Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АЗИЗУ ДАРДОШНО

Азизу дардошнои ҳар як дилшикаставу дардманд будан кори ҳар кас нест. Барои ин соҳиби дили бузург будан лозим. Тасаввур кунед: худ хеле ташнаеду пиёлаи пуробро ба ташналаби дигар муроот мекунед. Худ кори таъҷилӣ дореду вақти хешро барои ободии рӯзгори дигаре сарф месозед. Ин амали хайрандешона ба маънии зиндагии мудири шӯъбаи реаниматсияи Иттиҳодияи тиббии ноҳия Аъзамҷон Муртазоевич Муҳаммадиев табдил ёфтааст.

Ба дилу ёди яке аз муаллифони ин сатрҳо он рӯз ҷовидона нақш бастааст. Модари меҳрубон бегоҳии рӯзи 16-уми декабри соли 2017 ногаҳон ба бемории фалаҷи майнаи сар (инсульт) дучор гардида, бо мадади Ёрии таъҷилии тиббӣ ба шӯъбаи реаниматсияи Иттиҳодияи тиббии ноҳия расид. Мудири шӯъба Аъзамҷон Муртазоевич Муҳаммадиев акнун либоси кориро бадал намуда, роҳи хонаро пеш мегирифт . Агарчӣ навбатдорони шӯъба он шаб духтурони дигар буданд, ӯ ба коргоҳ баргашта, ба сари бемори вазнин - модар расида омад. Мутахассисони соҳаро даъват карда, ҳолати беморро муоина намуд ва доруҳо фармуд. Бо чашми сар ва дидаи дил эҳсос мешуд, ки Аъзамҷондухтур барои ҷон ба саломат мондани модар ранҷи бисёр мекашад. Пайваста сигор дуд мекунаду бо панҷаҳои дасти рост чун шона ба торҳои мӯйи сафедгаштааш мезанад. Дар ин лаҳза фикрҳои наве ба сараш меояду назди беморон медавад... Ба занги телефони дастиаш, ки пайваста садо медод, эътиборе намекард.
Ҳамин вақт бемордорон аз духтуре фаҳмиданд, ки Аъзамҷон Муртазоевич зодрӯз дорад. Мардум ӯро табрик карданӣ мешаванд. Ба хонадонаш низ даҳҳо нафар интизори соҳибҷашн ҳастанд. Вале ӯ овораи шифоёбии бемор асту роҳаташро аз саломат мондани касе медонад. Вақте ки ин навид ба гӯши яке аз муаллифони ин сатрҳо расид, аз дарбон иҷозат пурсида, назди Аъзамҷон Муҳаммадиев рафт ва гуфт:
- Духтури мӯҳтарам, мебинам, ки ҳамкорони дигаратон низ ба саломатии модари ман бефарқ нес- танд, ҳаракат доранд, ташаккур ба шумо, ки рӯзи мавлудатон ҳам аз роҳ гашта, садоқати касб мекунед. Зодрӯзатон муборак, бигзор мошине шуморо то хонаатон расонад, ки меҳмонон озурдахотир нашаванд.
- Бародар, ҳамаи он меҳмонҳо маро гуфта ба хонаам омадаанд, ман бошам савганди хӯрдаам, эҳтироми модару шуморо ба ҷо оварда, ин ҷо монам, чӣ мешавад?! Меҳмонҳоро пагоҳ ҳам диданам мумкин. Бояд имшаб ҳамагӣ хатарро аз сари модар дур кунем.
Ҳамин лаҳза фарзанди бемор ба бузургии дили дардошнои духтури худшинос таъзим ба ҷо овард ва аз дидагонаш, ки то ин вақт гӯиё шах шуда буданд, ашк ҷорӣ шуд. Ӯ бори дигар боварӣ ҳосил кард, ки Аъзам Муҳаммадиев баробари духтури пуртаҷриба будан инсони шариф ҳам ҳаст. Шукри будани ӯ. Чунин лаҳзаҳо ва ба назар корномаҳо дар таҷрибаи кории чилсолаи Аъзамҷон Муҳаммадиев, ки унвоне надораду халқи қадршинос баҳои бузургу олӣ додааст, зиёд аст.
Вақте ки ин вазифаи пурмасъулро аз устодаш табиби номӣ, номзади фанҳои тиббиёт Толиб Аҳтамов қабул мекард, дар дилу ҷисми худ ваъда карда буд, ки шаборӯз дар хизмати дардмандон мешавад. Охир, дар шӯъбаи реаниматсия беморони вазнинтаринро меоранд. Агарчи на ҳамаи онҳо аз ин шӯъба бо пои худ мебароянд, Аъзамҷондухтур ба виҷдони худ иқрор аст, ки тамоми муолиҷаро барои беҳбудии тансиҳатии бемори худ кардааст. Агар аз беэътиноӣ ё беэътиборӣ касалро дер овардаанд, ин гуноҳи ӯ нест!
Аъзамҷон Муртазоевич Муҳаммадиев дар оила низ ёри вафодор ва падару бобои мӯътабар асту дарвозааш барои мардуми корафтода шому саҳар кушода.
Бигузор худи духтур низ доимо сиҳҳатманд бошаду табассум аз рухсор, нуру меҳр аз чашму дилаш дур мабод. Ҷовидона азизу дардошно гардад. Иди касбӣ муборак!

Зоҳир ҲАСАНЗОДА
Озод ҲАМИДЗОДА


Последнее редактирование: 09/11/2018 15:13;   Просмотров: 1018
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку