Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

"ШӮЪЛАИ ИНҚИЛОБ"

ё худ нашрияи аввалини тоҷикӣ дар Самарқанд

Таъсиси нашрияи тоҷикӣ дар Туркистон ба таъсиси шӯъбаи форсии Ҳукумати Туркистон марбут аст. Дар марҳалаи аввали ҳукуматдорӣ халқи тоҷик дар Туркистон ҳатто ба ҳисоби миллатҳои майда ҳам дохил карда нашуд. Вале баъди кӯшишҳои Ҳоҷӣ Муин Шукруллозода, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Саидризо Ализода дар охирҳои соли 1918 шӯъбаи форсии Ҳукумати Туркистон таъсис ёфт, ки он миллатҳои тоҷик, афғон ва эрониро дарбар мегирифт. Роҳбари ин шӯъба Саидризо Ализода таъин шуд.

Якуми марти соли 1919 бо ташаббуси Саидризо Ализода аз номи як идда равшанфикрони ноҳияи Боғишамоли вилояти Самарқанд ба шӯъбаи маориф ва қумитаи ҳизбии вилоят бо мақсади таъсиси ҷаридаи мустақиле ё маҷаллае барои мардуми форсизабон, ки нуфузи онҳо дар Боғишамол аксарият аст, ариза омад. Бо ташаббуси худи ҳамон Саидризо Ализода ин ариза дастгирӣ пайдо кард ва сеюми марти соли 1919 Ҳукумати Туркистон дар бораи таъсиси ҳафтаномаи "Шӯълаи инқилоб" ва муҳаррири он таъин шудани Саидризо Ализода қарор қабул намуд. Ин нашрия барои мардуми форсизабони Туркистон пешбинӣ шуда буд.
Воқеаи солҳои таъсиси "Шӯълаи инқилоб"-ро ёд оварда, Ҳасан Ирфон навишта аст:
"Баҳори соли 1919 дар Самарқанд намояндагони пешқадами меҳнаткашон, равшанфикрон, аз ҷумла устод Садриддин Айнӣ, ки нав аз Тошканд баргашта буд, ҷамъ омаданд.
...Домулло Айнӣ изҳори таассуф намуд, ки аҳолии шаҳр тоҷиканду шаҳр аз тамоми вилояти Самарқанд фақат аз газетаи ӯзбекӣ беш надорад.
- Комитети вилоятии фирқа хоҳиши болшевикони райони Боғишамолро ба инобат гирифта, ба нашри як маҷаллаи ҳафтагии тоҷикӣ - бо номи "Шӯълаи инқилоб" иҷозат дод, - гуфт Ализода, - дар тараддуди ҷои муносибе мебошем ва ба ёрии қалами шумо барин азизон интизор!
- Аз дӯст як ишора, аз мо ба сар давидан, - гуфта, домулло Айнӣ бо камоли рағбат иштироки худро дар маҷаллаи тоҷикӣ изҳор дошт".
3-юми марти соли 1919 комитети вилоятии ҳизб Саидризо Ализодаро муҳаррири органи тоҷикии худ эълон мекунад. Ин бесабаб набуд. Зеро Ализода ҳамчун публисисти номдор ҳанӯз то инқилоби Октябрь шуҳрат дошт. Мақолаҳояш дар рӯзномаи "Самарқанд" ва маҷаллаи "Оина" ғояҳои пешқадам доштанд.
Шумораи аввалини "Шӯълаи инқилоб" дар Самарқанд 10 апрели соли 1919 чун органи комитети вилояти Туркистон чоп шуд. Рӯзнома ҳафтае як маротиба то 8 декабри соли 1921 давом кард ва ҷамъ 91 шумора интишор шуд. Вай дар ҳаҷми 8 саҳифаи миёна бо ҳуруфи арабӣ, ба тариқи чопи сангӣ мебаромад. Дар гӯшаи тарафи росташ шиори "Ранҷбарони тамоми ҷаҳон, муттаҳид!" меистод. Дар клишеи номаш алангаи оташе инъикос ёфта буд, ки роҳи камбағалонро мунаввар мекард.
Ҳар як саҳифа ба ду сутун тақсим шуда, мақолаҳо аз рӯи тартиби муайян ҷой дода мешуданд. Чун анъана дар саҳифаи аввал сармақола ва мақолаи тарғиботӣ, дар саҳифаҳои 1-3 мақолаҳои сиёсӣ ва назариявӣ, қарору ҳуҷҷатҳои давлатӣ ҷой дода, ҳаёти маданӣ дар саҳифаҳои 4-6 инъикос меёфт. Дар ин саҳифаҳо инчунин шеъру ҳикоятҳои адибони тоҷик ба табъ мерасиданд. Дар ду саҳифаи охир ахбори маҳаллӣ ва эълон ҷой мегирифт.
Чуноне ки аз худи нашрия бармеояд, "Шӯълаи инқилоб" ҳар ҳафта як маротиба нашр мешуд. Вай дар шаш моҳи аввал, чуноне ки худи муҳаррираш менависад, аз 1000 нусха зиёд набаромадааст. Аммо дар соли 1921 адади нашр ба 2,5 ҳазор расид. Рӯзномаро дар аксарияти шаҳрҳои калони Туркистон ва Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Хӯҷанд, Ашқобод, Марв, Бухоро мехонданд.
Ҷарида кӯшиш ба харҷ медод, ки шумораи мухбиронаш афзояд.
Дар воқеъ, забон ва услуби худи "Шӯълаи инқилоб" ҳам нисбатан содда, самимӣ ва ба хонандагон наздиктар буд. Аз ҳамин сабаб ҳам "Шӯълаи инқилоб" ба зудӣ байни хонандагони худ обрӯ пайдо кардааст.
Дар таърихи "Шӯълаи инқилоб" ду давраи бо ҳам мухолифро мушоҳида кардан мумкин аст. Давраи аввал то 16 октябри соли 1919 давом карда, дар ин муддат 22 шумораи рӯзнома интишор ёфт. Ин давраи нокомиҳо, душворӣ ва бемуваффақиятиҳо мебошад. Аввало, дар нн вақт заминаи хуби техникӣ вуҷуд надошт. Сониян, қувваи эҷодӣ намерасид. Саидризо Ализода ходим ва муаллифи ягона буд. Вай худ менавишт, тарҷума ва таҳрир мекард. Душвории дигаре ҳам буд; миқдорӣ нашр намеафзуд. Аз ин рӯ, дар шаш моҳ редакция 30 ҳазор сӯм зарар дид.
Натиҷаи ҳамин буд, ки вай дар шумораи 22 бозистод.
Ҳамин тавр, рӯзнома муддате нашр нашуд. Дар ин айём сафири Афғонистон ба муҳаррир таклиф менамояд, ки "Шӯълаи инқилоб"-ро бо маблағӣ давлати вай нашр кунад. Чунин ақидаро консули Эрон низ изҳор менамояд. Аммо Саидризо Ализода "газетаи мо фақат зери роҳбарии ҳизби иштирокиюн нашр шуда метавонад" гуфта, ин таклифҳоро рад мекунад.
Ҳукумати Туркистон барои давоми нашри рӯзнома имкониятҳои моддӣ ва маънавӣ фароҳам сохт ва 7 декабри соли 1919, пас аз 52 рӯз шумораи навбатӣ - 23 - уми "Шӯълаи инқилоб" боз чоп шуд.
"Тозиёна"-и "Шӯълаи инқилоб" модари матбуоти ҳаҷвии тоҷик гардид. Матбуоти ҳаҷвие, ки дар солҳои минбаъда бо забони тоҷикӣ интишор мешуданд, албатта, аз таҷрибаи "Тозиёна" истифода мебурданд.
Худи "Шӯълаи инқилоб" бошад, ба матбуоти навини тоҷик асос гузошт. "Шӯълаи инқилоб" аввалин нашрияест, ки бо забони тоҷикӣ мақсаду маром ва орзуву амоли халқро маънидод кардааст.

Нодир ҚАЮМОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд


Последнее редактирование: 25/06/2020 19:12;   Просмотров: 628
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку