Бо салоҳдиди Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев бо мақсади аз наздик ошно гардидан бо ҳаёти мардуми кишвар, шунидани дарду доғ ва арзу шикоятҳои мардум ба диёри осоишта, ором ва фаровон табдил додани Ӯзбекистони соҳибистиқлоламон дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳо қабулхонаи халқ ҷорӣ гардидааст. Онҳое, ки бо дод ба остонаи ин Қабулхона қадам мегузоранд, Президенти мамлакатро додрас медонанд ва албатта аз ин даргоҳ бо қаноатмандӣ берун мешаванд. Мо бо мақсади аз наздик ошно гардидан бо фаъолияти қабулхонаи халқи ноҳияи Самарқанд меҳмони ин даргоҳ шудем.
Дар пешайвони оинабанди ин идора чанд тан зану мард ба ҳамдигар дарду ҳол менамуданд. Онҳо чунон бо боварии комил омадаанд, ки ниҳоят додашон ба додрас мерасад. Яъне қабулхонаи халқ, ки бо ғамхории Президент таъсис ёфтааст, чашму гӯш ва дили пурнабзи сарвари давлат мебошад.
Дар пештоқи айвон рӯзи қабули масъулони идораҳои давлатӣ сабт гардидааст.
Аввал ба хуҷраи кории мудири қабулхонаи халқ Ғолиб Раҷабович Ҷӯраев даромадем.
- Ҳар рӯз мардумро қабул намуда, ба дардаш гӯш меандозем, - гуфт ӯ ҳангоми сӯҳбат. – То ҳол зиёда аз 1100-то аризаву шикоят муроҷиат намуданд. Зиёда аз 300 масъала дар ҷояш ҳалли худро ёфт. Қариб 650-то ариза ҳал шуд. Ҳафт ариза рад шуд. Боқимонда дар омӯзиш қарор дорад.
- Мардум бештар бо чӣ гуна масъалаҳо муроҷиат менмояд? – пурсидем мо.
- Гирифтани нафақаи ногироӣ, роҳхат ба санатория, таъмини шуғли аҳолӣ, гази табиӣ, қувваи барқ, носозии роҳҳо, бар ивази кредит гирифтани хонаву манзил, муомилаи ходимони бюрои ҳатмӣ ва ғайра муроҷиат мекунанд. Аксар муаммои оддӣ, ки байни ду ҳамсоя ё бо иштироки фаъолони маҳалла метавонад ҳалли худро ёбад, ба қабулхонаи халқ баррасӣ мегардад. Аз он шарм мекунам, гӯё ғурурам поймол мегардад, ки муаммои ноҳияи Самарқанд дар вазорат муҳокима мешавад. Ҳол он ки ин гуна муамморо дар ҷояш ҳал кардан мумкин буд. Ба ҳар хол хеле сарфарозем, ки мушкили мурдумро осон мекунем, ба рози дилашон гӯш меандозем.
Дар Қабулхонаи халқ ҳамаи шароит муҳайёст. Барои онҳое, ки бо фарзандашон меоянд, хонаи модару кӯдак дар хизмати онҳост. Инчунин, саломатии ташриффармудагон зери назорати ходимони тиб қарор мегирад.
Зане назди мутахассиси ин идора Интизор Толибова бо ариза муроҷиат намуд.
- Ман сокини маҳаллаи Қӯштамғалӣ Хурсанд Ёрбобоева ҳастам. – гуфт ӯ. – Мехостам барои таъмири манзилам ва беҳбудии рӯзгорам кӯмак расонед. Зеро писарам ба мардикорӣ дар кишвари Русия рафта ҳам, ба фоидаи зиндагии оилаамон коре карда натавонист.
- Холаҷон, маҳаллаатон оилаи шуморо ҳамчун оилаи камбизоат ба рӯйхат даровардааст?
- Ҳа.
- Аз ин пеш бо ин масъала ба қабулхонаи халқ муроҷиат намуда будед?
- Дуруст. Муроҷиат карда будам. Аризаамро вакилони ташкилотҳои дахлдор омӯхта, ба хонаам рафтанд. Бо масолеҳи бинокорӣ ёрӣ расонида буданд.
- Акнун дар навбат номнавис мекунем.
- Мебинам, ки синнатон пас аз ду сол ба синни нафақа мерасад. Агар хоҳед, бароятон ягон кор пайдо мекунем...
Ин таклифи ходими қабулхонаро Хурсанд Ёрбоева хуш пазируфт.
- Аксар ба ёрӣ ниёз доранд, аммо бархе мехоҳанд пули бедарди миёнро ба даст оранд. Аз ин рӯ, аввал аризи онҳоро бо вакилони ташкилотҳои дахлдор меомӯзем. Мекӯшам то муаммо дар ҷояш ҳалли худро ёбад.
Дар ҳуҷраи кории мутахассиси роҳбалад Бекзод Ваҳҳобов раиси суди иқтисодии байниноҳиявии Тайлоқ Камолиддин Тӯхтаев корафтодагонро қабул мекарданд.
- Дар ҳамкорӣ муаммои мардумро ҳал менамоем, - иброз дошт Бекзод Ваҳҳобов.
Сокини маҳаллаи Гулбоғ Лола Ҳамроқулова ба қабул даромад.
- Хӯш хоҳарам, бароятон кори муносиб ёфтед? – пурсид Бекзод Ваҳҳобов.
- Афсӯс, не. Ходимони Идораи таъмини шуғли аҳолӣ бароям кор таклиф намуданд. Маошаш кам бошад ҳам кор кардан мехостам, аммо роҳаш дур. Ман бояд он ҷо бо ду нақлиёт равам. Аз ин рӯ, рад кардам. Ба ҳар ҳол ба шумоён раҳмат. Ҳоло барои наздиконам либос медӯзам.
- Пас аз берун рафтани зан Бекзод Ваҳҳобов ба мо рӯ овард.
- Агар имкон ёбед, ин муамморо дар рӯзнома чоп кунед. Зеро идораи таъмини шуғли аҳолӣ ҳангоми таклифи кор география ва рафтуомади корҷӯро ба инобат намегирад. Мехостам ба мардум аз ҳудуди худаш кор таклиф намоянд.
Ин зан низ чанд муддат пеш ба мо муроҷиат карда буд. Дӯзанда аст. Шавҳараш ба автоҳалокат дучор шуда, аз олам чашм пӯшидааст. Ҳоло ӯ ҳамроҳи духтарчааш дар хонаи пудару модари нафақахӯраш зиндагӣ мекунад. Модараш зуд-зуд бемор мешавад. Нафақаи гирифтааш ба доруву дармон сарф мешавад. Ин зан мехоҳад ба кор даромада, рӯзгорашро таъмин намояд. Аммо кори мувофиқ наёфт...
Садои занги телефон баланд шуд.
- Қабулхонаи халқ. Мешунавам? – гӯшакро бардошт мутахассиси идора Шаҳло Аҳтамова.
- Барои ёрдаматон раҳмат. – шунида шуд аз гӯшак. – Аҳволи писарам нағз шуд. Ҳоло дар шифохона табобат мегирад. Узр, аз ҳаяҷон худамро шинос накардам. Ман аз маҳаллаи Қорасув Дилбар Мавлонова ҳастам.
- Мақсади мо хушбахт дидани шумоён, - гуфт Шаҳло Аҳтамова. – Саломат бошед.
Аз ин сӯҳбат ҳама рӯҳи тоза гирифт.
Дилрабо НАСИМӢ Аксбардор: Бекзод ҚОДИРОВ
Copyright © 2024. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.