Дар маърӯзаи таҳлилӣ ва танқидии Президенти мӯҳтарами мо Шавкат Мирзиёев дар маҷлиси васеи Девони Вазирон ба зиммаи идораҳои ҳуқуқу тартибот низ як қатор вазифаҳои таъхирнопазир гузошта шуд.
Аз ҷумла, чораву тадбир-ҳои фароҳам овардани муҳити тинҷиву ҳурмати байниҳамдигарии аҳолӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, вайроншавии оилаҳо, ҳифзи ҷавонон аз таъсири ҷараёнҳои гуногун - экстремизми динӣ, нашъамандӣ, терроризм ва дигар ҳолатҳои нохуш аст.
Дар ҳудуди минтақаи профилактикаи рақами 259-уми такягоҳи идораи корҳои дохилии ноҳия 24 ҳазору 260 нафар аҳолӣ дар 4 ҳазору 161 хонадон зиндагӣ ба сар мебаранд. Аз онҳо як ҳазору 622 нафар дар хориҷа ҳастанд. Афсӯс, ки баъзе шаҳрвандоне, ки худашон ба мамлакатҳои хориҷӣ рафтаанд, фарзандонашон беназорат монда, ба ҳар гуна ҷиноят даст мезананд. Нозирони профилактикаи участкаи мо маҳз бо чунин наврасони бепарастор ва шахсоне, ки аз коллонияҳои ҷазо баргаштаанд, кор мебаранд. Ғайр аз он қариб ҳар рӯз ҳамаи гузарҳои қаламрави худро давр зада кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҷиноят рух надиҳад Дар мактабҳо низ дарсҳои тарбиявӣ ташкил кардем. Дар ин корҳо хизмати ҳамкасбони ман Рустам Абдуллоев, Ҷасур Илёсов ва посбонони халқӣ хеле калон аст.
Ба қайд гирифтан лозим аст, ки дар иҷрои талаботи Дастури “Соли мулоқот бо халқ ва манфиатҳои инсон” қариб ба ҳар як хонадон ташриф оварда, тарзи зиндагӣ, дараҷаи шуғли аъзоёни оила, тарбияи фарзанд ва дигар гуна масъалаҳоро омӯхта, барои бартараф сохтани муаммоҳо дар чорчӯбаи Қонуну қоида кӯмак медиҳем.
Зеро мақсад тинҷй ва осоиштагии аҳолӣ аст.
Майёр Олимҷон АҲМАДҶОНОВ, сардори участкаи профилактикаи рақами 259-уми садорати корҳои дохилии ноҳия, деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ
Copyright © 2024. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.