Ба қарибӣ халқи Ӯзбекистон ҷашни фархундаю хуҷаста – 25-умин солгарди Қонуни асосӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсози худ – Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурияти Ӯзбекистонро бо як фараҳу шодӣ таҷлил мекунад.
Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад.
Конститутсия аз истилоҳи лотинӣ “constitutio” гирифта шуда, маънои муқарраркунӣ ё тасдиқкуниро дорад. Конститутсия ин шакли ифодаи иродаи мардум ва воситаи амалисозиву кафолати ин ирода мебошад. Ин ҳуҷҷатест, ки дар он иродаи мардум, принсипҳо ва меъёрҳои асосии ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ муқаррар мегардад. Дар таърихи кишвари мо ҳамагӣ панҷ маротиба Конститутсия қабул гардидааст, ки ҳар яки он марҳалаи нави инкишофи давлат ва ҷомеаро муайян мекард. Қабули Конститутсия агар, аз як тараф, дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар, татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Ӯзбекистони соҳибистиқлол аз конститутсияҳои қаблӣ фарқи куллӣ дорад. Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқта озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Ӯзбекистон аст. Дар ин рӯзҳои пур аз шодиву сурури таҷлили ҷашни 25-умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ёдовар шудан аз саъю талошҳои созандаи Сарвари давлат ҷиҳати таҳия ва қабули қонуни Асосии кишвар басо муҳим аст.
Дар рафти таҳлили лоиҳа Президенти Аввалини Ӯзбекистон, Арбоби намоёни сиёсати ҷаҳон шодравон Ислом Каримов доир ба такмили он пешниҳодҳои зерин ба миён оварданд:
-номи қонуни асосӣ-Конститутсия (Сарқонун) номида шавад;
-Дар Сарқонун иродаи халқ ҳамчун асоси қабули Сарқонун ва таъсиси давлати нави Ӯзбекистон эълон шудааст;
-Таъкид меёбад, ки аввалин маротиба дар таърихи сиёсии кишвар лоиҳаи Конститутсия масъулияти давлатро дар назди ҷамъият ва шаҳрванд пешбинӣ мекунад ва ба ҳамин тартиб афзалияти ҳифзи ҳуқуқи инсонро сабт менамояд. Дар рафти баррасӣ Сарвари давлат доир ба дигар нуктаҳои Сарқонун, аз ҷумла ҳолати душаҳрвандӣ, баробарҳуқуқии марду зан, дахлнопазирии инсон, шакли идоракунӣ, сохтори давлат, принсипҳои ташкили мақомоти олии давлат, таъсиси ҳукумат, мақомоти додгоҳ ва дигар масъалаҳои умда андешаҳои бунёдӣ баён намуданд, ки дар такмили лоиҳаи Сарқонун аҳамияти бузурги таърихӣ доштанд. Сарқонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, ки 8-уми декабри соли 1992 бо овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардид, барои ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузошта, роҳи минбаъдаи рушди ҷомеаи кишварро дар ҷодаи эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ муайян кард.
Ислом Каримов дар суханронии хеш роҷеъ ба аҳамияти таърихии Конститутсия чунин ибрози ақида кардаанд: “Муҳимтар аз ҳама Конститутсияи нахустини Ӯзбекистони соҳибистиқлол имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчунин субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем”. Мақсади мардуми кишвар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ аст. Дар ин замина бояд:
Якум, дар ҷаҳони муосир сохти демократӣ ва дунявии давлатдорӣ ба суботи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёт мусоидат кардааст. Ӯзбекистон низ бунёди чунин давлатро бо назардошти арзишҳои миллӣ мақсади асосӣ қарор додааст.
Дуввум, дар асоси ҳамин принсип Ӯзбекистон давлате бунёд мекунад, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, зиндагии шоистаи онҳо дар заминаи арзишҳо ва суннатҳои миллӣ таъмин гардад.
Саввум, нисбати принсипи давлати иҷтимоӣ зикр мегардад, ки давлат бояд ба ҷомеа ва одамон хизмат карда, барои беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам оварад. Дар заминаи ин арзиш имрӯз тамоми тадбирҳои ҳукумат барои беҳбудии рӯзгори мардум равона гаштааст.
Чорум, рукни муҳими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ мебошад. Дар заминаи Сарқонун ҳаёти ҷамъият дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Ин принсип аз хусусияти демократии давлат ва озодии шахс бармеояд.
Панҷум, Конститутсия ормон ва андешаи дунявии мардуми Ӯзбекистонро ифода намудааст. Дар асоси он ташкилотҳои динӣ дар асоси принсипи озодӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ танҳо барои қонеъ сохтани эҳтиёҷоти диниашон таъсис дода мешавад.
Конститутсия тартиботи асосии ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа буда, аз ҷиҳати мазмуни худ қонуни асосии мамлакат мебошад. Вай поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Ӯзбекистон буда, системаи принсипҳои асосии бунёди давлат дар боби аввали Конститутсия асосҳои сохтории он муқаррар шудааст. Он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву идеологӣ ва соҳаи байналхалқиро дар бар мегирад.
Абдуҷаббор УМАРОВ, иҷрокунандаи вазифаи раиси
Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Самарқанд
Copyright © 2024. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.