Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ВАТАН ОБОДУ МАРДУМ ШОД БОШАД...

Инак, мамлакати озоду ободи мо сисола мешавад. Сисолагӣ давраи ҷӯшу хурӯши навҷавонист. Бояд акнун мо - вакилони халқ коре кунем, ки мардум розӣ ва Ватан обод бошад. Аз ин рӯ, бар асоси барномаи давлатии "Соли ҷавонон" дар мактабҳои рақамҳои 45 ва 46 таҳти шиори "Ҷавонон - бунёдгари оянда" вохӯрӣ ташкил намудем. Ҷавонон бо саволҳои худ муроҷиат намуданд ва масъалаҳои ташвишовари онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вохӯрӣ шаффоф гузашт.

Дар бинои маҳаллаи Шӯрбоӣ қабули сайёр баргузор гардид. Дар он панҷ масъала дида шуд, ки ноҳамвории роҳи дохилии маҳаллаи Шӯрбоича, ободгардонии атрофи қабристони маҳалла, расонидани ёрӣ барои гирифтани кредити боимтиёз барои занону ҷавонони ба "Дафтари оҳанин" ва "Дафтари ҷавонон" дохилшуда аз он ҷумлаанд. Масъалаҳо ҳалли худро ёфтанд. Роҳҳо мумфарш гардиданд. Аз ҷониби "Агробанк" ба Гулноза Фозилова ба миқдори 14 300 000 сӯм кредити боимтиёз ҷудо карда шуд. Ҷавонон соҳиби мотокултиватор шуданд.
Дар натиҷаи вохӯриву сӯҳбатҳо бо аҳолӣ ба шоҳроҳи асосии Найзатеппа фурӯзонакҳои шабона шинонида шуд. Аксар бекорон бо кор таъмин шуданд, барои фарзандони оилаҳои ниёзманд нафақа таъин гардид, дар кӯча чароғаки раҳнамо шинонида шуд, барои гузаронидани маърака ва гармкунии хонаи шаҳрвандони камбизоат ёрӣ расонидем. Ба оилаҳои имконияташон маҳдуд маҳсулоти хӯрокворӣ ва ашёҳои рӯзгор дода шуд.
Аз азал дар тинати мардуми мо меҳр, шафқат, раҳм, мурувват, саховат барин хислатҳои нек сиришта шудааст. Ҳамчун вакили халқ мо низ бо ғами мардум зиндагонӣ мекунем. Агар оила тинҷ бошад, мамлакат обод мегардад.
Азизон, ба ҳамаи мову шумо иди Истиқлолият муборак бошад!

Фурқатҷон УЗОҚОВ,
депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳия


Дата добавления: 26/08/2021 16:28;   Просмотров: 483
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку