Дар ҳавзаҳои интихоботӣ тайёрӣ ба интихоботи номзад ба Президентии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар авҷ аст. Аз панҷ партияи сиёсӣ номзадҳо низ пешниҳод гардиданд.
Дар ҳавзаи интихоботии 829, ки дар бинои мактаби рақами 17 ҷойгир аст, аҳолии маҳаллаи Гулбоғ ва як қисми аҳолии маҳаллаи Сулфакабутак овоз медиҳанд. Дар толори мактаби мазкур барои овоздиҳии зиёда аз се ҳазор нафар овоздиҳанда шароит муҳайё аст.
Барои шаффоф ва бо риояи талаботи қоидаҳои карантинӣ гузаштани интихобот бо масъулони соҳа семинарҳо ташкил мегардад.
- Имсол дар ҳавзаи интихоботии мо зиёда аз сад нафар ҷавон бори аввал овоз медиҳад, - иброз дошт раиси ҳавзаи интихоботӣ Эътибор Ҷӯрақулова. - Бо онҳо дар алоҳидагӣ корбарӣ менамоем. Дар толор кабинаҳои махсус ҷойгир карда шуданд. Ҳоло 13 нафар аъзои комиссияи интихоботӣ аз паи ташкили дурусти равандҳои интихобот кор мебаранд.
Н.ДИЛРАБО
Copyright © 2024. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.