Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДАР ВАҚТИ ТАЪТИЛ

Имрӯзҳо навбати сеюми таътили тобистонаи бачаҳо дар истироҳатгоҳи “Ситора” бо хушҳолӣ давом дорад.

Бачаҳо ҳар бегоҳ дар атрофи гулхан рақсу бозӣ ва шеърхонӣ карда, хурсандӣ менамоянд. Барои фароғати хуби 310 нафар бача 6 нафар мураббию 6 нафар роҳбалад масъуланд. Бачаҳо аз хизмати ошпази моҳир ЛӯъбатРаҷабова, шифокори меҳрубон Мунира Хоҷаева мамнунанд.
Инчунин, дар истироҳатгоҳ маҳфилҳои дӯзандагӣ, рассомӣ, бофандагӣ ва санъат фаъолият дорад.. Ҳар рӯз бо роҳбарии устоди варзиш Раҳмон Раҷабов мусобиқаҳои варзишӣ ташкил гардида, голибон муносиб тақдир мегарданд.
Китобхона низ дар хизмати истироҳаткунандагон аст. Онҳо китобҳои гуногунро мутолиа намуда, дониши худро мустаҳкам менамоянд.

Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 17/07/2017 12:02;   Просмотров: 1380
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку