Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ШУКР ГӮЯМ ҲАР НАФАСРО…

Ҳар боре, ки сухан дар бораи истиқлолияти Ватани маҳбубамон равад, аз хурсандӣ беихтиёр дар чашмонам ашк ҳалқа мезанад. Худ дар оилаи деҳқон ба дунё омадаам. Падару модарам 14 нафар фарзандро ба дунё оварда, 9 нафар ҷигарбандашонро ба коми марг додаанд. Боқимонда панҷ нафарро ба қавле гурбавор газидаву қапида калон карданд. Барои деҳқонон рӯзгузаронӣ хеле мушкил буд. Аз ин рӯ, модарам рӯзона ба кори падарам ёрӣ расонида, шабона сӯзаниву кашида, ҷиҳаку тоқӣ медӯхтанд. Бо вуҷуди меҳнати зиёд онҳоро ба пули ночиз мефурӯхтанд. Ё милисаҳо ҳунармандонро дастгир карда, маҳсули ҳунарашонро месӯзониданд. Ҷои фурӯши либосҳои миллӣ назди дари ҳоҷатхонаву паси партовгоҳ буд…

Падарам Ҳамроқулбобо дар ҷавонӣ паҳлавонсурат будаанд. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ як гурӯҳ ҷавонмардонро ба вагони поезд бор карда мебаранд. Ҳама гумон мекунанд, ки йигитҳо ба ҷанг рафтанд.
Пас аз ду рӯз маълум мешавад, ки онҳо ба ҳашари канали Фарғона, ки ҳоло шоҳраги асосии ҳаёти водии сарсабз аст, иштирок доранд. Падарам як умр ифтихор доштанд, ки ба ин кори савоби ватансозӣ ҳиссаи худро гузоштаанд.
Шукр мегӯям, ки ҳоло барои ҳунармандон дари имкониятҳо боз шуда, шароитҳо фароҳам гардид. Солҳои аввали истиқлол нонвоӣ мекардем. Сипас, ҳукумати ғамхорамон барои ободнамоии манзили зистамон кӯмак расонид. Ман яке аз модарҳои хушбахт ҳастам. Се нафар фарзандамро оиладор намудам. Соҳиби 9 нафар набераи ширин мебошам.
Афсӯс, ки саломатиам хуб нест. Кас дар як ҷо хобад, ба меҳр зор мешудааст. Аҳли маҳалла ҳамеша аз ҳоли ман хабар мегиранд. Вакилони ҳокимият низ рӯзҳои ид ба дидорбиниам меоянд. Ҳар лаҳзаву ҳар нафас шукр мегӯям, ки дар Ватани озод ва обод зиндагӣ дорам. Ҳар субҳ шукр мегӯям, ки дидани рӯзи нав бароям насиб гардид.
Илоҳо, ба Ӯзбекистони соҳибистиқлоли мо чашми бад нарасад. Файзу баракоти рӯзгор зиёда гардад. Офаридгор балоҳоро аз сари халқи олам дур созад.

Моҳира ҲАМРОҚУЛОВА,
сокини маҳаллаи Гулбоғ


Дата добавления: 07/08/2021 17:32;   Просмотров: 442
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку