Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

РОҲБАР ҲАМ МЕХОНАД(?)!

Абдуҷаббор УМАРОВ,
депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳия, сарвари корхонаи табобатии "Мадади Сино":

- Мо дар муҳити китобхонон ба дунё омадаем. Бо хоҳару бародарон барои дастрас намудани китоб ба қавле мубориза мебурдем. Кӣ кадом китобро пеш аз дигарон мутолиа кунад, ӯ ғолиб ҳисоб мешуд. Ҳамин анъана дар синфамон низ ҷорӣ шуда буд. Шавқи китобхонӣ ҷаҳонбиниамро дигаргун сохт. Баробари осори бадеӣ ба таърих низ рӯй овардам. Вақте аз китобҳои таърих кӣ будани аслияти халқамро донистам, донишҷӯи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд гардидам. Ҳамин китоб буд, ки маро чун як шахси хушзавқи адабу фарҳанг ба давраи адибу рӯзноманигорон ва шоирон наздик кард. Аз ин рӯ, агар ҳар рӯз чанд саҳифа нахонам, худро чун шахси аз чизе маҳруммонда ҳис мекунам. Агарчӣ, имрӯз илму техника ривоҷ ёфтааст, ҳеҷ кадоми он ба пояи китоб расида наметавонад. Хуб шуд, ки мавқеи китоб дар ҷамъият боз мустаҳкамтар мегардад. Чун вақти холӣ ёфтам, ба маҷмӯъи мадании "Олами китоби Самарқанд" мешитобам. Барои худу аҳли оила ва дӯстонам қариб ҳар рӯз як китоби нав мехарам. Дар зодрӯзи наздиконам китоб армуғон мекунам.

Наврӯз ҲАНИФОВ,
сармуҳандиси идораи таъминоти гази ноҳия:
- Падари зиндаёдам иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Нурмуҳаммад Ҳанифов бо вуҷуди вазъияти номутаносиби деҳи кӯҳистони Оҳалик барои мо фарзандон ҳамаи шароити хонишро муҳайё карда буданд. Худашон, ки муаллими пешқадам буданд, ҳама ҳурмат мекард ва мо фарзандон низ ҳаракат мекардем, ки лоиқи номи баланди падар бошем. Ҳар рӯз махсус барои китобхонӣ ду соат вақт ҷудо карда шуда буд.
- Амакат Шодиҷон ҳар рӯз даҳ соат китоб мехонд. Шумо бошед, ба ду соат гилаву ҷингила мекунед, - ҳар замон моро ҳушдор мекард падарам.
Чун медонистем, ки амакам - Нависандаи халқии Тоҷикистон Шодон Ҳаниф аз паси китоб ба мартабаи баланди адабӣ расида буданд, падарам моро ҳам маҷбур месохт, ки соҳиби дониши пухта бошем. Бештар ману бародарам Беҳрӯз, ки ҳоло чун арабшинос, наттоқ ва мутарҷими маҳбуб ном баровардааст, субҳро бо китоб пешвоз гирифта, шабона низ пеш аз хоб китоб хонда хоб мекардем. Ҳангоми таҳсили олӣ дар Тоҷикистон бо бузургони адабиёт ошно гардида, аз дастонашон бо соядасти муборакашон китобҳо ҳадя гирифтаам, ки ҳамаи он барои ман ганҷинаи пурқимат аст. Аз китоб ҳар субҳ зиндагӣ меомӯзам.
Фурқатҷон УЗОҚОВ,
роҳбари корхонаи хусусиву истеҳсолии "Зулфия":
- Китоб бе ҳеҷ як муболиға инсониятро зинда медорад. Яъне касе ки бо китоб ошност, ному кори некаш дар ҷаридаи олам сабт меёбад. Чун муаллими таърих, собиқадори соҳаи ҳизб ва тадбиркор, ки ҳар се шаклҳои гуногуни ватандориро дар худ таҷассум намудаанд, гуфта метавонам, ки танҳо китоб ҳамаи ин соҳаҳоро ба ман наздик кардааст. Зеро ҳангоми донишҷӯӣ дар ДДС, фаъолият дар кумитаи марказии Иттифоқи ҷавонон ва ҳизб имрӯзҳо чун тадбиркор низ китоб ҳамроҳи ман аст. Ин хислати китобхонии маро аҳли хонадон ва дӯстони наздиктаринам ҳис намуда, дар ҷашни 55-солагиам китоберо бо номи "Ифтихор", ки аз корнома ва зиндагиномаи камина қисса мекунад, эҷод намуда, ба мани соҳибҷашн супориданд. Аз ин рӯ, китоб ба неъмати асосии рӯзгори ман табдил ёфтааст. Дар он манзиле ё коргоҳе, ки китоб намехонанд, пеш рафтани кор даргумон аст.

Таснифи ДИЛРАБО


Последнее редактирование: 10/05/2019 15:56;   Просмотров: 839
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку