Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МУРАББӢ, МУАЛЛИМ ВА ВОЛИДАЙН

Ҳоло ба бонувон, алалхусус модарони ҷавон осон нест. Зеро онҳо дар хонадонҳояшон ҳам вазифаи модарӣ, ҳам мураббиягӣ ва ҳам муаллимиро бояд шарафмандона иҷро намоянд. Охир, яке аз талабҳои карантин ҳамин аст.

Тарбияи оилавӣ кори муҳим буда, аз волидайн ҷиддият ва масъулияти бузургро талаб мекунад. Вазифаи падару модар, ки дар тарбияи фарзанд баробар масъуланд, ба воя расонидани фарзандони дорои ахлоқи накӯ ва ба ҷомеа нафърасон мебошад.
Аз назари дини ислом низ масъалаи ба ҷомеа нафърасон будани инсон муҳимтар аз ҳама дониста мешавад.
Волидон барои маълумотноку соҳибкасб гардидани фарзандон шароити зарурӣ ба вуҷуд оварда, дар интихоб ва тайёр шудани онҳо ба касбу ихтисоси дӯстдоштаашон бояд мусоидат намоянд.
Азбаски давраи ҷавонӣ хусусиятҳои хоси худро дорад, усули тарбияро нисбат ба ҷавонон бояд дигар кард. Вобаста ба интихоби касб ва интихоби роҳи дурусти зиндагӣ ба фарзандон бояд ёрӣ расонид.
Дар ташаккули ахлоқи духтарон бошад, нақши модар бештар аст. Модарон ба духтарон дар баробари нишон додани корҳои занона, оиладорӣ, ҳамчунин, қобилию ҳунармандӣ, хоксорию бономусиро ёд дода, маслиҳат ва ёрӣ медиҳанд, ки соҳибхонаи хуб шаванд.
Бемасъулиятии волидон ҳам ба тарбияи фарзандон таъсири бад мерасонад. Фориғболии падару модар метавонад ба донишандӯзӣ, аз худ кардани таҷрибаҳои ҳаётӣ ва нисбат ба дигар тарафҳои зиндагӣ малакаю маҳорат пайдо кардани фарзандон монеа пайдо карда, боиси ба амалҳои ношоиста даст задани онҳо шавад.
Имрӯз то ҳадде шабакаҳои иҷтимоӣ ба мафкураи насли наврасу ҷавон таъсири манфӣ мерасонанд, ки натиҷаҳои хатарзо ба миён меоранд. Вобаста ба ин, волидону калонсолони хонаводаро зарур аст, ки беэътиноӣ накарда, амалҳои онҳоро пайваста зери назорат гиранд.

Азиза РАҲМАТОВА,
сарвари бибихалифаҳои ноҳия


Дата добавления: 13/06/2020 11:17;   Просмотров: 587
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку