Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

САВТУ СУРУДУ ОҲАНГ

Дар мактаби рақами 40 машварати навбатии иттиҳодияи услубии муаллимони фанни мусиқии таълимгоҳҳои ноҳия баргузор гардид.

Дар он омӯзгорони фанни мусиқӣ бо таҷрибаи корӣ ва услуби дарсдиҳии муаллими мактаби номбурда Икромҷон Муродов шинос шуданд. Ҳозирҷавобии шогирдон, ки ҳатто аз рӯйи нота асбобҳои мусиқиро навохта, суруд хонда метавонанд, мутахассисони соҳаро хушнуд гардонид.
- Муаллим Икромҷон Муродов бо вуҷуди ҷавонӣ яке аз устодони соҳа мебошад, - гуфт раиси иттиҳодияи муаллимони фанҳои мусиқӣ ва тарбияи ҷисмонии шӯъбаи таълими халқи ноҳия Қаҳрамон Салимов ва афзуд. - Муаллими навовар соли 2007 маҳфили мусиқии "Чорзарб"-ро ташкил намуда, шогирдони худро то озмунҳои вилоятиву минтақавӣ бурда, ғалабаҳо ба даст овардааст. Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ, ки синфхонаи мусиқии мактабро зеб додааст, аз пухтакорӣ ва таҷрибанокии муаллим И.Муродов далолат медиҳад.
Дар машварати муаллимони мусиқӣ чанде аз мутахассисони соҳа низ баромад намуда, дар хусуси оммавӣ гардонидани таҷрибаи муаллим Икромҷон Муродов фикрҳои худро баён намуданд.
Баромади хонандагон, ки аз иҷрои суруду таронаҳо дар васфи модар, ватан, баҳор ва Наврӯз буд, писанди ҳозирон гардид.

О.ХИЗРӢ


Последнее редактирование: 15/03/2019 13:10;   Просмотров: 895
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку