Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

САРИ БАЛАНДИ ПАҲЛАВОНОН

Солҳои Истиқлол дар ҳамаи соҳаҳо дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад. Бахусус, ба соҳаи варзиш эътибори ҷудогона зоҳир гардид. Барои бо варзиш машғул будани ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайёст. Чӣ тавре, ки Президенти мамлакатамон мӯҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев таъкид менамояд:

"Варзиш воситаи муҳими тарбияи насли наврас ба шумор меравад".
Имрӯзҳо ҳатто дар деҳаҳои дурдаст низ толорҳо ва майдончаҳои замонавии варзишӣ бунёд мешаванд, ки аз ғамхории Президент ва давлатамон нисбати солимгардонӣ ва тарбияи рӯҳиву ҷисмонии насли наврас далолат медиҳад.
"Ҳеҷ чиз мамлакатро чун спорт ва санъат ба дунё машҳур карда наметавонад" фармуда буд Президенти Аввалини Ӯзбекистон, Арбоби намоёни саҳнаи сиёсати ҷаҳон, шодравон Ислом Абдуғаниевич Каримов. Дар хотир дорем, ки чанд рӯзакак қабл аз вафоташ низ Аввалин сарвари давлатамон аз ғалабаи варзишгарони Ӯзбекистон шод гашта, ифтихорманд шуда буд.
Барҳақ, спорт воситаест, ки бо худ дилу дидаи халқ, аз аҳолии оддии мамлакат то сарвари давлатро дар майдонҳову саҳнаҳои варзишӣ мебарад. Ҷавонон то аз мусобиқа баргаштани футболбоз, муштзан, каратэчӣ, гӯштингир ва ғайра назди радиову телевизион ба гӯшу ҳуш табдил меёбанд. Гурӯҳе ҳатто барои дастгирии маънавии варзишгаронамон аз ҳисоби худ бо нархҳои гарон чипта харида, бо ҳавопаймо ба мусобиқаҳои байналхалқӣ ва ҷаҳонӣ мераванд. Пиронамон дуо мекунанд, ки паҳлавонони ватан ҳамеша дастболо бошанд. Камарбандро мустаҳкамтар баста, бо зафар ва ору номуси баланд, бо чор ишкели буд назди падару модарони худ оянд.
Самараи ин эътибори махсуси сарвари давлат, ҳукумат ва қадршиносии халқ аст, ки варзишгаронамон ба марраҳои мурод расида, моро шод мегардонанд.
Рӯзҳои 8-22-юми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Бангкоки давлати Тайланд аз рӯйи намуди варзиши муай-тай мусобиқаи чемпионати XVI -и ҷаҳон баргузор гардид. Боиси ифтихор аст, ки дар он аз маҳаллаи Янгиободи ноҳияи Самарқанд Фаррух Аброрович Ғаффуров, Шавҳрӯз Шералиевич Ҷӯраев, Шероз Шавкатович Холмирзоев, Шаҳриёр Шералиевич Ҷӯраев ҷойи аввалро, Алишер Низомқулович Худойқулов (аз маҳаллаи Ӯзбеккенти) ҷойи дуюмро ва Достон Рустамович Рӯзиев (аз маҳаллаи Янгиобод) ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Мо бо чунин фарзандони паҳлавонони сарбаланди ноҳияамон ифтихор менамоем. Зафари варзишӣ барояшон муборак бод!

Дилрабо НАСИМӢ


Дата добавления: 19/04/2019 12:23;   Просмотров: 903
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку