Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

КОКУТӢ

Ин растании шифобахш аслан ба забони тоҷикӣ кокутӣ ном дошта, ба туркӣ кийик ӯти мегӯянд. Дар кӯҳҳои баланди Осиёи Миёна, Помир, Ҳимолой, Тян-Шон ва қаторкӯҳҳои Зарафшон месабзад.

Дар натиҷаи сафарҳои кӯҳӣ се навъи асосии кокутиро дар кӯҳҳои Оҳалику Миронқул дидаам, онҳоро ҷамъ намуда, истифода мебарам.
Намуди якуми он баргҳои гирдак ва таъми тундак дорад. Бӯяш хуши тез аст.
Дуюмаш, барги дарозрӯяи забони гунҷишкмонанд дорад, ки таъмаш гуворо ва фараҳоваранда аст.
Сеюм навъи он барги сиёҳи тираранг дорад. Бӯяш хуш аст. Ба узвҳои дохилии инсон тез таъсир мерасонад.Мизоҷаш гарму хушк аст.
Хислатҳои шифобахши кокутӣ:
чой карда бинӯшанд, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, балғамро пароканда ва бодҳоро таҳлил медиҳад. Балғамро хушк мекунад;
ғизои бадҳазмро сабук мегардад, боҳ (ҷинсият)-ро меафзояд, ба хӯрдан иштиҳо меоварад; шуш, меъда, ҷигар ва рӯдаҳоро аз балғам ва рутубатҳои зарарнок пок менамояд; баромадани бухорҳоро ба майна манъ мекунад, оруғи балғамиро дафъ месозад; дарди дандон ва дарди суринро, ки сабабаш ҷамъ шудани моддаҳои хунук бошанд, таскин медиҳад; дарди хичак ва бачадонро дафъ мекунад, пешоб ва ҳайзро равон менамояд, инчунин, бар зидди заҳрҳо тарёк аст.
Ба зери забон баргашро ос карда, даме тоқат кунанд, чашмро равшан мекунад. Бо гули он мураббо пазанд, барои манъи саршавии сактаи дил доруи хуб аст. Кокутиро бо оби анҷири тар бихӯранд, дамкӯтаҳӣ ва сурфаро шифо мебахшад.
Агар бо анҷири хушк бихӯранд, арақ меоварад ва ранги рӯйро некӯ ва тоза мекунад.
Кокутиро ба монанди чой дам карда, як чумчаи онро ба чойник андохта, пас аз 15 дақиқа истифода баранд, барои давоҳои ислоҳовар фоидаи хубе дорад. Дар меъда ҳазм наёфтан, ногувор шудани таъом, бадбӯ гаштани ғизо дар меъда ва турш шудани онро дар узвҳо ба ислоҳ меоварад. Инчунин, беҷо шудани дил, дарди дил, кулинҷҳои бодӣ, балғамӣ, дарди рӯдаҳо, кирми меъдаву рӯдаҳоро хориҷ менамояд.
Агар бо сиркои ангурӣ ва асал гули онро омехта карда, пас аз як шабонарӯз истеъмол кунанд, дилро қавӣ мекунад, боҳро (ҷинсият)-ро ба ҷунбиш медарорад. Барои сипурч давои хуб аст.
Кокутиро бо асал омехта намуда, пас аз ҳаммом дар ҳамон ҷой ба узвҳои бадан бимоланд, варамҳои сахт, радикулит ва дарди суринро шифо мебахшад.
Кокутӣ ба фишори баланди хун фоидаи беназир дорад. Таҷрибаи чандинсолаи худам нишон дод, ки шахси аз рӯйи меъёр истифодабарандаи он ба касалии фишори хун гирифтор намешавад.
Истифода бурдани кокутӣ дар як шабонарӯз пеш аз хӯроки пешин ва бегоҳӣ 22,5 грамм аст. Аз ҳад зиёд истифодаи он фишори хунро паст мекунад.

Ӯ. ЗИЁЕВ, деҳаи Миронқул


Дата добавления: 04/08/2017 15:37;   Просмотров: 1561
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку