Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҲОКИМ ДАР МАКТАБ

Ҳокими ноҳия Носир Мавлонов ба мактаби таълими умумии рақами 34 ташриф фармуд.

Он рӯз барои табрики хонандагону омӯзгорони мактаби мазкур прокурор Ҷавлон Санаев, раиси хазинаи ҷамоатии "Маҳалла"-и ноҳия Муйинҷон Набиев, имом-хатиби масҷиди ҷомеи Хоҷа Зудмуроди шаҳри Самарқанд, фарзанди деҳаи Чоршанбе Ҳоҷӣ Мустафоқул Меликзода, фаъолони маҳалла Ҳоҷӣ Вафоқул Эшонқулов, Ҳоҷӣ Аҳмадҷон ва Ӯктам Ҳамдамовҳо, мудири шӯъбаи таълими халқи ноҳия Баҳриддин Мардонов, раиси маҳаллаи Чоршанбе Алишер Ғафуров, мутахассис Флора Ҷабборова ба мактаб омаданд.
Барои хонандагони синфи якум тӯҳфаи Президент супорида шуд. Ҳокими ноҳия ба китобхонаи мактаб китоб армуғон сохт. Ба хонандагони синфи 10-11 дарси мустақилиро гузашт. Хонандагон дар охири дарс саволу дархостҳои худро ба ҳоким расониданд.
Мунира ШАМСИДДИНОВА, маҳаллаи Чоршанбе
* * *
Чунин тадбир дар мактабҳои дигари ноҳия, аз ҷумла мактаби рақами 17 баргузор гардид. Дар он раиси маҳаллаи Гулбоғ, шогирди мактаби мазкур Озодҷон Хидиров ҳозиронро бо оғози соли таҳсили нав табрик намуд.
Бастаи китобҳои тозанашрро ба китобхонаи мактаб армуғон сохт ва дар синфхона ба хонандагони синфҳои болоӣ "Дарси истиқлол"-ро гузашт.

ДИЛРАБО


Последнее редактирование: 13/09/2019 17:50;   Просмотров: 797
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку