Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ХОНАИ БЕКИТОБ МИСЛИ ҶАСАДИ БЕРӮҲ АСТ

Ҳар китоби наве, ки дастраси хонандаи асил мегардад, ин барои ӯ ҳамчун ид аст. Китоби нав барои ӯ сурур мебахшад, дари олами нави илму маърифатро мекушояд, раҳнамои ҳаёту зиндагониаш мешавад. Яке аз ҳамин гуна китобҳо, ки ба қарибӣ аз нашр баромада, ба дасти ҳаводорони адабиёт расид, ин маҷмӯаи дастҷамъии "Гулободнома" мебошад. Он бо кӯшишу ғайрати кормандони рӯзномаи ноҳиявии "Гулобод тонги" - "Субҳи Гулобод", ки ман ҳам қариб бист соли умрамро бахшидам, ба нашр омода гардидааст.

Душвории чопи китобро онҳое медонанд, ки боре ба ин кор сару кор дошта бошанд. Ин кор ниҳоят сангину пурмасъулият аст. Асарҳои беҳтарини муаллифони гуногунро таҳриру таҳия ва аз рӯйи як низоми муайян ҷой ба ҷой кардан кори басо мушкилу заҳматталаб аст. Бинобар ҳамин, ба ин кор ҷуръат намудани ходимони рӯзнома сазовори таҳсину эҳтиром аст.
Дар китоби "Гулободнома" намунаи эҷоди 50 нафар қаламкашони ноҳияи Самарқанд гирд оварда шудааст. Дар байни онҳо олимони адбиётшиносу забоншинос, нависандагону шоирон, ҳаводорони каломи бадеӣ ва ҳатто қаламкашони наврас ҳастанд, ки акнун ба арсаи эҷод қадам мегузоранд. Яъне, мундариҷаи китоб аз рӯйи синну сол тартиб дода шуда, ин кор бо мақсади дастгирии ҷавонон ва ҳамчун ворисони илму адаб ба воя расидани онҳо карда шудааст. Хонанда дар як китоб ҳам бо сурату тарҷимаи ҳол ва ҳам бо намунаи асарҳои онҳо шинос мешавад. Баробари ҳамин ба асарҳои эшон баҳо дода, дар бораи худи эҷодкорон тасаввурот пайдо менамояд.
Дар тақдимоти аввалини китоб, ки дар мактаби мусиқа ва санъати бачагони рақами 12-и ноҳия баргузор гардид, дар бораи аҳамият, мундариҷаву мӯҳтавои китоб ҳокими ноҳия Н.Мавлонов, ҷонишини ҳоким З. Рофиева, муҳаррири рӯзномаи "Гулобод тонги" Н.Каримзода, эҷодкорони ноҳия Р.Наимӣ, А.Шарофиддинова, З.Ҳасанзода, М.Камолӣ ва дигарон сухан ронданд. Зикр гардид, ки аз ин китоб ба ҳар як мактабу маҳалла низ тақсим карда мешавад. Онҳоро аҳли маҳалла ва мактаббачагон хонда, баробари дар тадбирҳо истифода бурдан бо эҷодкорони маҳали зисташон ошно мегарданд.
Мақсади мо дар ин ҷо таҳлилу баррасии ин китоб нест, балки танҳо зикри кори хайр ва рӯйобгардонии намунаҳои эҷоди суханварони ноҳияи Самарқанд аст. Ҳокими ноҳия Н.Мавлонов ҳам, ки дар ин кори савоб саҳмгузорӣ кардааст, лоиқи таҳсин аст. Мақсад аз ин навиштаҳо он аст, ки солҳои охир бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла, барҳам хӯрдани китобхонаҳои маҳаллаҳо, кам шудани дӯконҳои китобфурӯшӣ ва ғайра эътибор ба китобу китобхонӣ коҳиш ёфт. Ҳоло ҷойи манбаи донишро технологияҳои замонавӣ, телефону айфону ноутбуку компутерҳо гирифтаанд. Албатта, ҳамаи инҳо ҳам хубанд. Ҳамчун манбаи маълумотгирӣ ба одамон хизмат мекунанд. Ҳарчанд, ки дар онҳо китобҳои электрониро ҷой дода, ба таври онлайн хонданро тавсия менамояд, вале онҳо ҳаргиз ҷойи китобҳои чопиро намегиранд. Зеро баъди хондани шеър ё ҳикоя аз тариқи онҳо таассуроти зарурӣ дар хотираи одам боқӣ намемонанд.
Боиси хурсандист, ки солҳои охир бо саъйу кӯшиши Президенти мамлакатамон Ш.Мирзиёев доир ба масъалаҳои маданияти китобхонӣ, ба роҳ мондани фаъолияти китобхонаҳо, кушодани мағозаҳои китобфурӯшӣ ва баланд бардоштани сатҳи маънавияту маърифат қарору фармонҳои муфиде ба тавсиб расида бошанд ҳам, ҳанӯз дар ин бобат натиҷаҳои дилхоҳ ба назар намерасанд. Албатта, дар ин бобат сабабҳои дигари объектививу субъективиро фаромӯш набояд кард. Бинобар ҳамин, ҳоло одамони бомаърифату маданият то рафт камтар ба назар мерасанд. Таваҷҷӯҳи ҷавонон ҳам ба хондану илмомӯзӣ суст мегардад. Аз ҳамин сабаб дар байни мардум рафтору гуфтор ва ҳаракатҳои дағалонаи номатлуб реша медавонанд. Ба ақидаи психологҳо ҳамаи инҳо аз нахондан, надонистан ва беэътиборӣ ба сарчашмаҳои маънавияту маърифат аст.
Мардум то рафт ба чизпарастиву обрӯталабӣ рӯ овардаанд. Як ба шабакаҳои иҷтимоӣ дароед, бараъло ба инҳо гувоҳ мегардед. Суратҳои гуногуни худро гузошта, "чизаке" навишта бошанд, лайк мондану қарсак заданро талаб менамоянд. Мошинҳо, манзилҳои истиқоматии қасрмонанд доранду дар хонаи бисёре аз онҳо як рафи китобмонӣ вуҷуд надорад. Охир ба қавли файласуфи Юнони қадим Марк Тулий Ситсерон "Хонаи бекитоб мисли ҷасади берӯҳ аст". Пол Брегг ҳам мегӯяд, ки: " Барои мутолиа вақт ёбед. Он асоси дониш аст."
Ҳозир бисёриҳо ба манбаъҳои электронӣ умед мебанданд. Чопи китоб, ки душвору маблағи калонеро талаб мекунад, эҷодкорон ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои худро таъсис дода, намунаҳои эҷодашонро мегузоранд. Ин албатта, нағз аст. Бо асарҳои онҳо хонандагон сари вақт шинос мешаванд ва баҳравар мегарданд. Вале олими файласуф, профессори факултети таърихи Университети яҳудиён дар Исроил Ювал Ной Харари дар китоби бестселлери худ "Sapiens: мухтасари таърихи инсоният" менависад, ки минбаъд ба наслҳои оянда аз мо чизе боқӣ намемонад. Вай бо ин гуфтаҳояш якбора маҳв ё нобуд гаштани тамоми маводҳои электорониро дар назар дорад. Бинобар ҳамин, ба миқдори кам бошад ҳам, нашри китобҳои чопӣ айни муддао аст. Он ба ҳар як хонадон дарояд, бо мурури солҳо якчанд наслро тарбия мекунад, ҳамчун машъал шӯълаафканӣ карда, роҳи ояндаро мунаввар месозад. Файласуфи Юнони қадим Эпикур (341-270 то мелод) як умр мехост, ки чӣ будани бахтро донад ва ба одамон роҳи онро нишон диҳад.

Дар охир "Даҳ панд"-и ӯро пурра меорем, ки донистани он барои хонандагон аз фоида холӣ нест:
1. Ҳамеша кор кун.
2. Ҳамеша ошиқ бош.
3. Зан ва фарзандатро аз худ бештар дӯст дор.
4. Интизори ташаккур аз мардум надошта бош, аз носипосӣ ғамгин машав.
5. Дар муқобили душманӣ ба мардум панд бидеҳ ва дар баробари таҳқир табассум кун.
6. Аз алафи газна таноб битоб ва аз гиёҳи талх дору бисоз.
7. Танҳо барои ин, ки дасти афтодаеро бигирӣ, хам шав.
8. Ҳамеша ақлат ҳоким бар ғурурат бошад.
9. Ҳар шаб аз худат бипурс, ки имрӯз чӣ кори хубе кардаӣ.
10. Ҳамеша дар китобхонаат китоби тоза бигузор ва дар боғчаат ниҳоле бишинон.

Бахтиёри ҶУМЪА.


Дата добавления: 29/10/2021 11:45;   Просмотров: 448
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку