Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

БА ҚАЛБИ МАН КАШИДА ШУД ХАРИТАИ ҲУДУДИ ТУ

ё худ ҳисси ватанпарвариву хештаншииносӣ дар Қомуси бахт

Ватан- калимаи зебо ва дилнишинест, ки баробари шунидани он хонаву дар, гаҳвора, модару падар, дӯсту ёр пеши назар меояд. Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон аст. Агар модар моро ба олам оварда тарбия намуда бошад, Ватан - Модар бар сарамон дасти навозишкоронаи худро гузошта, моро барои давом додани зиндагии пуробуранг равона менамояду доимо бар ҳимояи худ мегирад.
Муқаддасоти ягона ва бетакрори инсон Ватан аст. Ҳисси ватандӯстӣ то ба дараҷае расидааст, ки бузургон хоки Ватанро ба тахти Сулаймон, хори Ватанро ба лолаву райҳон монанд кардаанд. Муҳаббат ба Ватан аз овони кӯдакӣ зоҳир шуда, баъд ташаккул меёбад. Инсон ба обу хоки Ватан чунон дил медиҳад, ки хушбахтии худро танҳо бо Ватан медонад.
Ватанпарастӣ хусусияти аз ҳама волою шоистатарини инсон мебошад, зеро он тазоҳуроти олиҷанобӣ ба камоли маънавиёт аст, яъне муҳаббати инсон ба Ватан нишонаи камолоти ақли ӯст. Мусаллам аст, ки маҳз ҳамин гуна муҳаббати халқу Ватан хиради воло, қалби бузург, рӯҳу тафаккури матин боиси мавлуди шоҳкитоби адабиёти форсӣ - тоҷикӣ - "Шоҳнома"- и Фирдавсии бузург буд, ки саросари оламро мусаххар кардааст.
Меҳри Ватан, ишқи Ватан эҳсосоте мебошанд, ки танҳо дар сурати ҷой ёфтан дар қалби инсон арзише пайдо мекунанд. Таъбири " ҷой ёфтан " шояд ҷавҳари фикрро ифода накунад, бинобарин, агар гӯем, ки муқим ҷой ёфтан моҳияти сухан равшантар мешавад. Худи вожаи Ватан барои инсон ғайриихтиёр азиз, мӯътабар, муқаддас, муҳтарам ба назар мерасад. Вале дар замири чунин як муҳаббати инсонӣ ба Ватан омилҳое маъво гирифтаанд, ки онҳоро зарра-зарра, дона-дона, қатра-қатра, айнан муҳити маънавӣ, ахлоқӣ, руҳӣ ташаккул медиҳанд. Барои мо, фарзандони Ӯзбекистон, мафҳуми Ватан як мазраи бетакрорро, ки хокаш зар, ҳосилаш гавҳар, одамонаш сахиву дилкушод, меҳмондӯсту одамқарин ва хушхулқу хушҳусн мебошанд, чун як макони яклухти зебоманзар тасвир менамояд.
Таърих гувоҳ, ҳар касе аз ин сарзамин бо сабабе, баҳонае, зарурате берун шудааст, андаке нагузашта дар дил пазмонии диёрро ҳис кардааст. Ба назари банда, ҳамин ҳис шояд аз қувваи муҳаббат ба зодгоҳу одамони пурфазилати ин диёр сарчашма гирад. Нирӯи муҳаббате, ки аз рӯҳи поки аҷдодони бузург ва гузаштагони ин паҳнои ҷаннатӣ сарчашма мегирад. Охир, чӣ бузургоне оламтасхир дар ин Ватан ба дунё омадаанд, чӣ абармардоне номи ин Ватанро ба осмонҳо бардоштаанд. Яке аз онҳоро ҳатто аз дигарӣ пештар ба забон оварданро кас ба худ гӯё беэътиноӣ медонад.
Афкори ватандӯстонаи шоирони кишвар дар адабиёти даврони Истиқлол доманаи хеле ва хеле густурда дорад ва дар ин боб бешубҳа нахуст бедор кардани ҳисси ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба марзу буми он мебошад. Халқи мо табиатан шоир аст. Миқдори шоиру нависандагони тоҷикзабони имрӯзаи Ӯзбекистонро агар шумарем ба 450 нафар мерасанд. Ин албатта боиси хушнудист. Ҳар яки онҳоро албатта маҳфилҳои адабӣ бо якдигар мепайванданд.
Чӣ хеле, ки шоир Ҷаъфар Холмӯъминов менигорад:
"Дар гузаштаҳои дуру наздики таърихи адабу фарҳангамон ба нишастҳои адабӣ "маҳфил", "анҷуман", "мушоира" ва "шабнишинӣ"..., ба мушорикаткунандагони он "аҳли маҳфил", "аҳли анҷуман", "аҳли дил", "аҳли ишқ"... ном додаанд. Ин гуна маҳфилҳо одатан дар ҳар як деҳу деҳистон, шаҳру шаҳристон мавҷуд будааст. Аммо аҳамият ва нақши ин гуна маҳофили хурду калон дар рушду равнақи адабиёти мо ниҳоят бузург аст.
Шукри Худо, ки пас аз Истиқлолияти Ӯзбекистон ин гуна маҳофили адабӣ ва ҳунарӣ дар манотиқи мухталифи кишвар чи дар байни адибон ва адабпарварони ӯзбеку тоҷик ва чи дар байни адибону адабдӯстони дигар миллатҳои сокини мамлактамон зиёд шуданд, ки ин падида, албатта, боиси табрик аст.
Имрӯзҳо дар Ҷумҳурияти мо якчанд ҳавзаҳои адабии форсӣ-тоҷикӣ вуҷуд доранд, аз ҷумла доираи адабии Тошканд дар назди рӯзномаи "Овози тоҷик", маҳфили адабии "Сапедадам" дар шаҳри Ангрен, доираи адабии Самарқанд дар назди рӯзномаи "Овози Самарқанд" ва дар рӯзномаи "Субҳи Гулобод" дар доираи адабии Сурхондарё маҳфили адабии "Амвоҷи Вароруд", дар доираи адабии Фарғона маҳфили адабии "Худафрӯз", дар доираи адабии Бухоро, Қашқадарё, Навоӣ ва Намангон низ ҳавзаҳои адабӣ амал мекунанд. Ҳар як эҷодкори ҳавзаҳои адабӣ аз сарсабзии мамлакат, қудрату тавоноии дӯстии халқҳо, ободу зебо гаштани ин сарзамин ба ваҷд омада, болида ва ифтихор намуда, дар шеъру ғазалҳояшон тараннуми Ватан мекунанд.
Ба соне ки гуфтем, шоирон дили ҳассос ва таъби равоне доранд ва дар сурудаҳояшон муваффақиятҳои халқи шарифи Ӯзбекистон, хислатҳои наҷиби инсониро бо муҳаббати бепоён тараннум менамоянд. Маҳз онон бо тасвирҳои ба худ хоси эҷодӣ мавҳуми Ватанро чуноне гуфтем, азиз, мӯътабар, муқаддас ва муҳтарам мегардонанд.
Эҷодиёти ҳар як шоир бешубҳа аҳамияти тарбиявию ахлоқӣ дорад. Ба аҳли қалам Ба ҳиммат ва ҷуръататон офарин мегӯям! Ба он дастоне, ки қалам ба даст гирифту "Васфи Ватан" кард, сари таъзим фурӯ меорам. Шеърҳои ҳар як шоир бо маъниву шакли ба худ хос аз шеърияти баланде ба мо мужда мерасонад. Мамнунем, ки шоирони мо дар ин даврони ободу озод дар шеърият роҳи нав ва шеъри нав меҷӯянд.
Байтҳои шоири номдори мо - Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизиро бошад яке аз беҳтаринҳо шуморидан мумкин аст:
Камол ёфт ҳастиям зи ҳастии вуҷуди Ту,
Ба қалби ман кашида шуд харитаи ҳудуди Ту.
Шукӯҳи рӯҳи ҷадди ман аён шуд аз суруди Ту,
Ҳумои парчами Ту бод бахти парфишон, Ватан!
Суруди миллии Ту бод вирди қудсиён, Ватан!
Шоирони ширинкалом бо мероси адабии худ ба монанди Ҷомиву Навоӣ, Бобуру Нодира, Фитрату Айнӣ байни халқҳои бародари тоҷику ӯзбек муҷассамаи дӯстиро бунёд хоҳанд кард. Хулласи калом, мероси адабии шоирони тоҷикзабони Ҳзбекистон дар қатори сарвати гаронбаҳое, ки намояндагони адабии ин ду халқи бародар эҷод намуданд барои равнақи адабиёти ӯзбеку тоҷик ҳамчу машъалаи тобанда хизмат хоҳад кард.
Дар охир ба Шумо фақат ин мисраъҳоро ёдрас карданиему халос:
Беватан нест ҳар он кас, ки кунад ёди Ватан,
Дар Ватан будан бе ёди Ватан беватан аст.

Шӯҳрати БОБОҶОН


Последнее редактирование: 14/12/2018 15:38;   Просмотров: 1157
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку