Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЭЪТИБОР БА ҶАВОНОНУ БОНУВОН

Ҷамъомади видеоселектории Президенти Ҷумҳурияти Ёзбекистон Шавкат Мирзиёевро, ки доир ба муҳокимаи чораҳои баландбардории мавқеи бонувону ҷавонон дар ҷамъият ва таъмини шуғли онҳо буд, бо шавқу ҳаяҷон гҒш кардам.

Дарҳақиқат, бонувон ва ҷавонон қисми калони аҳолӣ буда, аксарияти масъалаҳои иҷтимоӣ низ ба онҳо вобаста аст.
Солҳои охир бино ба ҳамин самт дар Ёзбекистон сохтори вертикалие офарида шуд, ки сиёсати давлатиро то дараҷаи маҳалла пеш мебарад. Оиди масъалаҳои занону духтарон дар ҳар як маҳалла алоҳида ҷонишини раис, дар ноҳия - ҷонишини сардори шҒъбаи маҳалла ва оила ва 2 нафар мутахассиси он, дар вилоят бошад то 8 нафар воҳиди штатӣ дода шуд.
Ғайр аз ин, барои ҳалли масъалаҳои ҷавонон Қабулхонаҳои халқи Президент, ба ҳалли масъалаҳои занону духтарон бошад, иттиҳодияҳои касабавӣ вобаста гардиданд.
Мисли ҳамин дар доираи ҳар маҳалла, ноҳия, шаҳр ва вилоят "дафтари ҷавонон" ва "дафтари бонувон" ташкил меёбад. Ин рҒйихатҳо аз "дафтари оҳанин" алоҳида мешаванд. Ба он ҷавонон ва занону духтарони бекор, ки ба дастгирии иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, психологӣ эҳтиёҷманд буда, ба дониш ва касбомҒзӣ иштиёқ доранд, дохил карда мешаванд. Дар натиҷаи ҳамин бо онҳо корҳои муттасил ва манзилнок ба роҳ гузошта мешавад.
Эътибор нисбати бонувону ҷавонон боз ҳам пурзҒр гардид. Минбаъд тақдири ҳар як хатмкунандаи мактаб дар дафтари махсус қайд мегардад. Сафи духтарону ҷавонони соҳибмаълумоту ҳунарманд меафзояд.

Моҳчеҳра САТТОРОВА,
директори мактаби миёнаи
таълими умумии рақами 22


Дата добавления: 16/10/2020 17:34;   Просмотров: 674
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку