Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АГАР ХАЛҚ РОЗӢ БОШАД...

Гулҷаҳон ҚУЛИЕВА,

депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳия

аз ҳавзаи интихоботии Миронқул-3

Суолнома

  1. Дар ҳудуди ҳавзаи интихоботии шумо барои ривоҷи тадбиркорӣ чи хел имконият­ҳо вуҷуд дорад ва аз онҳо чи гуна фоида гирифтан мумкин?
  2. Доир ба Барномаи сол дар ҳудуд чи гуна лойиҳаҳо амалӣ мегарданд? Ва иштироки шумо дар он.
  3. Аз аввали сол чанд пурсиши депутатӣ ба иҷро расонида шуд? Ба гурӯҳи депутатӣ ва комиссияҳои доимӣ бо чи гуна таклифҳо муроҷиат кардед?

  1. Ҳудуде, ки мардуми он номзадии маро ба депутатии Шӯрои намояндагони халқи ноҳия пешбарӣ ва интихоб намуд, дар доманаи кӯҳсори Миронқул ҷой гирифтааст. Дар ҳудуди мазкур 420 хонадон вуҷуд дошта, асосан мардум бо деҳқониву чорводорӣ ва токпарварӣ машғуланд. Ғайр аз он мардуми Меҳробод дар чор гармхона маҳсулоти зироатӣ рӯёнида, ҳатто дар зимистон соҳаи тадбиркории хусусиро ривоҷ медиҳанд. Боз фурӯши мавизи аълосифатро ба роҳ мондаанд. Инчунин, корхонаҳои муштараки "Миронқул строй сервис", "Саховат" ва ғайра барои пешрафти соҳаи тадбиркорӣ дар деҳот ҳиссаи арзанда мегузоранд. Мо бо 15 нафар тадбиркори ботаҷриба нақшаҳои зиёди ободии диёрро низ дорем.
  2. Дар ҳудуди Миронқулу Меҳробод мактабҳои рақамҳои 28 ва 35, корхонаҳои саноатие, ки дар боло номбар кардем, барои ривоҷи илму техника ва иқтисоди рақамӣ, инчунин, идроки аслии ин фаҳмиш дар деҳот ҳиссаи арзанда мегузоранд. Мо бо масъулони мактабу корхонаҳои мазкур кӯшиш мекунем, ки асосан ҷавонони деҳот аз дигаргуниҳо ва навгониҳои соҳа хабардор бошанд.
  3. Аз аввали сол асосан ду пурсиши депутатӣ бомуваффақият ба анҷом расид. Ҳоло бо фаъолони маҳалла муаммои аз ҳудуди маҳаллаи Паррандачӣ ҷудо намудани маҳаллаи Меҳрободро ҳаллу фасл менамоем. Инчунин, барои маҳаллаи Меҳробод Маркази маҳалла ва Хонаи маънавият ва маърифат лозим. Барои он, ки халқ аз мо розӣ бошад, бояд пайваста меҳнат кунем. Барои эҳтироми ҳар як овоздиҳанда, ки даруни ҳар як овозаш чанд орзуву омол ва нақшаҳои зиндагидӯстӣ маҳфуз аст, вақту имконияти худро дареғ намедорам.

Дата добавления: 29/07/2020 09:07;   Просмотров: 712
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку