Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

САЛОМАТӢ – ДАВЛАТИ НОЁБ

Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 5-ӯми январи соли равон дар вохӯрӣ бо мутахассисони соҳаи нигаҳдории тандурустӣ оид ба минбаъд такмил додани он, бартарафсозии мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда тадбирҳо андешиданро супориш дода буд.

Чанде пеш зери раёсати Президентамон маҷлиси видеоселекторӣ бахшида ба иҷрои вазифаҳое, ки дар вохӯрии 5-ӯми январ оид ба ҳалли масъалаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва истиқболи тараққиёти он бахшида шуда буд, дар бобати минбаъд баланд гардидани самарабахшии хизмати тиббӣ, босифат иҷро намудани вазифаҳои бартариноки ин самт супоришот дод.

Табибон ва ҳамшираҳои шафқати поликлиникаи мо дар 4 ҳазору 232 ҳавлӣ хона ба хона гашта, дар бобати пешгирии беморӣ сӯҳбату чораҳо меандешанд, ки мардум ин ғамхориро эҳсос менамояд ва аз ба роҳбарони давлат, ҳокимияти ноҳия ва маъмурияти иттиҳодияи нигаҳдории тандурустӣ ва поликлиника миннатдор ҳастанд.

Ҳамшираҳои тиб Диловар Раҷабова, Наргиза Олимова, Лола Баҳриева, Дилдора Ӯрунова ва дигарон аз рӯи ҷадвал хона ба хона мегарданд.

Ҳамшираи калон Шаҳло Мардонова, Мавсума Олимова низ вазифаи худро аъло иҷро мекунанд.

Бояд таъкид намуд, ки шахсан ман беш аз 50 сол дар як ҷо ва дар як вазифа ҳамчун ҳамшираи калон кор кардам.

Агар гӯям, ки тамоми ҳамшираҳои шафқати поликлиника шогирдони ман ҳастанд, муболиға нахоҳад шуд.

Хуллас, мо ходимони поликлиника барои баланд бардоштани сифат ва дараҷаи хизмати тиббӣ камарбаста ҳастем.

Маҳбуба ВОСЕЕВА, ҳамшираи шафқати поликлиникаи марказӣ, аълочии нигаҳдории тандурустӣ

ДАР АКС: ҳамшираҳои тиб Шаҳло Мардонова ва Мавсума Олимова

Аксбардор Баҳодури ЗОҲИР


Дата добавления: 17/02/2017 10:01;   Просмотров: 1450
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку