Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҶАВДАТИ САМАРҚАНДӢ

Абдулғанӣ Раҳмон, мутахаллис ба Ҷавдат, соли 1886 дар деҳаи Боғибаланди ноҳияи Самарқанд дар хонадони деҳқони камбағал таваллуд шуда, таҳсили ибтидоиро дар мактаби кӯҳнаи деҳааш гирифта, сипас дар мадрасаи Тиллокории Самарқанд идома додааст.

Соли 1918 идораи маорифи халқии шӯравӣ ташкил карда мешавад ва Абдулғанӣ Ҷавдат мудири шӯъбаи мактабҳо таъин мегардад. Бо ташаббуси ӯ дар гузари Қӯшҳавз ба ҷои мактаби кӯҳнаи дар паҳлӯи масҷидбуда мактаби нави услуби замонавӣ кушода мешавад. Ҳамон сол кумитаи ҳизбӣ ташкил мешавад ва соли 1920 Ҷавдат котиби якуми Кумитаи ҳизбии Самарқанд таъйин мегардад ва худи ҳамон сол дар шаҳри Боку, дар Конгресси Байналхалқӣ ширкат меварзад. Мавсуф соли 1924 котиби якуми ҳизбии Каттақӯрғон таъйин мешавад ва соли 1925 бо қарори Кумитаи Марказӣ аз Самарқанд 52 нафар ва дар қатори онҳо Ҷавдат ба Тоҷикистон фиристонида шуда, ба ҳайси мудири шӯъаи мактабҳои ноҳияи Панҷакент ифои вазифа менамояд.
Соли 1926 Ҷавдат ба ҳайси котиби ҳизби вилояти Ғарм таъйин мешавад ва дар ин лавозим дар муддати се сол кор карда, пас то соли 1948 дар ноҳияи Айнии Тоҷикистон ва аз соли 1948 дар Бухоро ва Самарқанд дар вазифаи роҳбарӣ кор мекунад.
Абдулғанӣ Ҷавдат соли 1948 ба Самарқанд баргашта, ба ҳайси раиси комиссияи тафтишоти колхоз ифои вазифа менамояд, аммо соли 1951 ҳабс гардида, ба муддати 10 сол аз озодӣ маҳрум карда мешавад ва пас аз чаҳор сол бо сабаби исбот нагардидани гуноҳаш соли 1955 озод карда шуда, муддати се сол дар колхоз ҳамчун колхозчии оддӣ кор карда, соли 1958 ба нафақа мебарояд ва соли 1981 вафот мекунад.

Аз "Сипеҳри орзу"-и
Ҳаёт Неъмати САМАРҚАНДӢ

К Ӣ Б У Д Ӣ?

Имшаб ба куҷо рафтию меҳмони кӣ будӣ?
Паҳлӯзадаи болини айвони кӣ будӣ?
Аз гулшани рӯят гули наззора кӣ мечид?
Тарфи чаману булбули хушхони кӣ будӣ?
Шаб то ба саҳар бо кӣ сурудӣ ғазали ман?
Сӯҳбат ба кӣ кардию ғазалхони кӣ будӣ?
Аз дасти кӣ бурдӣ қадаҳи бодаи гулгун?
Нӯшидию хандидию хандони кӣ будӣ?
Чашмат ба имо ваъдаи ишрат ба кӣ медод?
Аҳди кӣ шикастию пушаймони кӣ будӣ?
Зулфат кӣ бибӯсиду шабонгоҳи висолат
Сӯзони дили Ҷавдату ҷонони кӣ будӣ?

Ҷавдати САМАРҚАНДӢ


Последнее редактирование: 13/09/2019 17:56;   Просмотров: 766
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку