Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

САЛОМАТӢ - АСОСИ МУВАФФАҚИЯТҲО

Инсони солим, пурқувват, шуҷоъ, соҳибмаълумоту ҳунарманд пешбарандаи ҳаёти фаровон ва ободгари мамлакат аст. Дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакатамон сохтори маҳалла ба куллӣ тағйир ёфта, кӯчаҳои аксари маҳаллаҳо ободу чароғон гардид. Мо инро дар намуди Равонаку Оқмасҷид, Андиҷониву Рустам барин маҳаллаҳои ноҳия мушоҳида намудем.

Маҳаллаи Оқмасҷид дар замони ҳукумати Шӯро низ мавқеи ба худ хосро соҳиб буд. Солҳои 60-70-уми асри гузашта дар хамгашти сероҳаи маъруф (мардум то имрӯз он ҷоро ГАИ ном мебаранд) шифохонаи дуошёна бунёд гардидааст. Бештари сокинони 50-30-солаи маҳаллаҳои атроф иброз медоранд, ки дар шӯъбаи таваллудхонаи ҳамин шифохона ба дунё омадаанд. Ин бинои табобатхона бо талабу дархости роҳбарони маҳалливу давлатӣ, сокинони деҳшӯроҳои Даштаки болову Қӯлбаи поён ва заҳматҳои депутати Шӯрои Олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Музаффара Абдуллоева бунёд гардида буд. Ин зани шуҷоатманду доно, роҳбари чашмикордон солҳои зиёд дар ин маскан ҳамчун сардухтур адои вазифа намуд. Баробари ба дарди бисёр беморон малҳам гардидан шогирдони зиёдро тарбия намуд. Шогирдонаш низ мисли худаш хоксору меҳнатқаринанд, мисли терапевтҳо Зулфия Муҳаммадиева, Замира Маъмурова, Замира Акрамова ва Назира Буранова ҳамеша дар хизмати халқанд.
Соли 2019 шифохона ба Маркази табобатӣ табдил ёфт. Дар қабати дуюми шифохона шӯъбаи терапеяи ҳисоби хоҷагии шифохонаи марказии ноҳия фаъолият дорад. Бо сарварии сардухтур Назира Буранова беморон шифо меёбанд. Аксари беморон аз маҳаллаҳои атроф ин ҷо барои табобат меоянд.
Бо ташаббуси сардори шӯъбаи терапея, Аълочии ҳифзи тандурустии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Назира Буранова бинои табобатӣ аз таъмири ҷорӣ баромад. Дар ин кор хизматҳои мудири шифохонаи марказии ноҳия Фурқат Валиев калон аст. Шифохона бо асбобу ашёҳои замонавии тиббӣ, таҷҳизоти нав таъмин гардид.
Хурсандии ҷамоа ҳадду канор надорад. Ҳоло шифокорони меҳрубон Назира Буранова ва Саодат Сатторова ба дарди беморон шифо меҷӯянд. Ҳамшираи калон Самара Меликова, ҳамшираҳои шафқат Коммуна Муҳаммадиева, Шоҳсанам Раҳматова, Нигора Мавлонова, Манзура Саидова бо суханҳои ширин ба беморон нигоҳбонӣ мекунанд. Зилола Саидова, Масъуда Сувонова ва Гуландом Раҳматова барои тозаву озодагии бинои шифохона мекӯшанд.
Бояд гуфт, ки дар шӯъба муаммо кам нест. Автоматҳои қувваи барқ иваз карда нашудааст. Аз ин рӯ, дар фасли зимистон ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳӣ автоматҳои барқӣ тоб намеоранд ва чароғи барқӣ хомӯш мешавад. Умед дорем, ки бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз, ки давраи бедоршавии табиат аст, ҳамаи муаммоҳо бартараф мегарданд.

Раҳматилло ШАРИФЗОДА
Дар акс: лаҳзае аз ҷараёни кор


Последнее редактирование: 12/03/2020 16:07;   Просмотров: 682
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку