Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

90 СОЛИ ПУРШАРАФИ МАКТАБИ ДЕҲНАВ

Мактаби таҳсилотиаш ҳамагонии рақами 22-и ноҳияи Са-марқанд таърихи 90-сола дорад. Шогирдони ин дабистон аз деҳқону боғбонҳои пурҳунару пурсахо то дараҷаи олиму фузало, роҳбарони давлативу ҷамъиятӣ расидаанд.

Маъмурияти мактаби мазкур ҳамҷоя бо кумитаи ибтидоии иттифоқҳои касаба ва раёсати падару модарон тадбири ибратангезеро бо номи “Вохӯрии се авлод” гузарониданд.
Сӯҳбати мо бо директори мактаб Моҳчеҳра Сатторова дар атрофи таърихи шарафбор ва шогирдони шӯҳратёр, инчунин моҳияти тадбири “Вохӯрии се авлод” сурат гирифт.
– Муаллима, пас аз як моҳ занги охир садо медиҳад ва аз роҳбарии шумо дар ин мактаб як сол паси сар мешавад. Чӣ тавр, бори масъулияти мудирӣ гаронӣ накард. Дар соли аввал ба кадом натиҷаҳои дилписанд расидед?
– Агарчӣ дар соҳаи маорифи халқ собиқаи зиёда аз бистсола дорам, ба вазифаҳои мудири қисми илмӣ, ҷонишини директор доир ба маънавият кор кардам. Вале бори сарварӣ на ба ҳама будааст. Шукр, дар атрофам муаллимони пешқадам М.Маннонова, М.Раҷабова, М.Мустафоева ва дигарон ҳастанд, ки ҳар як ғояву ташаббуси маро дастгирӣ менамоянд. Бо маслиҳату услуби мудири шӯъбаи ташкил ва таъмини услубии муассисаҳои таълими халқи ноҳия Комил Тоҳиров, ҷонишини мудир Баҳриддин Мардонов корбарӣ менамоем.
Дар олимпиадаи вилоятӣ байни хонандагони синфи 9 аз фанни биология Шаҳриёр Давронов ҷойи саввумро ишғол намуд. Дар озмуни вилоятии “Мудири кабинети беҳтарини фан” омӯзгори фанни биологияи мактабамон Гулҷаҳон Тошпӯлодоваро ба ҷойи аввал лойиқ донистанд. Дар ҳамин озмун муаллимаи фанни физика Хайринисо Содиқова ҷойи дуюмро ба даст овард. Соли гузашта омӯзгори фанни забон ва адабиёти ӯзбек Азиза Зокирова дар озмуни ҷумҳуриятии иншоҳо “Маърифат бар зидди ҷаҳолат” фаъолона иштирок кард. Дар соҳаи варзиш низ муваффақиятҳо дорем. Дар бозии теннис дар вилоят Санҷар Саъдуллоев дастболо гардид. Варзишгарони наврас Достон Рустамов, Азамат Ҳакимов, Назир Дӯстиев, Муродбек Мамадмуродов бо бозии теннис дар ноҳияҳои Пастдарғам, Ургут ва Шаҳрисабз шуда, ҷойи дуввумро соҳиб гардиданд.
– Дар замири ҳар як муваффақият меҳнат ниҳон аст. Ба фикрам, дар мактаб маҳфилҳо фаъолияти хуб доранд. Зеро дар маҳфил истеъдоди ноаёни хонандагон кашф гарида, сайқал меёбад.
– Дуруст гуфтед. Дар мактабамон 24-то маҳфили фаннӣ фаъолият мебарад. Инчунин маҳфилҳои теннис, дзюдо, баскетбол, футбол, шоҳмот, шашка, дӯзандагӣ, рассомӣ, фолклор, эҷодкори ҷавон ташкил шудааст. Дар маҳфилҳо хонандагон вақти холии худро пурсамар мегузаронанд ва асрори ҳунар меомӯзанд.
Алҳол дар мактаб 57 нафар омӯзгор ба 773 нафар хонанда сабақ медиҳад. Умед дорем, ки шогирдонамон ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба камол расида, баҳри равнақи он саҳми муносиб мегузоранд.
– Мактаби рақами 22 яке аз мактабҳои номдори ноҳия ба шумор меравад. Дар ин маскан фарзандони шарафманди ватанамон сабақи аввалинро омӯхтаанд. Дар арафаи ҷашни 90-солагии мактаб гузаронидани вохӯрии се авлод иқдоми нек аст.
– Пеш аз гузаронидани тадбир мо дар толори мактаб гӯшаҳои махсуси “Таърихи мактаб”, “Ифтихорони мо”, “Директорони мактаб”, “Хатмкардагони мактаб”, “Дирӯз ва имрӯзи мактаб”-ро ташкил намудем. Он рӯз 55 нафар нафақахӯрон ба мактаб ташриф оварданд. Давраи мактабхонии худро нақл намуданд. Вохӯрӣ хотирмон ва ҳаяҷоновар шуд. Шогирдони мактаб дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд. Дар вохӯрӣ профессорон, вакилони ҳокимият, андоз, шӯъбаи корҳои дохилӣ, директорони мактабҳои рақамҳои 47 ва 29, ки шогирдони мактабанд, иштирок доштанд.
– Дар давоми 90 сол киҳо вазифаи сарварии таълимгоҳро бар дӯш доштанд?
– Бо ёриву маслиҳати собиқ директори мактаб Ш.Нӯъмонов дар ин бора маълумотро ҷамъ намудем. Мувофиқи он мактаб соли 1927 дар назди масҷиди Қамчинон дар хонаву даҳлези яке аз сокинони ин маскан ташкил гардид. Ҳаждаҳ нафар шогирдони синну солашон гуногун ҳамон сол савод бароварданд. Ягудаев аввалин директори мактаб буд. Сипас, Ахмедов, Пӯлодова, Ӯзбеков, Раззоқов, Нӯъмонов, Носирова вазифаи сарварии мактабро адо намуданд. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар вақти ба майдони муҳориба рафтани мардҳо зане ин вазифаи пурмасъулият ва бошарафро мардонавор адо намудааст, аммо ному насаби ӯро наёфтем. Ҳуҷҷатҳо дар архив 70 сол нигоҳ дошта мешудааст. Ба ҳар ҳол ба он устод ва наздикони ӯ миннатдории хешро изҳор медорем. Ҳар яки онҳо асосгузору бунёдгари имрӯзанд. Дар оянда мо корҳои неку ибратбахши онҳоро давом хоҳем дод.

Мусоҳиб
Дилрабо НАСИМӢ


Дата добавления: 21/04/2017 11:49;   Просмотров: 1385
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку