Ба истиқболи 125-солагии Пайрав СУЛАЙМОНӢ
Ин пешгӯйии барҳақи шоири кӯтоҳумр, вале боистеъдоду навпардози тоҷик Пайрав Сулаймонӣ дар бораи худаш аст, ки бидуни муболиға абадияти умри ӯро собит менамояд.
То ҷаҳон ҳаст, зинда хоҳам буд,
Қаламам умри ҷовидони ман аст.
(Пайрав).
Ин пешгӯйии барҳақи шоири кӯтоҳумр, вале боистеъдоду навпардози тоҷик Пайрав Сулаймонӣ дар бораи худаш аст, ки бидуни муболиға абадияти умри ӯро собит менамояд. Шояд бардошти дурусту ҳаққонии пири хирадманди адабиёти муосири тоҷик Устод Садриддин Айнӣ аз нубуғи шоирӣ ва халлоқияти ҳунарии Пайрав, ки дар «Намунаи адабиёти тоҷик» ин гуна баён ёфта буд: «Пайрав ошиқ аст, шеърҳои ошиқонаро аз мағзи ҷон месарояд. Пайрав соҳиби истеъдоди комил аст. Бӯстони нави адабиёти тоҷик аз оби равони табъи ин ҷавон бисёр сарсабзиҳо умед дорад», Пайрави он вақт хеле ҷавону дар ҷодаи эҷоди бадеӣ навроҳро илҳоми саршори эҷодӣ илқо карда бошад.
Пайравро аз дигар шоирони ҳамзамонаш, ба назари мо рӯҳи исёнӣ, ботини саршор аз ҳиссиёту ҳаяҷони ӯ тафовут медод. Ин вижагӣ аз шинохту таҳқиқи амиқи ҳунарии зиндагӣ, инсон ва дар маҷмӯъ дарки фалсафии моҳияти ҳастӣ ба зуҳур омада, шеъри Пайравро ба шеъри ҳиссиёту ҳаяҷон табдил додааст. Пайрав дар натиҷаи кӯшишҳои доимӣ донишу таҷрибаи ғанӣ андӯхта, дарду доғи инсонҳои ҳамзамонаш ва гузашта аз ин, то ҷое дардҳои ҷомеаи ҷаҳонро ташхис дода ва воқеъбинона омӯхта буд. Гӯё инқилоб ботини лабрезшуда аз дарду ормонҳои инсонӣ ва таҷаддудхоҳи шоирро якбора ба туғён овард, ки ӯ муждаи дамидани субҳи озодиро дар ин шеър ба гӯши ҳамзамононаш суруд:
Эй дидаи гирёншудаи бесару сомон,
Пурхун шуда чандон аз баҳри азизон!
Эй абрсифат қатразани донаи борон,
Чун ҷавҳари ғалтон, муштоқи каримон.
То омадани инқилоб шоир дар бораи дардҳои ватан ва ҳамзамононаш амиқ сарфаҳм рафта буду чорае барои ислоҳи он андешиданро ҳам фарзу ҳам қарзи шоирии хеш медонист. Муҳимтар аз ҳама дарду доғи ҷомиаро хуб шинохта ва онро дар қасидаи «Тазмин ба қасидаи Файзии Файёз» то ҷое баён карда буд:
Дилсӯхтаи оташу побастаи дорем,
Гулбарги тару шохи гиёро нашиносем.
Ту сар ба гиребон бикашу пой ба домон,
Мо бесарупоён сару поро нашиносем.
Аз мағлатаи файласуфон ёд наёрем,
Дар илми назар ваҷҳи хафоро нашиносем.
Тӯли расаду арзи сутурлоб надонем,
Зеру забари арзи саморо нашиносем…
Ё дар шеъри дигар, ки бо матлаи:
Дилам боз аз дасти беғамгусорӣ,
Гирифтаст расму раҳи беқарорӣ.
оғоз меёбад, Пайрав аз дарди амиқи танҳоии ҷонгудозе шиква менамояд, ки касе ҷуз худи ӯ ба моҳият ва дарки он намерасад ва тане дигар ҳатто дар фикри шинохтани ин гуна дардҳои азиятовар нест. Ин дарди ҷонгудози шоир, тавре аз гуфтаҳои худи ӯ бармеояд, дарди халоси Ватан аз панҷаи зулму тааддиву бедод ва пасмондагиву мутеӣ ва дастнигарии ҳамзамононаш иборат аст:
Дило, чист охир ба гетӣ гуноҳам,
Баҷомонда з-ин сон низору таборам.
Ҷуз ин қазя дигар гуноҳе надорам,
Ки фикри халоси Ватан шуд шиорам.
Бухоро, Ватан, эй ба як қабза хокат
Фидо ҷони мискину ҷисми фигорам.
Туӣ маъдани ҷуду файзи улумам,
Туӣ маҳди осоишу эътиборам.
Ватан, ноумедӣ нашояд кунунат,
Ки ман аз ҳаёти ту уммедворам.
Дар ин шеъри ватандӯстонаи Пайрав як ҷаҳон дарди ниҳони шоир нуҳуфтааст ва ҳам аз тарафи дигар он ҳисси меҳандӯстонаи шоирро хеле хубу барҷаста нишон медиҳад. Шоири ватандӯст омодааст барои ободӣ ва ҳифзи он аз сари ҷон гузар намояд, ки чунин ҳисси олии инсонӣ ва ҳунарӣ, яъне офаридани тимсоли бадеии шахси меҳандӯсту ҷонфидо шояд дар шоирони ин насл дар чунин тарзи ифода ба нудрат пайдо шавад:
Кушо дидаи хобу бингар, ки ҷонро
Барои вафои ту чун месупорам.
Агар теғи олам биҷунбад ба кинам,
Ҳавои ту ҳаргиз зи сар барнаёрам.
Агар душманат пайкарамро бисӯзад,
Шавам дуду дуд аз димоғаш барорам.
Вуҷудам агар дар раҳат хок гардад,
Дарояд ба ҷисми адӯят ғуборам.
Шавам хок, лекин, яқин дон, ки ҳаргиз
Ба ҷуз тухми меҳри ту дар дил накорам.
Ба ҳар ҷо, ки афтам, зи ҳар ҷо, ки хезам,
Наҷоти ту! – Ҷуз ин набошад шиорам.
Вале бо вуҷуди ба ин гуна дарду доғ ва зулму тааддӣ гирифтор будани ватанаш Пайрав онро чун маҳди илму дониш ва мояи ифтихору сарафрозии хеш медонад ва ба ояндаи неки он бо чашми умед менигарад.
Дар ҳар сурат субҳи содиқи инқилоб дар ботини Пайрави пуртакопӯву кӯшо инқилоби дигари ҳунарӣ ба вуҷуд овард, ки дар шаклу зарбу оҳанг ва дарунмояи шеърҳои ӯ бозтоб гардидааст. Ӯ инқилобро наҷотбахши Ватан аз зулму тааддӣ ва ақибмондагӣ дарёфт.
Дар ин айём буд, ки Пайрави ҷавонро барои адои масъулият ба сафорати Афғонистон даъват карданд ва пас аз муддате ба Машҳад фиристода шуд. Бо зиндагии мардумони ин сарзаминҳо, хосса бо аҳли адаби он ошно шуд, таҷриба андӯхт ва ҳақиқати дардҳои ононро мушоҳида ва ормонҳои онҳоро ҳам ба қалам овард. Дар ҷавонӣ дарди лаззатбахши ишқро низ бо азоби ҷудоиву ҳиҷрон ва маҳрумиятҳои дидор таҳаммул кард. Ишқи пурсӯз, азоби дурию ҳиҷрон аз ёру диёр ва дарку шинохти асрори ҳақиқат ва ҳикматҳои ҳастӣ шояд боис ба он шуд, ки ба насрнависӣ иштиёқ пайдо кард. Ҳикояҳояш ҳадиси ишқи нокоми дилбохтагони номурод аст, дар ин мавзӯъ ба иншои романе бо номи «Ишқи духтари Чингиз» оғоз кард, аммо ноком монд, онро низ натавонист ба итмом расонад.
Муддате ба касбу пешаи бобоёнаш – ҳакимӣ, яъне табибӣ машғул шуд. Овозаи табибии шоир ба гӯши мардум расид ва ӯро ба беморхонаи Шайхҷалоли Бухоро чун табиб ба хидмат хонданд. Пайрав қаламро забони розҳои ниҳонӣ ва навгониҳои адабии замон қарор дода буд. Қалам намоди дунёи бекаронаи шоиронаи ӯ, намоди наҷотбахши Ватан аз зулматободи ҷаҳлу нодонӣ ва фурӯрезандаи ақибмондагиву нодонист. Қалам устоди достон, тарҷумони озода, ифшогари рози дил, маҳрами ниҳон ва ниҳоят умри ҷовидони ин шоири навҷӯй аст. Қалам барои ҳамзамони дигари Пайрав – Ҳабиб Юсуфӣ, агар танҳо намоди шамшеру мубориза бар алайҳи душманони ватанаш маънидод шуда бошад, барои Пайрав дарвоқеъ, қосиди баёни ҳолу аҳволи шоир ва дар «ман»-и лирикии ӯ забону баён, дашнаву синон ва шоҳиди ҳоли замони кулли ҳамзамонони пурармонаш ифодаи рӯшане ёфтааст. Қалам намоди ҳасту буди шоир ва ормонҳои олии ҳамзамонони ӯст:
Қалам устоди достони ман аст,
Қалам озода тарҷимони ман аст.
Бо қалам рози дил намудам фош,
Қаламам маҳрами ниҳони ман аст.
Ва ниҳоят қалам намоди зиндадоранда ва ҷовидонагии номи шоир, ҷони ҷону забони баёни андӯхтаҳо ва таҷрибаҳои ҳунарии ӯ дар адабиёти замонаш мебошад:
То ҷаҳон ҳаст, зинда хоҳам буд,
Қаламам умри ҷовидони ман аст.
Гарчи дар зиндагӣ хамӯшам, лек
Қаламам қосиди баёни ман аст.
Безабонӣ нишонаи марг аст,
Қаламам нест, балки ҷони ман аст…
Қалам дар эҷодиёти шоирони навандеше ба монанди Пайрав ва Ҳабиб Юсуфӣ намоди ҳунари баланди офаринандагӣ ва созандагиҳои муъҷизаосое барои тасвири вазъу ҳолати замони нав дониста шудааст. Он василаест, ки тасвири бадеии замон ва ҳиссиёти инсони навро бо тамоми дастоварду комёбиҳояш дар саҳифаҳои заррини таърих ба тасвир мегирад.
Афсӯс, ки ин қалами воқеънигору таърихсоз то ба охир ормонҳои дили ҳассоси шоирро натавонист ифшо намояд.
Ошиқонаҳои «аз мағзи ҷон» сурудаи ӯро ба ҳайси дилпораҳои ин шоири ҳассос имрӯз ворисонаш мехонанду ба ҳунари шоирии ӯ аҳсант мегӯянд ва аз самимияту ростии ишқи тасвиркардаи ӯ лаззат мебаранд:
Чандест, ки ишқи он санамро
Бар сафҳаи сина парваридам,
Умре ба умеди ҷоми васлаш
Паймонаи заҳр мечашидам.
Шабҳои дароз дар хаёлаш
Чун моргазида метапидам,
Ҳар дам ба фазои авҷи уммед
Ҳамранги шаҳоб мепаридам.
Гоҳе ба замин ҳамефитодам,
Гоҳе ба само ҳамерасидам,
Чун боди самум мевазидам,
Чун барқи ситез меҷаҳидам,
Чун абри баҳор мегиристам,
Чун бонги ҳазор месурудам…
Ин гуна ошиқонаҳои босӯзу гудози Пайрав, ки бо ташбеҳоти зебо музайян гардидааст, фазои хотираи хонандаи ҳар замонро саршор аз ҳиссу ҳаяҷон менамояд ва водор месозад, ки ба ҳунари шоирии ӯ имон биёварад. Дар ин гуна паёмҳои шоиронаи Пайрав Сулаймонӣ, ки бо гузашти як аср дурахши истеъдоди шигифтангези ӯ дар ҷаҳони шеъру сухани тоҷикӣ ҳамоно ғулғула меафканад, ғурури инсоне нуҳуфтааст, ки бо худ ва бо замону ҷаҳон дар ситези доимист.
Пайрав дар муддати умри мухтасари шоирияш, ки аз 15 сол бештар намебошад, на танҳо мероси гаронарзиш бар ҷой гузошт, балки ба ибтикороту тозапардозиҳо дар шаклу мазмуни шеър даст ёфт, ки боиси ҷовидонагии номи ӯ гардид.
Дар бораи шахсияти тӯфониву шоирона ва пайваста ҷӯёву пӯёи Пайрав аз замони зиндагияш то кунун шоирону адибон ва муҳаққиқони ҳамнаслаш ба монанди Бектош, Раҳим Ҳошим, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода аз гузоришу мақола то асарҳои бузурги тадқиқотӣ иншо кардаанд. Баъдтар муҳаққиқон Соҳиб Табаров, Худойназар Асозода, Абдураҳмон Абдуманнонов, Хуршеда Отахонова ба омӯзиши ашъори ӯ ё зимни пажӯҳиши манзараи умумии адабиёти давр ё ба таври алоҳида машғул шудаанд.
Бо саъю эҳтимоми академик Хуршеда Отахонова куллиёти Пайрав ба чоп расид, ки дар шинохти тозаи Пайрав ва мероси ӯ саҳифаи тоза шуморидан мумкин аст. Аммо ҳақиқат ин аст, ки ҷойгоҳи ин шоири навовар дар адабиёти давронаш ҳанӯз ба таври шоиста таҳлилу тадқиқ нашудааст. Бояд, дар асоси тадқиқоти зиёде, ки дар бораи шахсият ва шеъри ин шоири навпардоз то кунун ба вуҷуд омадааст, дастоварду комёбиҳо ва ибтикороти адабии Пайрав дар шеъри муосири тоҷик ба таври мушаххас таъин гардад.
Анзурати МАЛИКЗОД,
адабиётшинос.
Copyright © 2024. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.