Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ВАКСИНА БАРОИ ДУХТАРОН

Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилоят зиёда аз ҳазор нафар зан гирифтори вируси папилломаи одам гардид. Ба 69 нафарашон бемории саратони бачадон муайян гардида бошад, 28 нафар аз олам чашм пӯшид.
Ҳар сол дар ҷаҳон ба зиёда аз 370 ҳазор нафар зан ташхиси саратони бачадон муайян мегардад, ки 190 ҳазор нафар вафот мекунад.

Аз моҳи октябр саросари мамлакатамон эмкунӣ барои пешгирии папилломаи одам оғоз меёбад. Дар бораи ин вирус ва оқибатҳои нохуши он бо иштироки ходимони тиб, муассисаҳои таълимӣ, мутахассисони маҳаллаҳо ва дигарон семинарҳо гузаронида мешавад.
- Таҷрибаҳо исбот намуд, ки инсонҳои 12 сол пеш эмгардида то ҳол пурра аз ин беморӣ дар ҳимояанд, - гуфт мутахассиси Вазорати ҳифзи тандурустии Ӯзбекистон Ҳусаной Ҷамолова. - Аз ин рӯ, 96 мамлакати ҷаҳон аз ҷумла Ӯзбекистон низ эмкунии мазкурро ба барномаи иммуниатсиониашон дохил карданд. Ин ваксиона саратони бачадонро пешгирӣ мекунад. Бо он духтаронро дар айёми балоғат аз синни 9-14-солагӣ эм мекунанд.
Дар мактабҳои таълими умумӣ ва нуқтаҳои тиббӣ духтарони 9-сола бар зидди вируси папилломаи одам эм карда мешаванд.

Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 13/09/2019 17:42;   Просмотров: 759
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку