Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АЗ СУБҲ ДАР ҒАМИ САЛОМАТӢ

ОҒОЗ
Рӯзи 16-уми марти соли 2016. Аҳли маҳаллаи Шӯрбойӣ ба сайли наврӯзӣ тайёрӣ медиданд. Бонувони маҳалла дар тараддуди пухтани таъоми идонаи сумалак дар гирди дег ҷунбу ҷӯл доштанд. Яке сабза меоварду дигаре аз он нарма омода месохт. Саввумӣ об мекашониду шахси чорум чормағзу сангча мешуст...

Ин лаҳза раиси маҳалла Асадулло Каримов назди зану духтарон омада, аҳвол пурсид. Гуфт, ки барои боз ҳам тезтар иҷро гардидани кор чӣ кӯмаке лозим?!
- Ташаккур. Ҳамааш дар ҷояш, - аз номи дигарон низ ҷавоб дод сарвару ташаббускори бонувон, собиқадори маориф, Аълочии таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Маҳфиза Ҳамроқулова ва раиси маҳалларо бо тарзи ороиши дастархони идона шинос кард. Асадулло Каримов мамнунона ба сӯи ҳашарчимардҳо, ки овораи ободонӣ буданд, рафт.
- Хоҳаракони азиз! - сӯи бонуҳо меҳрборона назар дӯхта сухан оғоз кард муаллима Маҳфиза Ҳамроқулова. - Медонед? Ман ба комитетбобо ҳамааш хуб гуфтаму лекин аз афту дарафти корамон қаноатманд нестам. Хеле суст меҷунбем. Дуруст аст, ки аз зимистон баромадем, ҳама камқувватем, лекин хомфарбеҳ ҳам шудаем. Аз камҳаракатӣ пойҳоямонро базӯр мебардорем. Гӯиё мо солхӯрдагон ҳама дардмандем. Наход чунин бошад?!
- Дуруст гуфтед, ки дангоса шудаем, - иброз доштанд аксарияти занҳои миёнсол, - ин ҳолатро пешгирӣ карданамон лозим.
- Агар ҳамин хел рафтан гирад, шӯйҳоямон дар ҷустуҷӯйи зани харобу чолок мешаванд! - шӯхӣ кард яке аз занҳо. Ҳама баробар хандиданд.
- Шукр, мардҳои Шӯрбойӣ бовафо, ин корро намекунанд, лекин аз саломатӣ бохабар шудан лозим! - таъкид намуд Маҳфиза Ҳамроқулова.
- Муаллима, шумо кимчихел таклиф дореду гапа аз дур сар мекунед-дия... - ба сӯи муаллима бо назари тааҷҷуб нигарист яке аз пиразанҳо.
- Хуб дарк кардед. Таклиф дорам. Лекин метарсам, ки он ба Шумо маъқул нашавад, ҳам аз кор мемонеду ҳам аз болоям механдед...
- Фикратонро гӯед муаллима, кор гурехта намеравад, ҳоли ҳозир ҳамаашро худамон ба охир мерасонем, ба мо бовар кунед!- аз номи як гурӯҳ арӯсакону гулдухтарон ваъда дод ҷавонзане. Ҳама гапи ӯро қувват доданду ба атрофи муаллима ҳалқасон гирд омаданд.
- Биёед, клуби спортчизанҳоро мекушоем. Саҳарӣ метозем, бо ҳар гуна машқҳо баданамонро обу тоб медиҳем. Ҳам аз нафасгардӣ халос мешавему ҳам бо хомфабеҳӣ ба нағзӣ хайру хуш мекунем. Агар розӣ бошед, масъалаи ҷойи машғулот ва асбобҳои варзиширо бо сардори маҳалла ва директори мактаб ҳал мекунем...
Маҳфиза Ҳамроқулова сухан мекарду ба рӯи занҳо синчакорона назар медӯхт: Оё фикраш ба атрофиён маъқул мешуда бошад?!
Баробари тамом шудани пешниҳод ҳама якбора кафкӯбӣ карданд. Ин рамзи ҳамфикрӣ буд...
Ҳамон сол ҷашни Наврӯз басо фаромӯшнопазир гузашт.
ВАЪДА БО ВАФОЯШ ЗЕБОСТ...
Аввалҳо муаллима гумон кард, ки занҳои маҳалла ба фикри ӯ рӯякӣ розӣ шуданду қарсак заданд. Охир, аз субҳи солеҳ хеста давидан кори ҳар кас ҳам нест!
Бо вуҷуди он нақша мекашид, ки кадом машғулоти варзишӣ фоидаовартар аст. Аз рӯи китобҳои мутахассисони соҳа раҷҷа меофариду ба дафтараш менавишт. Китобҳои Полл Брег сарманшаи корбасти ӯ буданд. Аз рӯи синну сол машқҳоро тақсим кард. Ба муаллимони варзиш нишон дод. Занону духтарони маҳалла ӯро дар куҷое бинанд, мепурсиданд, ки кай машғулотро сар мекунем?
Шукр, раиси маҳалла Асадулло Каримов ва директори мактаб Нилуфар Маҷидова муаллимаи собиқадорро хуб дастгирӣ карданд. Спортзали мактаб ҳар субҳ ба ихтиёрашон дода шуд. Чанде аз асбобҳои аёнии варзиширо низ худашон сохтанд. Масалан, ба ҷои гантели вазнбардории сабук ба зарфи "баклашка" хок пур карда, мебардоштагӣ шуданд... Ба ҳар ҳол, шароит ҳал шуду машқи аввалин рӯзи 16-уми апрели соли 2016 сар шуд. Муаллима ба ваъдааш истод. Сафи иштирокчиёни машғулот аз маҳаллаҳои Шӯрбойӣ, Шӯрбойича, Равонак, Чаман ва ғайра қариб ба сад нафар расид...
ШӮҲРАТИ МАҲФИЛИ СПОРТЧИЗАНҲО
Вақти машғулот рӯзҳои зимистон аз соати 6:30 то 7:30, тобистон бошад, аз 5.50 то 6.30 муайян шудааст. Аъзоёни маҳфил, ки ба модару духтар, апаву хоҳар табдил ёфтаанд, рӯзона низ аз ҳам дур нестанд. Ба мусобиқаҳои спортии ноҳияву вилоят иштирок карда, ҷойҳои намоёнро соҳиб гаштаанд. Бо навбат ба аёдати беморон мераванд. Бо ҳамҷиҳатӣ ҷашни Наврӯз ва идҳои дигарро дар маркази маҳаллаи Шӯрбойӣ мегузаронанд. Лаҳзаҳои шодиву ғамро китф ба китф гузошта, паси сар мекунанд.
- Вақте ки шодравон Мусаввара Ҷумъаева мудири шӯъбаи таълими халқи ноҳия буд, ба мо таклиф даровард, ки дар либоси варзишиамон ягон хел ҷиҳати миллиро дохил кунем. Ва бо пешниҳоди ӯ дар ҳошияи либосҳоямон матои миллии атласро дӯхтем. Аз ин бозёфт ҳам мо хурсанд будему ҳам Мусаввараи раҳматӣ. Афсӯс, умри дароз ба Мусаввараи меҳрубон насиб накард. Ӯ доимо моро дастгирӣ менамуд, - оҳи бадарде кашид М.Ҳамроқулова.
Ҳоло маҳфили спортчизанҳои Шӯрбойӣ нақшаҳои зиёд дорад. Дар ин роҳ Мавҷуда Қудратова, Гулнора Ғиёсова, Санобар Маллаева, Соҷида Шодиева, Гулчеҳра Кенҷаева, Маҳрӯза Фаттоева, Баҳора Собирова, Раъно Давронова, хоҳарони варзишгар Санталат, Мавҷуда, Истадпӯлод ва дигарон саҳми босазо доранд. Аз субҳи содиқ, ки дар ғами саломатӣ аст, албатта ба мақсад мерасад.

Озод ҲАМИДЗОДА
Дар акс: лаҳзаи ҳаёти спортчизанҳои маҳаллаи Шӯрбойӣ


Последнее редактирование: 15/03/2019 11:57;   Просмотров: 953
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку