Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҲАМА ГУЛ, ҲАМА ТАРОНА...

Зиёда аз даҳ сол боз бо ташаббуси сарвари Хона-музейи Ориф Гулхании Самарқандӣ, марди саҳнаи сиёсату маърифат Муқимҷон Орифӣ аксияи хайрандешӣ ва ободонии «Самарқандро гулпӯш мекунем 1+10» доир мегардад.

Аз рӯи он аз Боғи Гулханӣ ҳар сол ҳазорҳо адад гултубак, қаламча, ниҳолак ва тухмиҳо ба садҳо мактабу кӯдакистон, корхонаву бемористон, идораҳои давлативу ҷамоатӣ ҳадя гардид.
Масъулони хона-музей ба қарибӣ панҷ ҳазор гулҳои гуногунро ба ҷамоаи устодон ва хонандагони мактаби рақами 39-и маҳаллаи Андиҷонӣ бахшиданд.
Ба ин муносибат дар толори мактаб тадбири «Гул – рамзи зебоӣ» баргузор гардид.
Онро Аълочии таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, муаллими пешбари мактаби мазкур, сарояндаи мардумӣ Мансурҷон Норов ифтитоҳ бахшида, сарварии гулбазмро ба муаллима Дилсоро Зиёева супурда гуфт, ки мо ҳама тақдимоти гулҳои Муқимҷонакаи мӯътабарро бо таронаҳои шогирдонамон оғоз менамоем.
Ва шогирдони адабу санъатдӯсти мактаб Санҷар Раҳматуллоев, Руҳангез Муҳиддинова, Азиза Аҳророва, Асолат Болтаева, Шаҳзода Тӯрақулова, Марҷона Ҳайдарова, Аниса Раҳмонова, Паризода Рафиқова. Сарвиноз ва Моҳина Раббимова дар васфи дӯстӣ, гул ва табиат шеъру таронаҳо иҷро намуданд.
Дар боби тадбири мазкур ва гулборонии Боғи Гулханӣ сармуҳаррири рӯзномаи «Гулобод тонги», шоир Нормурод Каримзода, собиқадорони маориф ва матбуот, эҷодкорон Ӯлмас Саъдӣ Ёқубзода, Толиб Юнусзода, раиси маҳаллаи Андиҷонӣ Масеҳҷон Собиров ва дигарон суханҳои нек ва хотирмон гуфтанд.
Баромади Муқимҷон Орифӣ басо пандомез ва муфид буд. Ӯ бо хонандагон суолу ҷавобҳо намуд.
Дар охир директори мактаб Шерзод Абулхайров меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба аҳли Боғи Гулханӣ ташаккур изҳор кард.

О.ҲАМИДЗОДА


Последнее редактирование: 18/05/2018 15:05;   Просмотров: 1176
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку