Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

"ЯГОНАӢ, ВАТАНИ МУҚАДДАС!"

Дар Хонаи маданияти рақами 2 зинаи ноҳиявии озмуни ҷумҳуриятии "Ягонаӣ, Ватани муқаддас!" таҳти шиори "Ҷовидон шукуфон бош, Ӯзбекистони азизи ман!" баргузор гардид. Тадбирро бо сухани ифтитоҳӣ роҳбари шӯъбаи маданияти ноҳия Хурсанд Ғозиева кушод ва дар бораи мақсаду шартҳои озмун ҳарф зад.

- Ҳар сол бо баҳонаи озмун истеъдодҳои нав рӯйи саҳна меоянд, - гуфт раиси ҳакамон, роҳбари ансамбли халқии "Шашмақом" Фозил Очилов. - Ҳангоми баҳогузорӣ ба интихоби мавзӯъ, ғоя, тарзи иҷро ва маҳорати иштирокдор аҳамият медиҳем.
Иштирокдорон дар жанрҳои гуногун Ӯзбекистони соҳибистиқлолро васф намуданд. Маҳмудҷон Очилов, Фирдавс Саъдиев, Олим Пӯлодов ва дастаи эстрадаи миллӣ холи баландро ба даст оварданд. Ғолибон ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Ба ғолиб ва иштирокдорон ифтихорнома супорида шуд.


Последнее редактирование: 26/07/2019 16:39;   Просмотров: 761
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку