Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ВОРИСОНИ БЕҲЗОД

Шогирдони мактаби рақами 20 Шаҳзода Ҳасановаи 16-сола ва Далер Баҳронови 17-сола аз хурдсолӣ ба сураткашӣ майл доранд.

Шаҳзода модаркалонашро устоди аввалини худ меҳисобад. Аз маслиҳату суханони пандомези бибиҷонаш илҳом мегирад. Модаркалону набера суратҳои гуногун мекашиданд. Модаркалон истеъдоди Шаҳзодаро дида, ӯро ба маҳфили "Рассомони ҷавон" бурд. Шаҳзода алҳол аз устодаш Фарҳод Қаршиев асрори ҳунар меомӯзад. Шаҳзода ба тасвири натюрморт, портрет ва пейзаж завқи баланд дорад. Рассоми ҷавон ният дорад, ки дар оянда таҳсилро дар мактаби олӣ давом дода, аз устодони соҳа таълим гирад ва манзараҳои нотакрори ватани соҳибистиқлолро бо тасвирҳои нав ба қалам орад.
Далер Баҳронов бошад, аз ҳафтсолагӣ ба омӯзиши забони англисӣ ва рассомӣ бо компютер шавқ дорад. Дар вақтҳои холиаш сурат мекашад. Ҳоло ӯ бо воситаи барномаи махсус дар компютер расмҳои гуногун меофарад. Дар озмунҳои мактабиву ноҳиявӣ фаъол иштирок мекунад. Дар "Санҷиши дониш" ("Билимлар беллашуви")-и ноҳия дар бобати саводнокии компютерӣ ҷойи аввалро ишғол намуд. Ҳамчун китобхони ҷавон байни ҳамсолони худ дар ноҳия эътироф гардид.
Ба рассомони умедбахш парвозҳои баланди эҷодиро таманно дорем.

Дилрабо НАСИМӢ
Аксбардор Бекзод ҚОДИРОВ


Последнее редактирование: 05/08/2019 15:08;   Просмотров: 778
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку