Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АЗ ШАСТ БА ШАСТИ ДИГАР

Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам,
Қаламкашро ба мақсад мерасонам!

Нашрияи Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти ноҳияи Самарқанд «Гулобод тонги» - «Субҳи Гулобод» ба синну сол аз шасти аввал ба шасти дигар мегузарад. Барои хонотар ҷолибтар ва пурмӯҳтавотар намудани рӯзнома аз муҳаррирони аввал Аҳмадҷон Раҷабов, Насим Нориев, Насриддин Зайниев, Эркин Азаматов, Абдусалом Муҳаммадалиев, Шодӣ Мирмаҳмадов ва сардабири имрӯза шоир Нормурод Каримзода заҳмати зиёде кашидаанд. Ва инак, сӣ сол аст, ки рӯзнома саҳифаи тоҷикӣ низ дорад. Барои манзури хонандагон гардидани ин саҳифа масъулони аввал Зоҳир Ҳасанзода, Аслиддин Қамарзода, Раҳим Мавлонӣ, Нигораи Ислом, Мукаммал Раззоқова, Бахтиёри Ҷумъа ва ҳолиё Дилрабо Насимӣ ҷидду ҷаҳд доранд. Кормандони имрӯзаи рӯзнома Нормуҳаммад Олимов, Тошпӯлод Юсуфов, Хайрулло Ҳамроев, Назифа Рофеева, Азиза Самадова, Бекзод Қодиров, Шоҳида Бердиева газетаро инъикосгари розу ниёзи халқ дониста, барои боз ҳам беҳтар гардидани мазмуну мундариҷа ва сифати он кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Н.ДИЛРАБО


Последнее редактирование: 03/07/2018 15:47;   Просмотров: 1128
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку