Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ТАНТАНА ДАР МАКТАБ

Мувофиқи Фармони роҳбари давлатамон Дар бораи чораҳо оид ба тадбирҳои тайёрӣ ва баргузор кардани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи хотира ва қадршиносӣ дар мактаби мо низ анҷумани бошукӯҳ ба вуқӯъ пайваст. Дар он муйсафедону собиқадорони меҳнат, ҷанговарони байналмилалу вакилони идораҳои гуногун ширкат варзиданд.

Сарвари таълимгоҳ Холида Шамсиддинова ҳозиронро хайра мақдам гуфта, дар бораи аҳамияти ғалаба бар фашизм нутқ эрод кард.
- Қадрнамоӣ ва эъзози собиқадорони ҷанг ва онҳое, ки дар оқиби фронт барои пирӯзии мамлакат саҳми арзанда гузоштаанд, барои мо ҳам қарз асту ҳам фарз, - иброз дошт нотиқ, - зеро онҳо дар солҳои мудҳиш ва душвор ҷони худро дареғ надоштаанд. Президентамон таъкид кардаанд, ки "9-уми май - Рӯзи хотира ва қадршиносӣ даъват менамоем, ки оқибатҳои мудҳиши Ҷанги дуюми ҷаҳониро фаромӯш накунем, ба қадри ҳаёти осоишта расем, бо ҳисси садоқат ба Ватан зиндагонӣ кунем, ҳамеша ҳушёр ва огоҳ бошем, саъю кӯшишамонро ба дар руҳи садоқат ба хотираи таърихии халқ тарбия намудан равона намоем".
Ман аз номи ду ҳазору 200 нафар толибилмон ва 115 нафар омӯзгор ҳамаи шумоёнро бо Рӯзи хотира ва қадршиносӣ табрик мегӯям.
Сипас, хонандагони синфҳои боло саҳнаҳои солҳои диловарии халқи моро намоиш доданд.
Ба як гурӯҳ собиқадорони меҳнат ва пирони рӯзгордида тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.

Рухшона ҲАСАНЗОДА,
хонандаи мактаби рақами 10 Дар акс:
Лаҳзае аз тадбир


Последнее редактирование: 31/05/2019 15:25;   Просмотров: 858
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку