Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДИЛЁБИ ПИРУ БАРНО

Зокирҷон Султонов касби бошарафи духтури дандонро пеш бурда, ба мардум аз таҳти дил хизмат мерасонад.

Зокирҷон Султонов соли 1961 дар маҳаллаи Навободи ноҳияи Самарқанд таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми мактаби таълими умумии рақами 39 солҳои 1978 - 1983 дар Донишкадаи тиббии Доғистон таҳсил гирифтааст.
Соли 1983 фаъолияти меҳнатии худро дар поликлиникаи стоматологии вилоят оғоз намудааст. Се сол баъд ба поликлиникаи стоматологии ноҳияи Самарқанд омадааст. Соли 2007 дар маркази ноҳия идораи худро кушодааст.
Зокирҷон Султонов стоматологи тоифаи олӣ мебошад. Вай маҳорати касбии худро доимо такмил дода, бо ширинсуханӣ аз қалби мизоҷон ҷой мегирад. Дарди дандон, ки касро бисёр азоб медиҳад, бо оҳу нола ба назди шифокор меояду баъди муолиҷа аз дард фориғ гашта, шифокорро дуо мекунанд.
Шогирдаш Сӯҳробҷон Ғиёсов низ мисли устодаш касби худро дӯст медорад ва ба корафтодагон самимона хизмат мерасонад.
Зокирҷон китобхониро ниҳоят дӯст медораду мухлиси асарҳои бадеӣ мебошад. Вақтҳои холиашро бештар бо мутолиаи рӯзномаҳо ва журналҳои тиббӣ мегузаронад. Ӯ инсони ниҳоят хоксору хушгуфтор аст. Ба пиру барно муносибати хуш дорад.
Зокирҷон Султонов риштаи ҳаёти худро бо акушер - гинеколог Мухлиса Исломова пайвастааст. Онҳо якҷоя чор нафар фарзандони хушахлоқу бомаданиятро тарбия намудаанд, ки ҳоло баҳри халқу Ватан хизмати шоиста мекунанд: Марворидбону - омӯзгор, Зарнигорбону - ҳамшираи шафқат, Зафарҷону Заршедҷон давомдиҳандаи касби падаранд.

Раъно БОЙБЕКОВА,
ҳоҷибибӣ, сокини маҳаллаи Рустами ноҳияи Самарқанд


Последнее редактирование: 09/11/2018 15:14;   Просмотров: 1018
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку