Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

БО КОР ТАЪМИН ГАРДИДАН маънои аз камбағалӣ баромаданро дорад

Мадина БАРОТОВА - депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Янгиобод-16
Суолнома:
1. Дар ҳудуди ҳавзаи интихоботии шумо барои ривоҷи тадбиркорӣ чи хел имкониятҳо вуҷуд дорад ва аз онҳо чӣ гуна фоида гирифтан мумкин?
2 Доир ба Барномаи сол дар ҳудуд чӣ гуна лойиҳаҳо амалӣ мегарданд? Ва иштироки шумо дар он.
3. Аз аввали сол чанд пурсиши депутатӣ ба иҷро расонида шуд? Ба гурӯҳи депутатӣ ва комиссияҳои доимӣ бо чӣ гуна таклифҳо муроҷиат кардед?

1. Ҳудуде, ки он ҷо депутат интихоб шудаам, ба шаҳр наздик ҳаст. Аз ин рӯ, мардуми он ҷо асосан ҳамчун тадбиркори якка (инфиродӣ) фаъолият дорад. Даҳҳо нафар бо хоҷагидории фермерӣ низ шуғл меварзанд. Алҳол бо фаъолони маҳаллаҳо барои таъмини шуғли аҳолӣ ва бартарафсозии камбағалӣ, ба қоидаҳои гигиенӣ риоя намуда, байни аҳолӣ корҳои тарғиботӣ мебарем. Барои истифода аз замини наздиҳавлигӣ, ба роҳ мондани фаъолияти тадбиркорӣ ба аҳолӣ маслиҳатҳо медиҳем.
2. Бар асоси Барномаи давлатӣ кор мебарем. Барои дар байни аҳолӣ тарғибнамоии мақсаду моҳияти онҳо саҳм мегузорам. Маҳаллаи Янгиобод ба Барномаи давлатии "Маҳаллаи обод" дохил карда шуд. Кӯчаҳо мумфарш гардида, чароғон шуданд. Инчунин, мактаби рақами 20 таъмиру тармим гардонида мешавад. Аз рӯйи фаъолияти депутатиам дар воситаҳои ахбори оммавии маҳалливу марказӣ ва сайтҳои интернет баромад мекунам. Инчунин дар даври пандемияи коронавирус бо ҳамкории маркази дастгирии оилаҳо оиди таъмини хӯрокворӣ ва маблағ корҳои хайриявиро амалӣ намудам. Ҳамчун намояндаи халқ дар ҳавзаи интихоботиам оилаҳои ниёзмандро ба рӯйихат гирифтам. Сари вақт ба манзил расидани маҳсулоти хӯроквории аз ҷониби маркази "Саховат ва кӯмак" додашударо назорат менамоям.
3. Ба идораҳои дахлдор пурсиши депутатӣ равона насохта бошам ҳам, муроҷиати мардумро дар ҷояш ҳал намудам. Таклифи ман асосан ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ ва бо кор банднамоии ҷавонон буд. Зеро бо кор таъмин гардидан маънои аз камбағалӣ баромаданро дорад.


Дата добавления: 19/08/2020 10:51;   Просмотров: 750
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку