Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҚАРОРИ ДИЛНИШИН

Аз рӯзнома Қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон “Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани низоми таълими томактабӣ барои солҳои 2017-2021-ӯм”-ро хонда хурсанд шудам, ки барои таълиму тарбияи насли наврас ҳуҷҷати муҳим ба имзо расидааст. Воқеан, аз 3-6 солагӣ илму дониш додан аҳамияти калон дорад. Таърих гувоҳ, ки аксарияти алломаҳо аз хурд-солӣ бо илмомӯзӣ машғул шудаанд.

Дар китоби устод Садриддин Айнӣ “Мактаби кӯҳна” қайд мешавад, ки адиби номдори мо аз чорсолагӣ барои сабақ гирифтан ба мадраса рафтааст. Ин гуна мисолҳо хеле бисёранд.

Бояд таъкид намуд, ки дар кӯдакистони мо беш аз 200 нафар писаракону духтаракони гузарҳои Хоҷа Аҳрори Валӣ, Сафедӣ, Боғи дароз ва дигар манзилҳо таълиму тарбия мегиранд. Дар атрофи онҳо қариб бист нафар мураббияҳо парвона ҳастанд. Марҳабо Маллаева аз рӯзи таъсисёбии кӯдакистон фаъолият бурда ба наздикӣ ба нафақа рафтанд.

Дар кӯдакистон ҳафт гурӯҳ муқаррарӣ ва як гурӯҳ кӯтоҳмуддат буда, дар хонаҳои шинам, хуш-ҳаво, равшан тарбия гирифта истодаанд. Гурӯҳи томактабӣ арзи вуҷуд дошта, бо асбобу анҷом ва аёниятҳои таълимию услубӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Беш аз бист нафар бачаҳои хушзеҳну зукко хондану навиштан ва забони хориҷиро омӯхта истодаанд. Устоди аввалини онҳо Мастура Раҷабова мебошанд. Фарзандони мо аз сирру асрори мусиқӣ ҳам огоҳ шуда истодаанд. Иҷрои сурудро Баҳора Иброҳимова ва Собир Аҳрор-қулов ёд медиҳанд. Бинобар ҳамин дар тадбирҳои гуногун садои асбобҳои мусиқӣ ва сурудҳои дил-ошӯб танинандоз аст. Фарзандони мо дар мадҳи Ватан, модар, табиат, дониш рақсу суруд иҷро мекунанд.

Хамшираи шафқат Фазилат Абдуллоева аз саломатии онҳо бохабар мебошад. Ошпазҳо Фирӯза Олимова, Гулбаҳор Расулова, Наргиза Исматова таомҳои хушсифату болаззат мепазанд.

Падару модарон аз он навид хурсанд шуданд, ки аз соли равон миқдори аъзобадали волидон дар муассисаҳои таълими томактабии деҳот то 30 фоиз кам карда мешавад. Зеро кӯдакистони мо дар ҳудуди деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ ҷойгир аст.

Хуллас, тадбиқи Барномаи мазкур барои рушди ҳамаҷонибаи зеҳнӣ, ахлоқӣ ва ҷисмонии бачаҳои мо хизмат хоҳад кард. Умед аст, ки қарори номбурдаи роҳбари давлат барои ба камол расидани кӯдакон мисли Ибни Сино, Имом Ал-Бухорӣ, Форобӣ, Ал-Хоразмӣ, Мирзо Улуғбек, Хоҷа Хофиз ва дигарон имконияти хушбахтона аст.

Дар оянда таъмири кӯдакистон ба назар гирифта шудааст. Бояд таъкид намуд, ки агар боз бинои иловагӣ дар ҳудуди мо қад меафрохт, нуран аъло нур мешуд. Зеро талаб ба муассисаҳои томактабӣ хеле калон мебошад.

Фарида САЪДУЛЛОЕВА, мудири муассисаи таълими томактабии “Дилкушо”-и рақами 20-ӯми ноҳия

Аксбардор Баҳодури ЗоҲир

 

 


Дата добавления: 20/01/2017 13:06;   Просмотров: 1542
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку