Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ШАФТОЛУ

Шафтолу дар Ватани мо фаровон мерӯяд. Он бисёр таркиби муфид дорад. Дар таркиби он бисёр кислотаҳои органикӣ, ба монанди кислотаҳои себ, шароб, лимӯ, намаку микроэлементҳо, ба монанди калий, оҳан, фосфор, марганетс, мис, рӯҳ, селен ва магний дорад. Шафтолу аз витаминҳои зерин бой аст: витамини С, витаминҳои гурӯҳи В, Е, К, РР ва инчунин каротин. Дар таркиби шафтолу инчунин пектин ва равғанҳои эфир мавҷуд аст. Донаки он хеле муфид мебошад, зеро дар таркиби он рағани бодом ва витамини машҳури В17 мавҷуд аст.

Шафтолу дар рӯйхати хӯрокаи инсон маҳсулоти пурарзиш ба ҳисоб меравад. Шафтолу меваи сероб буда, тамъи хубу ботароват дорад ва зуд ҳал мешавад. Шафтолуро барои кӯдакон ва ба шахсоне, ки пас аз беморӣ бисёр беҳоланду иштиҳо надоранд, тавсия дода мешавад. Инчунин, он барои бартараф намудани қабзият ва сӯзиши меъда тавсия дода мешавад. Шафтолу ба меъда барои ҳазм намудани хӯроки серравған кӯмак мерасонад. Инчунин, барои чунин бемориҳо ба монанди ноқиси мафосил, тарбод (ревматизм) ва касалиҳои гурда, рагу дил, ҷигар ва талхадон муфид мебошад.
Таркиби меваи шафтолу чунин аст: об-80-90%, қанд- 6-14%, аз ҷумла сахароза 5-10%, моддаҳои пектинӣ- 0,5-1,2%, витамини С- 9,4-20 мг%, каротин- 0,6-1,0 мг%. Дар донаи шафтолу 20-60% (аз хушккардашудааш) равғани пиҳ, 0,4-0,7% равғани эфир ва бодоми талх мавҷуд аст.
Накҳати меваҳои шафтолу аз эфирҳои мурч, сирко ва кислотаҳои валерианӣ, каприловии таркиби он вобаста аст. Донаи бештари шафтолуҳо талх буда, баъзан шафтолуи донаширин низ вомехӯрад. Равғани донаки шафтолуро дар истеҳсолот ва тиб васеъ истифода менамоянд.Шафтолуро асосан дар намуди тару тозааш истеъмол менамоянд. Ғайр аз ин, аз он шарбат, кампот, мураббо, ҷем ва шафтолуқоқ тайёр менамоянд. Шафтолуи тару тоза ва консерванамудаи онро дар хӯроки парҳезӣ ва барои табобати роҳи ҳозима истеъмол менамоянд, чунки он таъсири хуби ҳазми хӯрокро дорад. Таркиби қанд ва витаминҳои гуногуни таркиби он муқовимати организмро нисбати бемориҳои шамолхӯрӣ зиёд менамояд.
Метавонед, ки аз шафтолу фаровон истеъмол намоед ва барои зимистон мураббо, консерва ва ғайра тайёр намоед.

Таҳияи ДИЛРАБО


Дата добавления: 18/09/2020 15:39;   Просмотров: 662
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку