Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

РОҲИ ВЕЛОСИПЕДГАРД ЗАРУР

Шаҳри Самарқанди бостонӣ яке аз шаҳрҳои наздикӯҳии ватанамон мебошад. Бе сабаб нест, ки дар байни маркази вилоятҳо Самарқанд шаҳри баландтарин аз сатҳи баҳр (қариб 700 метр) мебошад. Шаҳри мо дар қисми миёнаи водии Зарафшон дар байни қаторкӯҳҳои Зарафшон ва Туркистон ҷойгир шудааст. Дар гирду атрофи дуру наздики шаҳр, шаҳру деҳаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии Ургут, Камонгарон, Ғӯс, Илонсой , Оҳалик , Миронқул, Оқсой ва ғайра ҷойгир шудааст. Дар атроф ва ҳудуди ин шаҳру деҳаҳо хонаҳои истироҳат, санатория ва оромгоҳҳо барои бачагон ташкил карда шудааст.

Ҳар сол шаҳри моро ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ва маҳаллӣ зиёрат мекунанд. Як қисми сайёҳон баъди зиёрати ёдгориҳои таърихии шаҳр хоҳиши тамошои кӯҳистони атрофи шаҳр мекунанд. Хусусан, ба онҳо зиёрати кӯҳистони ноҳияҳои Ургут ва Самарқанд шавқи зиёде мебахшад. Лекин қисми асосии сайёҳон баъди тамошои шаҳри Самарқанд сафари худро дар вилояти мо идома медиҳанд.
Чӣ бояд кард, ки сайёҳони хориҷӣ ва дохилиро барои сафари худро давом додан баъди зиёрати шаҳр боз ба тамошои кӯҳистони атрофи шаҳри бостониамон даъват кунем. Барои ин ба Шумо ҳам фикри ташкил кардани роҳи велосипедгарди махсус аз шаҳри Самарқанд то кӯҳистони наздиктарини атрофи шаҳр пайдо шуда бошад, тааҷҷуб намекунам.
Хонандагони калонсоли сокини шаҳр ва ноҳия эҳтимол дар ёд дошта бошанд, ки дар солҳои охири асри гузашта ҷавонон, хусусан ҷавонони русизабон бо велосипеди махсуси спортӣ аз шаҳр то деҳаи Оҳалик (10-12 км аз сарҳади шаҳр) сафар мекарданд. Ҳоло ин кор аз сабаби зиёд шудани автомобилҳои шахсӣ имконнопазир аст. Аз тарафи дигар деҳаи Оҳалик ва гирду атрофи он ҳоло хеле сераҳолӣ шудааст.
Бинобар ҳамин, ба ҳамфикр шуданатон барои ташкил кардани роҳи махсуси велосипедгард аз шаҳр то деҳаи Миронқул (тахминан 20 км аз шаҳр) умед мекунам. Харитаи аниқи маршрути ин роҳро пешниҳод карда наметавонам. Лекин хатсайр агар аз массиви Сартепаи шаҳри Самарқанд то ягон мавзеи хушманзараи атрофи деҳаи Миронқул шавад, умед мекунам, ки бад намешуд. Роҳи мазкури таклифшуда бояд барои ҳаракати сайёҳони пиёдагард, велосипедсавор ва фойтунсавор (аспаробаи махсус) сохта шавад. Ин роҳ бояд аз ҳудудҳои хушманзара вале камаҳолии ноҳия гузарад. Дар оянда ҳам дар атрофи ин роҳ ҳавлию ҷойи аҳолӣ, дӯкону ошхонаҳои барзиёд ва объектҳои саноатӣ то ҳадди имкон сохта нашавад, ки намуди экзотикии ин роҳро вайрон мекунад. Агар бурида гузаштани ин роҳ аз ягон ҷойи сераҳолӣ ё дигар объектҳо имконнопазир бошад бояд бо дарахтони хушманзараи ду тарафи роҳ ин ҷойҳоро то ҳадди имкон нонамоён кардан лозим аст. (Дар бораи дарахтҳо дар поин боз гуфта мегузарам.) Агар роҳро ягон кӯчаи калони автомобилгард (масалан, кӯчаи Самарқанд-Қаршӣ) бурида гузарад, дар зери ин кӯча бояд туннели махсус сохта шавад. Дар ин туннел кафеи хурдакак, дӯкони яхмос ва нӯшокиҳои ташнагишикан, дӯкони таъмири велосипед ва ҳоҷатхона бояд бошад. (Яъне бо як тир чанд сайдро мезанем). Қад-қади ин роҳ фермерҳо дар дӯкони тахтагини хурдакаки худ (дӯкони калони замонавӣ намуди экзотикии ин роҳро вайрон мекунад) хоҳанд меваву сабзавоти тару тозаи экологии худро ба сайёҳон фурӯшанд. Аз ду тарафи ин роҳи ҳамвори сангфарш бояд дуқатора дарахт шинонида шавад. Пас аз ин роҳи мазкур ба хиёбони сояву салқин аз шаҳр то худи атрофи деҳаи Миронқул мубаддал мегашт. Байни дарахтҳои дуқатора бошад аз ду тараф ба роҳи махсуси пиёдагард мубаддал мегашт. Дар баъзе ҷойҳо агар ин роҳ аз байни токзор ва анорзорҳои хушманзара гузарад, мо метавонем ба ду тарафи ин роҳ дарахт шинонем.
Хуб, дар ду тарафи ин роҳ бояд чигуна дарахтҳо шинонида шавад. Дар ин ҷо ҳамчун хиёбонҳои шаҳр (масалан, Хиёбони Университет) дарахтҳои хушманзара, вале бемева шинонидан лозим нест. Мо бояд дарахтҳои ҳам меванок ва ҳам манзаравию серсояи навъҳои маҳаллӣ шинонем. Ба инҳо дарахтони зардолу, чормағз, тут, шоҳтут, хурмо ва ҷигида мисол шуда метавонад. (Дар байни дарахтони сабз ҷигида хеле зебо менамояд). Ин дарахтон ба назари сайёҳони хориҷӣ ҳам аҷибтар менамуд.
Ва ниҳоят дар охири манзил (Миронқул) барои истироҳати сайёҳон ҳавзи заминӣ (бе истифодаи бетон, мармар ё кафел) ки дар он об зулолу пок меистад, сохта шавад. Агар имконият дошта бошад, ба тарзи доими аз як тараф оби ҷӯй дарояд ва аз тарафи дигар берун ҷорӣ шавад. Гирдогирди ин ҳавз фаввораҳо обпошӣ кунанд. Дар атрофи ин ҳавз дарахтони манзаравии навъҳои маҳаллӣ ба мисли чанор, арчаи кӯҳӣ, сада, бед, сафедор шинонида шуданаш ба мақсад мувофиқ. Боз дар ин ҷо чойхона, ошхона, нонвойхона, самбӯсахона, яхмосхона ва баъзе дӯконҳо сохта шавад. Барои он ки намуди экзотикии ин мавзеъ вайрон нашавад, ҳамаи ин иморатҳо бояд аввало якқабата ва баъд намуди зоҳириашон ба архитектураи миллӣ мос сохта шуданаш даркор. Дар ошхонаҳо бояд палави Самарқанд, шӯрбои Самарқанд, сихкабоб, танӯркабоб, самбӯса ва дигар таомҳои миллӣ пухта шавад. Агар обу ҳаво имконият диҳад, деги палавро бояд бевосита дар берун гузошта палав дар пеши назари сайёҳони хориҷӣ тайёр карда шавад. Меҳмонони Тошкент ва водии Фарғона мехоҳанд худашон оши палав пухта истеъмол кунанд. Барои онҳо дар чойхона бояд ҷойи махсус бо дегу табақаш ташкил кардан лозим аст. Дар нонвойхонаҳо бояд нони машҳури Самарқанд: нони чапчак, фатир, нони гӯштӣ ва ғайра тайёр карда шавад.
Боз дар атрофи ҳавз суфаҳои махсус ва тахтакатҳо, ки дар болояшон хонтахта гузошта шудааст ва кӯрпачаҳо андохта шудааст, бояд ташкил карда шавад. Барои хоҳишмандон боз стол ва стул гузоштан лозим. Дигар дар ҷойҳои холии ин мавзеъ гулзорҳои зебо барпо кардан лозим аст. Атрофи ҳавз майдони хокии сахтзамин шавад, беҳтар аст. Зеро замини хокии оддӣ аввало намуди экзотикӣ дорад ва баъди рӯфта об задан ниҳоят сояву салқин мешавад.
Боз дуртар аз ин ҷой ҳавзҳои оббозии мардонаи замонавӣ (бассейн) сохта шавад. Атрофи ин бассейн бояд бо девори сабз нонамоён карда шавад. Дар ин бассейн ҳам об аз як тараф дохил шуда аз тарафи дигар ҷорӣ шавад, хуб мешуд.
Ҳам дар аввали роҳ (Самарқанд) ва ҳам дар охири он (Миронқул) пунктҳои прокат ва таъмири велосипед сохта шавад. Аз велосипедронҳо барои истифодаи ин роҳ бояд музди махсус гирифта шавад. Зеро ҳамаи ин корҳо харҷи зиёдеро талаб менамояд. Боз барои сайёҳони калонсол ва зану духтарон, ки велосипед намеронанд, аробаҳои махсус, яъне фойтунҳо бояд равуо намоянд.
Агар таклифҳои гуфташуда ба амал ояд, аввало барои саломатии халқи мо аҳамияти калоне дорад. Дуюм, ба равнақи туризм сабаб мешавад, ки ба воридоти валютаи хориҷӣ оварда мерасонад.
Сеюм, ҷавонони ҳамватан бо кори хуб таъмин мешаванд.
Инчунин, маскани истироҳатӣ барои ҳамватанон ва меҳмонони хориҷӣ мешуд.

Рустам ВАФОЕВ,
сокини маҳаллаи
Сулфакабутак.


Дата добавления: 26/11/2021 11:49;   Просмотров: 445
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку