Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ТАДБИРИ "ЗАНГИ ОХИР"

Вазорати таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар бораи гузаронидани тадбири "Занги охир" ва ҷамъбасти соли хониши 2018-2019 дар муассисаҳои таълими миёнаи умумӣ тавсия дод.

Мувофиқи он дар муассисаҳои таълими миёнаи умумӣ 25-уми майи соли ҷорӣ аз соати 8.00 то 9.00 таҳти шиори "Мактаби ман - хонаи ман" тадбири "Занги охир" гузаронида мешавад.
Тадбир бо иштироки хонандагони синфи 1 ва 11 (хонандагони синфи 9 хатмкунанда ба шумор намераванд) дар давоми 1 соат мегузарад. Он бояд дар ҳавлии мактаб, боғ ё майдони кушоди сояву салқин гузарад ва дар ҳудуди мактаб даромадани шахсони бегона манъ аст. Дар тадбирҳо омӯзгорони собиқадор, падару модарон, вакилони ташкилотҳои ҳамкор, инчунин шогирдони собиқи мактаб иштирок хоҳанд кард. Ба роҳбарон ва омӯзгорони мактабҳо бахшидани тӯҳфаҳои қимматбаҳо, гузаронидани тадбирҳои иловагӣ (дар хонадон, ресторан ё қаҳвахона) манъ аст. Барномаи гузаронидани тадбир бо роҳбарии сарвари таълимгоҳ аз ҷониби ҷонишини директор доир ба корҳои маънавият ва маърифат, омӯзгорон ва роҳбалади ҷавонон ба нақша гирифта мешавад.
Дар давоми тадбир хонандагони аълохон ва фаъол рағбатнок карда мешаванд.
Ба ҷараёни гузаронидани тадбири "Занги охир" аъзоёни комиссияи "Шӯрои назоратӣ" масъуланд.

Н.ДИЛРАБО


Последнее редактирование: 31/05/2019 15:28;   Просмотров: 854
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку