Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ПАРАЗИТОЛОГИЯ

илмест аз хусуси муфтхӯрон

Паразитология истилоҳи юнонӣ буда, аз калимаҳои паразит муфтхӯр ва илм таркиб ёфтааст. Он фаннест, ки морфология ва биологияи муфтхӯрон, инчунин, усулҳои ташхис,муолиҷа ва пешгирии беморони инвазионии ҳайвонотро меомӯзад.
Паразитология фаннест дар хусуси омӯзиши паразитҳост. Ба маврид аст, таъкид кунем, ки паразитҳо дар ҳамаи ҳайвонот,одамон буда метавонанд.Барои пешгирии чунин бемориҳо, мубориза бо паразитҳо китобҳои олимони мо навишта шуд ва ба нашр расид.
Барои чӣ мо мегӯем бемориҳои инвазионӣ? Онҳо аз натиҷаи будани ҷондорҳои муфтхӯр аст. Масалан, кирмон дар ҳайвонот аз ҳисоби онҳо рӯз мегузаронанд. Барои ҳамин онҳоро паразитҳо номидаанд. Ҳайвонот аз онҳо бемор мешаванд. Дар натиҷа шири онҳо, гӯшташон кам мешаванд. Аз ин бемориҳо, ки аз паразитҳо ба вуҷуд омдаанд, ҳайвонот метавонанд ба марг расанд.
Ин беморӣ дар натиҷаи хӯрдани гӯшти молҳои касал ба вуҷуди инсон мегузарад. Дар организми одамон кирмҳо, ки дарозиашон то 10 метр аст, пайдо шуданаш мумкин аст. Аҷаб аст,ки молҳои хонагӣ аз одамон ҳам бемор мешаванд. Хуллас, дар дунё 100 хели чунин паразитҳо дар одамон дарёфт ва тадқиқ шудаанд.
Вазифаи асосии паразитология ба ҳайси илм муҳофизати ҳайвонот, одамон, наботот аз паразитҳо аст.
Биологияи паразитҳоро омӯхтан низ аз вазифаи илми паразитология аст. Олимон дар натиҷаи омӯхтани биология корҳои муҳофизатиро мебаранд.
Биологияи кирмҳо аҷиб аст.Баъзе кирмҳо соҳиб доранд.Баъзе кирмҳо соҳиби охирин ва миёнаро доранд.
Аз ҳамин гуна касалиҳо дар охири асри гузашта бемории ришта дар Бухорову Самарқанд паҳн шуда буд. Одамон аз ин беморӣ ба танг омада, ба ҳузури табибон рафта, он риштаро аз танашон кашида мегирифтанд. Бо заҳматҳои профессор Л.М.Исоев ба ин беморӣ дар сарзамини мо барҳам дода шуд.

С. МУҲАММАДИЕВ,
доктори илмҳои биология, профессор


Дата добавления: 30/11/2018 11:58;   Просмотров: 1001
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку