Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЗАНИ НЕК ОФИЯТИ ЗИНДАГОНӢ БУВАД

Таҳти роҳбарии сарвари давлатамон дар самти баробарҳуқуқии зан-духтарон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, беҳдошти саломатии модар ва кӯдак корҳои ибратбахш ба фарҷом мерасанд. Дар Муроҷиатномаи Президентамон ба Маҷлиси Олӣ низ ба ин масъала аҳамияти калон дода шуд. Сӯҳбати мо бо ҷонишини ҳоким, раиси кумитаи зан-духтарони ноҳия Зулфия Рофиева дар атрофи ҳамин масъала ҷараён гирифт.

- Дар ноҳияи мо аҳолӣ қариб 250 ҳазор нафарро ташкил карда, аз онҳо наздики 120 ҳазор нафарашон зан-духтаронанд, - иброз дошт Зулфия Тӯхтамишевна, - ҳамаи онҳо дар ҳисоби 150 ташкилотҳои ибтидоии шӯрои зан-духтарон буда, дар корҳои ҷамоатӣ фаъоланд.
Соли гузашта дар арафаи иди байналхалқии зан-духтарон 8-уми март муаллимаи мактаби рақами 22-и ноҳия, сухандони бомаҳорат Азиза Зокирова ва шифокори Иттиҳодияи тиббиёти ноҳия Замира Маъмурова бо нишони "Зани мӯътабар" сарфароз гардиданд.
Бояд таъкид намуд, ки соли гузашта бонувони ноҳия боз ба бисёр комёбиҳо ва мукофотҳои баланд соҳиб шуданд. Дар ноҳия 74 маҳалла арзи вуҷуд дошта, дар идораҳои ҷамъомади шаҳрвандӣ 34 нафар бонувони соҳиби маълумоти олӣ ва 37 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус дар лавозимҳои гуногун адои вазифа мекунанд.
Дар ноҳия захираи кадрҳои лидер таҳия гардид, ки дар байни онҳо 71 нафар зан-духтарон ҳастанд.
- Зулфия Тӯхтамишевна, дар ноҳия таъминот бо меҳнати фоиданок чӣ хел аст?
- Барои ҳокими ноҳия ба анъана табдил ёфтааст, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар гузару маҳаллаҳо қабули сайёр гузаронад. Танҳо соли гузашта бо масъалаи кор 735 нафар зан-духтарон ба ҳокимият муроҷиат кардаанд. Аз онҳо 403 нафар аз рӯи ихтисосашон ба кор қабул шуданд. Зеро соли гузашта шаш маротиба ярмаркаи меҳнат баргузор гардида буд. Воқеан, 78 нафар бонувон барои омӯхтани касб ба устодони соҳибтаҷриба шогирд шуданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки анъанаи устоду шогирд ҷорист.
- Нисбати муаммоҳои оилаҳои нотинҷ ва бекоркунии никоҳ дар байни мардум гап бисёр...
- Чӣ ҷои руст кардан аст, дар ноҳия 298 то оилаҳои нотинҷ ҳастанд, ки ба фаъолони маҳалла, нозирони профилактика, шахсони рӯзгордида вобаста шудаанд. Соли гузашта 250 оилаи ҷавон вайрон шуд. Мо сабаби онро санҷидем. Маълум гардид, ки асоси низои онҳо ба ҳаёти мустақил тайёр набудани ҷавонон аст. Сонӣ, тӯй ва хароҷотҳои пурдабдаба, ки зери шиори "ман аз фалонча кам нестам" воқеъ мегарданд. Хушбахтона, қарори ҳукумат оид ба танзим овардани тӯй ва дигар маросимҳо ба ҳаёт ҷорӣ гардид, ки аллакай тарафи неки онро мушоҳида мекунем.
Маърифатпарвар Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ сад сол қабл аз ин гуфта будааст, ки дар байни мо ду душмани бадтол ҳаст: тӯй ва маъракаҳои азодорӣ.
- Бо тақозои касби журналистӣ дар чанд қабулҳои сайёри ҳокими ноҳия ширкат варзида, шоҳиди он шудам, ки ҷанҷоли оилаҳои нав ва ҳалли муаммоҳои онҳо ба зиммаи шумо гузошта мешавад. Акнун гӯед, ки барои вайроншавии оила ҷониби домод гунаҳкор ё арӯс?
- Саволи ниҳоят дилхарош. Иқрор шудан лозим, ки паллаи гуноҳ бештар дар тарафи келин аст. Ҳазор сол пеш Абулқосим Фирдавсӣ навишта будааст:
Беҳини занон дар ҷаҳон он бувад,
К-аз ӯ шӯй ҳамвора хандон бувад.
Бинобар ҳамин дар назди Шӯрои зан-духтарони ноҳия ва шӯъбаи қайди ақди никоҳ мактаби оиладорӣ ташкил ёфтааст, ки сӯҳбату баромади сарварони оилаҳои тинҷу намунавӣ, руҳшиносон, олиму пешвоёни дин, нозирони милитсия, ходимони идораҳои ҳуқуқу тартибот пешбинӣ шудааст. Бо вуҷуди авҷ гирифтани корҳои маънавию маърифатӣ дар ноҳия 146 адад оила дар асоси никоҳи шаръӣ ба рӯйхат гирифта шуда, аз онҳо 43 адад никоҳро аз рӯи қонун ба расмият гирифтем. Аммо ҷавонҳои булҳавас кам нестанд. Ба онҳо низ байти муносиб ҳаст:
Набошад ёр чун ёри нахустин,
На ҳар маъшуқ чун маъшуқи пешин.
Аммо зани нек мардро тоҷбасар кунад, гуфтаанд...
- Зулфия Тӯхтамишевна, ба мухлисони рӯзнома роҳи ҳаёти шумо шавқовар аст.
- Дар оилаи маърифатпарварон чашм ба олами ҳастӣ кушодаам. Сол 1986 Донишкадаи педагогии ба номи устод Садриддин Айниро хатм кардам. Фаъолияти меҳнатиро дар яке аз кӯдакистонҳои шаҳри Маскав оғоз намудам. Зеро бо ҳамсарам Шариф Аминҷонов ду сол дар пойтахти Русия умр ба сар будем. Пас аз бозгашт ба Самарқанд дар кӯдакистони рақами 26 мудира бурдам. Ду сол аст, ки ҷонишини ҳоким ва раиси кумитаи зан-духтарони ноҳия ҳастам. Соҳиби се нафар фарзанд ва набераҳои ширин мебошам.
- Инак, аз саршавии соли нав ҳам зиёда аз як моҳ сипарӣ шуд...
- Барҳақ, умр зуд мегузарад. Баъзан инсон ба қадри он намерасад. Бо ташаббус ва ғамхории Президентамон барои дониш гирифтан ва касб омӯхтани фарзандон тамоми шароитҳо муҳайёст. Аммо ҷавонони мо аз ин имконият кам истифода мебаранд. Телефон, интернет, ҳамаи ин аслиҳаҳои техникӣ лозим, аммо аз он бояд дуруст, меъёрро вайрон накарда истифода бурдан равост. Аз имконият истифода бурда, ба ҳамаи самарқандиён сиҳатмандиву саодатмандӣ ва комёбӣ мехоҳам.
- Барои сӯҳбат ташаккур.
- Саломат бошед!

Мусоҳиб
Зоҳир ХАСАНЗОДА


Последнее редактирование: 14/02/2020 11:16;   Просмотров: 661
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку