Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ХАЗИНАБОНИ МАЪРИФАТ

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фирӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Дарунаш ҳамчу ғунча аз варақ пур,
Ба қимат ҳар варақ з-он як табақ дурр.

Баҳора бо табъи болида вориди хона шуд. Аҳли оила бо тааҷҷуб сӯяш нигаристанд.
- Маошашро зиёд карданд ё ягон бурди дигар? - пурсид ҳамсараш, - хурсандӣ аз чист?
- Китобхона бой шуд, - табассум дар лабони Баҳора гул кард, - бо ташаббуси ҳокими ноҳия Шӯҳрат Ҷамолов раҳбарони идора ва ташкилотҳо 10 нусхагӣ китобҳои бадеиро тӯҳфа намуданд. Акнун мухлисони каломи бадеъ метавонанд ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ асарҳои муаллифи дӯстдоштаи худро аз китобхонаи мактаб гирифта мутолиа намоянд.
Бояд таъкид намуд, ки пас аз ташрифи ҳокими ноҳия ба мактаби рақами 52-юми маҳаллаи «Обод турмуш» корҳои ибратбахш ба фарҷом расид. Алалхусус, китобхонаи таълимгоҳ ғанӣ гашт.
- Дар мактаби мо 443 нафар талабагон буда, қариб ҳамаи онҳо китобхон ҳастанд, - гуфт мудираи китобхона Баҳора Ҳамроқулова бо кӯмаки онҳо шаби адабӣ бахшида ба адибу алломаҳо Алишер Навоӣ, Заҳириддин Муҳаммад Бобур, Чингиз Айтматов, Зулфия, Соҳибқирон Амир Темур ва дигарон гузаронидем. Дар оянда низ ин анъана идома хоҳад ёфт.
- Баҳора, адибони дӯстдоштаи шумо киҳо ҳастанд?
- Солҳои таҳсил дар мактаби рақами 95-ум (ҳоло 12) асарҳои устодон Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Ҳаким Карим, Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигаронро мутолиа мекардам. Муҳаббат ба адабиёт буд, ки дар бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудам. Баъди як сол дипломи мактаби олиро хоҳам гирифт. Воқеан, пас аз мустаҳкам гардидани риштаҳои дӯстии ду кишвари ҳамҷавор имконият пайдо шуд, ки ба Душанбешаҳр равам.
- Бо нақшаҳои ояндаи худ шинос мекардед?
- Сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи сарвари давлатамон аст, ки бародарию баробарӣ ҳукмрон аст. Ният дорем, ки дар мактаб синфи тоҷикӣ низ кушода, мисли нахустин устодам Соҷида Акобирова ба якумчаҳо сабақ диҳам. Барои ин тамоми шароит мавҷуд мебошад. Охир, аксарияти шогирдони мактаби мо тоҷик ҳастанд. Бузургон насиҳат кардаанд:
Ҳар кас, ки ба забони худ сухандон гардад,
Омӯхтани сад забон осон гардад.

Баҳодури ЗОҲИР
Дар акс: Баҳора
Ҳамроқулова ҳангоми қабули китобҳо. Аксбардор Б.ҚОДИРОВ


Дата добавления: 12/04/2019 15:19;   Просмотров: 880
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку