Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ дар гӯшаи танҳоӣ
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз осоре нест.

Дар муассисаҳои таълимӣ гузаронидани тадбирҳои маънавию адабӣ ба анъана табдил ёфтааст. Яке аз чунин анҷумани хотирнишин дар мактаби рақами 16-уми ноҳия зери шиори «Китоби беҳтарин – хурсандии дилнишин» ба вуқӯъ пайваст. Дар он ғайр аз талабагону омӯзгорон падару модарон, шоиру нависандагон, мухлису дӯстдорони каломи бадеъ ва ҷамоаи «Китоб олами» ширкат варзиданд. Сарвари таълимгоҳ Маъруфҷон Камолов ба анҷуман ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиронро хайра мақдам гуфт.
Дастаи ҳунарии маҳфили бадеии мактаб бо савту сурудҳои дилошӯб табъи меҳмонону мизбононро болида сохтанд.
- Камина 60 сол қабл ба синфи якуми мактаби мазкур қадам ниҳода, номаи камол гирифтам, - гуфт депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳия, сардабири рӯзномаи «Гулобод тонги», шоири зуллисонайн Нормурод Каримзода. – чӣ ҷои руст кардан аст, он айём асарҳои бонуфуз камёб буданд. Мо хонандагони ташналаби адабиёт бо душворӣ китобҳои заруриро пайдо карда, мутолиа менамудем. Шукри худо, ки бо ташаббус ва ғамхории сарвари давлатамон барои чоп ва паҳн шудани асарҳои адибони муосиру хориҷӣ имкониятҳои беназир ба вуҷуд омад.
- Ман ҳам хатмкунандаи ҳамин мактаб ҳастам, - риштаи суханро ба даст гирифт хабарнигори «Овози тоҷик» Зоҳир Ҳасанзода. – таҳсил соф тоҷикӣ буд ва боиси хурсандист, ки бо заҳмати устодони дилсӯзу соҳибтаҷриба як зумра адибони номдори тоҷик аз остонаи мактаб «паррончак» шуданд. Адибони соҳибзавқ Бердӣ Ҳамроев, Шодон Ҳаниф, Шодиқул Ҳамроқулов, Хуршед Қамар, Ҳаёт Неъмат, Адаш Истад, Бахтиёри Ҷумъа, Мирсафо Камолӣ ва дигарон собиқ хатмкунанда ҳастанд. Аммо сад афсӯс, ки ҳоло муаллимон ва шогирдон тоҷиканд, аммо таълиму таҳсил ба забони модарӣ нест. Охир «Ҳар кӣ ба забони худ сухандон гардад, омӯхтани сад забон осон гардад» гуфтаанд. Акнун «забон дигару дил дигар» будан ба мо намезебад.
- Аз шӯҳрату нуфузи шумо хабардорам, - барафзуд директори маҷмӯаи «Олами китоб»-и Самарқанд, шоири хушбаён Хуршед Нуруллоҳ, - аммо аз падару модари як ҳазору 200 нафар хонанда ҳамагӣ 50-60 нафар вакил омаданаш боиси тааҷҷуб аст. Мо дар ноҳияҳои Тайлоқ, Нуробод, Иштихон, Ургут, шаҳри Самарқанд ва дигар манзилҳо дар тадбирҳо иштирок кардем, ки шоҳиди ҷамъулҷамъ гардидани мардуми бисёр будем. Магар дар деҳаҳои Ӯрташайх ва Кӯи Сахо ба китобхонӣ шавқу завқ надоранд?
Сипас, бозори китоб авҷ гирифт. Волидайну хонандагон ба миқдори ду миллион сӯм китобҳои ба забони ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ чопшударо харид карданд.
- Тадбир ниҳоят хотирнишин гузашт, - бо ҳисси қаноатмандӣ иттилоъ дод ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ Фарида Аҳмадова. – Акнун барои шогирдони мактаб имконияти хуб фаро расид, ки вақти худро бо мутолиаи китобҳо гузаронанд. Зеро аз телефону интернетбозӣ ҳеҷ хел фоида нест. Бузургон насиҳат кардаанд:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Рухшонаи БАХТИЁР, толибилми мактаби рақами 10


Дата добавления: 27/04/2018 10:43;   Просмотров: 1160
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку