Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҚАБУЛИ САЙЁР

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта раиси суди вилоят оид ба корҳои ҷиноӣ Рустам Абдуллоев дар деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ қабули сайёр гузаронд.

Қариб бист нафар аҳолии ноҳия ба ӯ бо масъалаҳои мухталиф муроҷиат намуданд. Вай дар чорчӯбаи қонун ва қоида ба корафтодагон ёрӣ расонд.

– Дар маҷлиси муштараки палатаҳои Маҷлиси Олӣ бахшида ба маросими тантанавии оғози вазифаи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев таъкид карда буданд, ки халқ на ба мақомоти давлатӣ, балки мақомоти давлатӣ бояд ба халқамон хизмат кунад,-гуфт Рустам Убайдуллоевич,-бинобар ин дар шаҳру ноҳияҳои дигар низ қабули сайёр мегузаронем.

ДАР АКС: ходими суди ноҳия Бобур Мамаюсуфов ва муроҷиаткунанда сокини маҳаллаи Арабхонаи боло Ато Муқумов.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА

 


Дата добавления: 13/01/2017 10:49;   Просмотров: 1681
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку