Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АСРОРИ ДАРОЗУМРӢ

Ба Офаридгор шукри беандоза, ки синнам ба 91 расид. Худро чолоку бардам ҳис мекунам. Дар мактаб 38 сол омӯзгорӣ кардам. Асоси дарозумриву солимӣ ҳаракат аст. Инсон чӣ қадар меҳнати ҷисмонӣ намояд, ҳамон қадар умраш дарозу бедард мешавад. Аксар аз беҳаракативу риоя накардан ба қоидаи дурусти хӯрокхӯрӣ ба бемории диабети қанд дучор мешаванд.

Агар инсон ҳар саҳар меҳнати ҷисмонӣ намояд ва аз истеъмоли хӯрокҳои равғанину пурхӯрӣ парҳез намояд, аз ин беморӣ худро нигоҳ медорад.
Ҳаёти худро бе гул тасаввур карда наметавонам. Бӯи гул асабҳоро ором намуда, ба дил қувват мебахшад. Аз зебоии гул чашмонам равшан шуда, худро хушҳол эҳсос менамоям. Садбарг рамзи бахт аст. Он ҳафтод балоро дур мекунад. Аз қаламча гули нав пайдо кардан эҷодкорист. Онро чун фарзанд нигоҳубин мекунам. Ҳоло дар ҳавлӣ гулҳои гелореядей, элдорато, блаш, верано, садбаргҳои гулобӣ, сафед ва сурхро парвариш менамоям. Ҳар сол зиёда аз ҳазор адад гули гуногунро пешкаши гулдӯстон мекунам.
Гул риштаи меҳру муҳаббатро байни инсонҳо мустаҳкам мекунад. Ғазабу нафрат, бадбиниву ғазабро дур карда, ба лабҳо табассум, ба дида нур, ба дил сурур мебахшад. Азизон, дар ҳама ҷо гул коред, аз дардҳо фориғ гардед ва умри дароз бинед.

Саидмурод ИЛЁСОВ, гулпарвар.


Дата добавления: 26/11/2021 11:55;   Просмотров: 412
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку