Чанде пеш қарори Президентро дар бораи бо пули нақд пардохтани нафақапулӣ хонда, сарбаланд гардидам. Дилам саршори меҳру лабрези шодӣ гардид. Ин боз як нишони баланд будани қадри инсон дар Ӯзбекистони соҳибистиқлоламон аст. Давлате, ки пиронсолонро эҳтирому эъзоз менамояд, ояндааш бузург аст.
Одатан мо пиронсолон маъракаравию меҳмоннавозиро дӯст медорем. Ба меҳмонӣ дастовез бурдан хоси халқи мост. Баъзан ба набераҳоям пластикамро дода, хоҳиш менамудам, ки чизи даркораро аз мағоза оранд. Аз сабаби пиронсолӣ баъзан рақами махфиашро фаромӯш месозам.
Хушбахтона, Президенти мамлакатамон мушкили моро осон гардонд. Соли мулоқот бо халқ ва манфиатҳои инсон эълон шудани соли ҷорӣ имкони мулоқоти роҳбарони идораҳои давлатӣ, мутахассисони соҳаро бо мардум фароҳам овард. Ҳоло дар ҳама ҷо хоҳишу таклифи халқро мешунаванду дар муддати муайян муаммояшро ҳал мекунанд.
Дар замири қарори мазкур рози дили мардум ниҳон аст. Ҳоло мо нафақахӯрон аз моҳи феврал нафақаамонро пурра бо пули нақд мегирем. Ин гуна имтиёз на дар ҳама мамлакатҳо мавҷуд аст. Дар хонаҳои замонавии дорои тамоми шароитҳо дар иҳотаи фарзанду набераҳо зиндагӣ карда, шукргузорӣ менамоям.
Илоҳо Ӯзбекистони соҳибистиқлоламонро аз чашми бад нигоҳ дорад. Дуои пирон роҳи ҷавононро дурахшон гардонад.
Қамарой ҒАФУРОВА, 81-сола, сокини маҳаллаи Шӯрбоӣ
Copyright © 2024. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.