Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ТАКЛИФҲОИ ХОЛИСОНА

Дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони Даштаки боло 17 маҳалла ҷойгир аст. Дар онҳо беш аз 47 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ ба сар мебарад. Дар урфият мегӯянд, ки барои як сар мурғ низ ҳам об ҳам дон зарур аст.

Хӯш, чӣ бояд кард, ки мардум боз ҳам беҳтару хубтар ва бидуни камбудиҳо ҳаёт ба сар баранд?

Вохӯрии ҷонишини аввалини ҳокими ноҳия Файзиддин Норов бо фаъолони деҳаҳо ба ҳамин масъала бахшида шуд.

Ҳозирон барои дастгирӣ ва кӯмаки Президент Шавкат Мирзиёев ба тадбиркорону соҳибкорон арзи сипос намуда чанд муаммоҳои сарбастаро гузоштанд. Сокини гузари Қамчинон Юнус Набиев масъалаи мумфарш кардани роҳ ва беҳтар намудани оби нӯшокиро ба миён гузошт. Ҷонсӯзи варзиш Баҳодур Ҷабборов дар гузари Ангаралмос сохтани майдони варзиш ва теннисро талаб кард. Абдуҳамид Абдуазизов муаммои таъминот бо  балонҳои газ ва тез-тез хомӯш шудани қувваи барқро ошкор сохт. Инчунин ҳозирон масъалаи зарурияти бо ҳашт намуди хӯрокворӣ таъмин кардани аҳолӣ аз ҷониби ҷамоати саҳҳомии “Гулобод нур      омад”ро гузоштанд. Таъкид гардид, ки дар ҳар дӯконҳои савдо нарху наво ҳар хел аст. Онҳоро кӣ назорат мекунад?

Инчунин дигар гуна масъалаҳо низ баррасӣ шуд.

Раиси ҷамоати шаҳарвандони Даштаки боло Зокирҷон Давронов ба ҳокимияти ноҳия ва роҳбарони идораҳои  дахлдор барои шунидани арзи мардум ва кӯмак барои ҳалли масъалаҳо миннатдорӣ кард.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА

 

 

 

 


Дата добавления: 27/01/2017 15:15;   Просмотров: 1658
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку