурд) сохтани кластер медиҳам. Дар охири дарс ба кори тамоми гурӯҳҳо баҳогузорӣ намуда, ба хонандагон барои ҳозирҷавобияшон дар қисмати пурсиши вазифаи хонагӣ ба хонандагоне, ки ба ҳамаи саволҳо пурра ҷавоб дода буданду ба дигарон низ саволҳои пурмазмун доданд, баҳои 5 (аъло), ба онҳое, ки андаке камтар фаъол буданд, баҳои 4 (хуб), ба онҳое, ки ба саволҳо канда-канда ва нопурра ҷавоб гардонида буданд баҳои 3 (миёна) ва ба онҳое, ки ба дарс омода набуданду ба саволҳо ҷавоб нагардониданд, пеш аз баҳои 2 (ғайриқанотбахш) гузоштан, ба онҳо супоришҳои иловагӣ ба монанди санаҳои муҳими таърихӣ вобаста ба мавзӯъ медиҳам ва дар ҳолати иҷро накардан баъд баҳои 2 мегузорам. Барои ҳавасмандгардонӣ ба хонандагоне, ки баҳои хуб ва аъло мегиранд, офарин мегӯям ва аз хонандагон хоҳиш мекунам, ки ба ифтихорашон каф кӯбанд.

Саодат АЛИЕВА,
муаллимаи фанни забон ва адабиёти мактаби рақами 43


Дата добавления: 04/08/2017 15:21;   Просмотров: 1345
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку