Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Қадри зар заргар бидонад…

Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам,
Қаламкашро ба мақсад мерасонам.

Агар хотирам фиреб надиҳад, тобистони солҳои 1976-77 буд. Бегоҳирӯзӣ нобаҳангом пиразани тахминан 60-65-солаи сафедпӯст, ки чашмони шаҳло, лабҳои майли табассум дошт, бидуни тақ-тақи дарвоза “Тоҷиой, ту куҷоӣ?” гӯён вориди ҳавлӣ шуд.
Аҳли оила рӯйи ҳавлӣ, болои кат машғули хӯроки шом будем, ки овози шиносро шинохта аввалин шуда падари бузургворам саросема аз ҷояш хест ва ба истиқболи меҳмон шитофт.
- Ба фикрам, ин Бону, - гуфт модаркалони падариам Тоҷиой Пардаева, - ҳамсари Лоҳутӣ.
Дере нагузашта сӯҳбати меҳмони олиқадр ва мизбонон дар ҳалқаи оилаамон ба қавле қаймоқ баст. Ситсилия Бону ба забони соф тоҷикӣ, вале шеваи иронӣ ҳарф мезад, ки мо фарзандон, алалхусус камина дар шигифт мондам. Воқеан, дар чунин лафзи ширину гуворо устодам адиб ва мутарҷим Ҳасан Ирфон (илоҳо ҷояш дар ҷаннат шавад!) гуфтугӯ дошт, ки он солҳо ба ӯ котиб будам.
- Ба Самарқанд ташриф овардани ман сабабҳои бисёр дорад, - баъди ба дастархон омин кардан гуфт меҳмон, - аввало ёдгориҳои таърихии Самарқандро давр зада айёми қадимро ба ёд оварда бештар асари безаволи Абулқосим Фирдавсиро ба русӣ тарҷума кардан аст. Дуюм дидори дӯстон. Ва албатта солҳои ҷавонии худро, ки дар Самарқанд гузаронидам, ба хотир овардан мебошад. Боз як гап. Раҳматӣ шавҳарам, Абулқосим Лоҳутӣ ният дошт, ки дар Самарқанд зиндагӣ кунад. Зеро дар ин шаҳри бостонӣ ошноҳои ҳамдиёраш бисёранд. Афсӯс, амри тақдир дигар будааст…
- Бонуҷон, худатон дар шаҳри мо муқимӣ шавед, - маслиҳат дод модаркалони падариам Тоҷиой Пардаева, - масалан, дар қалби Самарқанд аз шафати майдони Регистон хона гиред.
- Таклифи олиҷаноб, - якбора шукуфт Ситсилия Бенсиановна, - (исму насаби аслии ӯ чунин аст З.Ҳ.) дар ин бора ба котиби якуми ҳизби Ӯзбекистон, мухлиси Лоҳутӣ адиб рафиқ Шароф Рашидович ба расмият хат менависам. Аз карнайчӣ як пуф-дия.
Сипас он шаб ду модаркалонам ва меҳмони москвагӣ рӯйи кат, зери осмони ситоразор хоб рафтанд. Лекин чуноне, ки пагоҳирӯзӣ ошкор гардид, онҳо то бонги хурӯс бо сӯҳбату хотирот миҷҷа таҳ накардаанд. Меҳмон чашм аз осмони мусаффо наканда, бо завқ борҳо такрор кардааст, ки чашмак задани ситораҳо дилангез асту сурур мебахшад.
- Ман ҳатман ба Самарқанд меоям, - ҳангоми хайрухуш ваъда дод ӯ, - зарур бошад, ба қабули Шароф Рашидович хоҳам рафт…
Дертар аз модаркалонам фаҳмидам, ки бобоям Наҷмиддин комиссар чанд маротиба бо Абулқосим Лоҳутӣ ҳамсӯҳбату ҳамнишин шуда, солҳои сиюми асри сипарӣ меҳмони хонадони мо шуда будааст. Ба ҳамсараш Ситсилия Бенсиановна тахаллуси дилнишин – “Бону”-ро модаркалонам гузошта, ба устод Абулқосим Лоҳутӣ низ писанд омадааст.
Аз байн чанд муддат гузашту ҳамсари Лоҳутӣ ба орзуи дил расид. Вай аз шафати майдони Регистон хона гирифт. Рафтуо бо оилаи мо бештар гардид. Камина бо супориши устоди зиндаёдам Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода бо мутарҷими “Шоҳнома” сӯҳбат ороста, ба идораи “Овози тоҷик” ирсол намудам, ки бо номи “Мулоқот бо Бону” интишор ёфт. Муҳимаш, риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ҳамсари Лоҳутӣ мустаҳкам шуда, ҳар ду ба деҳаҳои Оҳалик, Миронқул, Ургут азми сафар доштем. Ман роҳбалад будаму вай сайёҳи табиатдӯст. Боре ман ба Ситсилия Бону хабар додам, ки дар паҳлӯи хона-музейи устод Садриддин Айнӣ нимпайкараи асосгузори адабиёти навини тоҷик гузошта мешавад ва бо ҳамин муносибат сарвари давлат Шароф Рашидов ташриф хоҳад овард.
- Ман бояд ба он тадбир рафта барои соҳиби манзил шуданам ба Шароф Рашидович арзи сипос намоям, - гуфт Ситсилия Бону, - вай ба ҳаққи ман некии фаромӯшнопазир кардааст.
Тадбири бошукӯҳ оғоз наёфта ҳамроҳ дар назди дарвозаи ҳавлии устод Садриддин Айнӣ омадем. Меҳмонон, ки аксарият аҳли фарҳангу адаб буданд, ҷамъ омада интизори меҳмони олиқадр буданд. Ҳамроҳам ба ман гуфт, ки Шароф Рашидовро дар ҳамин ҷо интизор мешавад. Ман он солҳо мухбири радио будам, ки бо тақозои касби хабарнигорӣ дар шафати меҳмонони олимартаба қадам зада аз сӯҳбати эшон баҳраманд гардидан шарафёб шудам.
Раҳматӣ Шароф Рашидов ҳангоми зиёрат гуфт, ки солҳои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва сардабири рӯзномаи “Ленин йӯли” (ҳоло “Зарафшон”) будан борҳо аз сӯҳбати устод Садриддин Айнӣ баҳраманд шудааст.
Баъди ба поён расидани зиёрат ман аз Шароф Рашидов илтимос кардам, ки барои радиои Самарқанд хотироти худро нақл намояд. Вай узр пурсид ва ба соаташ ишораткунон фаҳмонд, ки ҳоло ӯро дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд интизор ҳастанд. Меҳру муҳаббати устод Садриддин Айнӣ буд, ки дар ин ҷо сӯҳбат кашол ёфт. Ман ба берун баромада ба Ситсилия Бону маълум кардам, ки ҳозир Шароф Рашидов ба дигар тадбир хоҳанд рафт. Ана баъд имконияти бо ӯ сӯҳбат оростан ба гумон аст.
- Писарҷон, агар ин тавр бошад, ҳозир ана ҳамин гулдастаро ба ӯ тӯҳфа кунам ва миннатдорӣ изҳор намоям хуб аст? – маслиҳат пурсид ӯ, - ту чӣ мегӯӣ?
- Хеле нағз. Фақат шитоб намоед, - фикри ӯро дастгирӣ намудам ман, - ана сӯи мошин меравад.
Ситсилия Бону бебокона ва бо қадамҳои қатъӣ сӯи меҳмони олимақом шитофт. Аммо чанд нафар ба сару либоси оддӣ ва дӯхташ аҷиби ин пиразан дида дӯхта садди роҳаш шуданд, аммо Шароф Рашидович бо як нигоҳ ба онҳо фаҳмонд, ки ба ӯ кордор нашаванд.
- Ман аз шумо сипосгузорам, - баъди даст дода салому алейк кардан ба забони русӣ гуфт Ситсилия Бону, - манзил додаанд ва тарҷумаи “Шоҳнома” идома меёбад.
Шароф Рашидович марди болоқад, ки буд, сари худро каме паст афканда ба суханони пурҳаяҷон, вале самимонаи мусоҳибаш гӯш дод. Баъд ба корҳои эҷодии ӯ комёбиҳо таманно намуда, ба ҳама даст афшонду бо хайру хуши самимона савори нақлиёт шуд.
- Писарҷон, кори нағз шуд, ки миннатдорӣ изҳор намудам, - пас аз гусели меҳмонон бо як ҳисси шодмонӣ гуфт Ситсилия Бону, - вагарна кай чунин имконияти хушбахтона ба ман насиб мекард.
- Ситсилия Бенсиановнаи мӯҳтарам, - ба ҳозирҷавобӣ кӯшиш намудам ман, - қадри зар заргар бидонад, қадри ҷавҳар ҷавҳарӣ. Охир Шароф Рашидович ғайр аз роҳбари мамлакат будан, адиби тавоно ва марди хирад ҳастанд, ки илтимоси шуморо рад накардаанд.
- Ҳа, рост гуфтӣ, - тасдиқомез сар ҷунбонд ӯ, - ба ин маънӣ чӣ хуш гуфто Фирдавсии бузург:
Диле, к-аз хирад гардад ороста,
Чу ганҷе бувад пурзару хоста.
Дертар фаҳмидам, ки ин инсони саховатпеша, дилёбу дарёдил ба дигар адибони тоҷик низ бисёр некиҳо карда будааст.
Масалан, писари адиби тавоно, фарзанди фарзонаи Бухорои Шариф устод Ҷалол Икромӣ, олими кимёшинос Ҷонон Икромӣ нақл мекунад, ки боре бо ҳавопаймо ба зодгоҳи падараш омада таксӣ карда ба маркази шаҳр равона шудаанд. Аммо дар роҳ пойҳои устод ба дард омадаасту ноилоҷ мошинро нигоҳ дошта аз он фаромадаанд. Ҳамин вақт ду-се мошини оинааш сиёҳ бо суръати баланд гузашта рафтанд, вале ногаҳон яке аз онҳо таваққуф кард ва ба оқиб омада аз он марди болоқади нуронӣ фаромаду Ҷалол Икромиро самимона ба оғӯш кашид ва хайра мақдам гуфт.
- Ҷалол-ака хуш омадед, - гуфт Шароф Рашидов бо забони ӯзбекӣ, - аз афташ зодгоҳатонро ёд кардед.
- Бале, - гуфтанд падарам. – Ҳар сол камаш як бор меоям, меҳри зодгоҳ мекашад. Кӯчаю хиёбонҳои даврони бачагиамро давр мезанам, хешу табор, ёру шиносҳоямро мебинам, аз бозор қаймоқи нестандарҷаҳони бухориро мехараму ғубори дилам мебарояд.
- Хуб мекунед, Ҷалол-ака, - суханро идома дод роҳбари Ӯзбекистон. – Шуморо чун дар Тоҷикистон дар ҷумҳурии мо низ хуб мешиносанду эҳтиром менамоянд. Ҳоло мо ба як маҷлис равонем, умедворем, ки боз якдигарро мебинем. Шумо рост ба хонаатон рафта, дам гиред, кӯфти роҳро бароред.
Падарам бо табассум ҷавоб доданд:
- Ман дар ин ҷо манзил надорам, фақат дар меҳмонхона меистам. Намехоҳам касеро ташвиш диҳам, субҳи барвақт кор мекунам.
Шароф Рашидов ҳайрон монду нигоҳи маломатомез ба яке аз ҳамроҳонаш дӯхт, ки роҳбари вилоят будааст.
- Чӣ, муаллифи “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро”-ю “Духтари оташ” дар зодгоҳаш, дар шаҳре, ки онро тасвир мекунад, то ҳол хона надорад?! Аёб аст, айб.
Роҳбари вилоят аз ин суханон дар хиҷолат шуда, гуфт:
- Айб аз мо гузаштааст. Илоҷашро меёбем.
Вақти хайрухуш Ш.Рашидов бо забони тоҷикӣ ба падарам гуфт:
- Ба дӯстони душанбегӣ дуруду паёми маро расонед.
Ду рӯз пас падарамро ба идораи ҳукумати шаҳр даъват намуда, чун ба шаҳрванди фахрии шаҳри Бухоро калиди хонаи сеҳуҷрагиро аз як бинои хуштарҳи навсохт супурданд.
Аз он баъд, ҳар вақт ба Бухоро оем, дар он истиқомат менамудему падарам аз Шароф Рашидов бо сипосгузорӣ ёд мекарданд, - хулоса намуд Ҷонон Икромӣ, - кори неку номи нек ҳамин аст.
Бояд таъкид намуд, ки дар Самарқанд соҳиби манзил шудани адиби ватанпарвару ҷангнома навис Фотеҳ Ниёзӣ низ бо номи Шароф Рашидови накӯному накӯкор вобаста мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки Президенти мӯҳтарами мо Шавкат Мирзиёев барои муносиб ҷашн гирифтани 100-солагии шоир ва адиб, инсони хоксору дилёб Шароф Рашидов қарори махсус қабул кард. Охир ӯ бо вуҷуди муншии аввали Ҳизби коммунистони Ӯзбекистон, номзад ба аъзогии Бюрои сиёсии олитарин ниҳоди он давр – кумитаи марказии ҳизб будан фурсат ёфта бо кори эҷодӣ машғул гашт. Романҳои “Зӯртар аз бӯрон”, “Мавҷи муқтадир” ва қиссаи марғуби “Таронаи Кашмир” ва ғайра навишт, ки дар байни мардум маҳбубият пайдо карда ба бисёр забонҳои дунё, аз он ҷумла тоҷикӣ интишор ёфтааст.
Воқеан, ҳангоми хишти аввал гузоштан дар маркази нави ноҳияи Самарқанд, шиносоӣ бо фаъолияти иттиҳодияи боғу ангурпарварии ба номи собиқ Рихард Шредер, ташриф ба кумитаи ҳизби ноҳияи Самарқанд ва ғайра, ки тақдир инҷонибро бо Шароф Рашидов рӯ ба рӯ кардааст, мавзӯъ ва ҳикояи дигар хоҳад шуд.
Намурд он касе, к-аз ҷаҳон ном бурд,
Ки марди накӯном ҳаргиз намурд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА


Последнее редактирование: 19/10/2017 16:14;   Просмотров: 1863
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку