Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ХУРСАНДИИ БУЛБУЛОНИ БОҒИ ДОНИШ

Шогирдони мактаби таълими умумии рақами 26 таҳсилро дар соли хониши нав дар бинои зебову замонавӣ оғоз намуданд.

Бинои мактаб барои 320 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст. Дар соли хониши нав 30 нафар омӯзгор ба 310 нафар хонанда таълиму тарбия медиҳад. Дарсҳо дар ду баст бурда мешаванд.
- Мактаби мо соли 1968 сохта шудааст, - иброз дошт ҷонишини директори мактаб Рустам Шарипов. - Дар давоми солҳо танҳо таъмир мегардиду халос. Имсол бо ташаббуси ҳокимият ва даву този директори мактаб Башорат Ҳотамова ҳамчунин ҳомигии тадбиркор, инсони маърифатпарвар Сайфиддин Асламович мактаб аз таъмири капиталӣ баромад. Хурсандии омӯзгорону шогирдон ҳадду канор надорад.
- Дар ҷое, ки аҳлӣ аст, кор саҳл мешавад, - гуфт директори мактаб Башорат Ҳотамова. - Барои таъмир ҷамоаи тифоқ, бинокорони гулдаст аз як гиребон сар бароварда меҳнат намуданд. Ҳамаи омӯзгорон донандаи соҳаи худ ҳастанд. Чанде пеш муаллимаи пешқадам Моҳина Аҳророва дар озмуни вилоятии "Омӯзгори беҳтарини сол" ҷойи аввалро ишғол кард. Дар оянда ният дорем, ки аз қатори даҳгонаи мактабҳои пешсаф ҷой гирем.

Д.НАСИМОВА


Последнее редактирование: 10/09/2019 15:01;   Просмотров: 702
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку