Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ТӮҲФАИ БЕҲТАРИН - КИТОБ

Бахшида ба Рӯзи байналхалқии ҳифзи бачаҳо дар китобхонаи хусусии Шарофбобо тадбир баргузор гардид. Дар он аъзоёни фаъоли китобхона, омӯзорону хонандагони мактаби рақами 41, вакилони Бунёди ҷамоатии "Нуронӣ" иштирок доштанд.

Дар он раиси Маркази милливу фарҳангии тоҷикони Самарқанд, депутати ноҳия Акбар Маҳмудов, директори мактаби рақами 41 Наим Саломов, раиси кумитаи кор бо бонувони Бунёди ҷамоатии "Нуронӣ"-и вилоят Зулфия Холмуродова ва дигарон дар бораи аҳамияти китоб ва мавқеи он дар тарбияи насли наврас ҳарф занданд.
- Сокинони маҳаллаи мо китобдӯстанд, - изҳори ақида намуд раиси маҳаллаи Талибарзуи поён Санъат Баҳромов, - Ду сол пеш Шарофбобо Мамадалиев ва Зулфияхола Холмуродова таъсиси китобхонаро бо Ҳаҷҷи Акбар баробар дониста, дар ҳавлии худ китобхона ташкил намуданд. Онҳо ба мардум хизмати беминнат мерасонанд. Омӯзгорону волидон мамнунанд, ки вақти холии фарзандон дар назди пирони ботадбир хуш мегузарад.
- Хушбахтем, ки аз ҳавлиамон ҳамеша садои беғубори бачаҳо мебарояд, - гуфт Шарофбобои 82-сола. - Бо онҳо вақтамон хуш мегузарад. Худро бардаму чолок эҳсос мекунам. Ҳоло шумораи китобҳо ба 2 ҳазор адад расидааст. Китобхонҳои беҳтаринро бо китоб ва ифтихорнома тақдир менамоем.
Дар тадбир аъзоёни фаъол бо ифтихорнома тақдир гардиданд. Меҳмонон низ ба шиори "Тӯҳфаи беҳтарин - китоб" амал намуда, ба китобхонаи хусусӣ китоб армуғон сохтанд.

Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 08/06/2019 16:38;   Просмотров: 786
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку