Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МУДДАОИ МОДАР

Зане бо либоси сап-сафеди ҳарир, тозаву озода аз мошини сабукраве, ки дар сари фармонаш бонуи резапайкар буд, фуруд омада, сӯи муассисаи хусусии томактабии "Болажон" таваққуф намуд. То он лаҳзае, ки бонуи резапайкар аз сари фармони мошин наздаш омад, ба ин тараф, он тарафи бинои кӯдакистон чашм давонд. Гӯё ба ягон хулосае омада бошад, гуфт:

- Духтарам, Санобар, боғча дар сари роҳи калон, назди мактаби хонандааш сершумори 17 қарор дорад. Дар он сӯяш масҷиди ҷомеи Хоҷа Абдуи Берун. Бояд чунон рафтор кунем, ки аз покдилии мо ин даргоҳ низ покиза бошад ва покизатинатонро тарбия намоем.
- Бийиҷон, ин биноро мо ба умеди шумо гирифтем. Баробари наберагонатон тарбияи 50 нафар тифлакони халқ ҳам ба ӯҳдаи шумост...
- Маънои гапатро нафаҳмидам. Ту бо ин чӣ гуфтанӣ? Панҷоҳ сол бо тарбияи ҳамин сиёҳчашмакон машғул шудам, акнун бас нест? Боз услуби ман кайҳо кӯҳна шудааст.
- Бийиҷон, бо ҳамин "услуби кӯҳнаатон" олиму духтур, муҳандису бинокор ва дигар шахсони масъулро тарбият кардеду он акнун кӯҳна шуд? Ин гапҳо баҳона шуда наметавонад. Ман бо падарам, додаронам хуб фикр кардем, ки шумо дар пиронсолӣ ҳам на танҳо ба мо, балки барои халқу ватан ҳоло хизмати зиёда карда метавонед...
Аз ин сӯҳбат аллакай чор сол сипарӣ шуд. Вақте ки ҳукумати Ӯзбекистон барои кушодани муассисаҳои томактабии хусусӣ қарор қабул намуд, ходими намоёни соҳаи ҳуқуқу тартибот Раҳмон (Акрам) Мирсаидов бо фарзандонаш Саодати шифокор, Абӯбакри тадбиркор, Санобари мураббия, Фирдавси соҳибкор ба хулосае омаданд, ки ба машъалафрӯзи хонадонашон, модари муштипару ғамхорашон Амира Маҳмудова ягон кӯдакистоне сохта диҳанд. Чунки ӯ умре бо тарбияи насли наврас машғул буд. Ҳаёти худро бе онҳо тасаввур карда наметавонад. Боз он қадар таҷрибаи бое дорад, ки бояд барои нафъи ҷомеа сарф намояд. Бо ҳамин умед аз маҳаллаи Гулбоғ ҷои собиқ дӯконро барои кӯдакистон муносиб донистанд. Обод карданд. Ҳоло он яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи бачаякон ва модарҷавонон аст.
Ин фикри аҳли хонавода беҳуда набуд. Ғайр аз шогирдони зиёдаш модар дар хонадони худ ду нафар мураббияи шоистаро тарбият намудааст. Яке духтараш мудири ташкилоти таълими томактабии рақами 25-и ноҳия, депутати Шӯрои намояндагони халқи вилоят Санобар Мирсаидова, дигаре келини хонадон - мудири ташкилоти таълими томактабии рақами 29-и ноҳия Нилуфар Шокирова мебошад. Боз арӯси дигари хонадонаш шифокори тоифаи олӣ Заррина Муҳаммадиева аз сиҳатмандии модару кӯдак бохабар аст.
Пас аз хулосаи аҳли хонавода Амира Маҳмудова дигар чизе ҳам илова карда натавонист. Аз шароити кӯдакистон, ки то ин лаҳза маскани савдо буд, дидан карда, маслиҳатҳои худро дод. Пас аз дақиқаҳои зиёд боз назди мошини духтараш омаду ба рӯи Санобар зеҳн монд.
- Ҳа, бийиҷон, дар бораи кӯдакистони нав чӣ гуфтаниед?
- Гуфтаниҳо бисёр, бачем. Ин ҷо шароит кардан лозим. Андак ҳавличаи соярав сохтан даркор. Аз ин корҳо заруртар боз як амале ҳаст, ки бояд ҳамроҳи падарат анҷом диҳем. Он тарафи умрро метавонам барои фарзандакони азиз бахшам.
- Бийиҷон, ман хуб фаҳмидам. Аллакай он масъала ҳам ҳал шудааст. Илоҳо ҳаҷҷатон қабул гардад, шумо Ҳоҷиона мешавед.
- Чӣ хел?
- Оддиякак. Пасандози барои Ҳаҷ ҷамъкардаатонро бо аризаатон ба масъулон супориданд. Ҳамин ки навбат расид, худашон даъват мекунанд.
- Илоҳо барака ёбетон, нури дидагонам, - ногаҳон ашки чашмонашро пок карда, даст ба дуо кушод модар.
Зиндагии Ҳоҷиябибӣ Амира Маҳмудова худ пандомӯз аст. Аз шохи рост сояи каҷ намеафтад, мегӯянд дар урфият. Амира Маҳмудова гулдухтари дуввумини хонадони маърифатпарвари намоёни Самарқанд Маҳмудбек Маъруфии талибарзугӣ мебошад. Ӯ ва хоҳару додаронашро баробари падари муаллиму раиси деҳшӯрояш, модари бофазлаш Тӯхтабибӣ Раҳматова хуб тарбият намудааст.
Хоҳари раҳматиаш Мунира Маҳмудова низ муаллима буд. Додараш олими адабиётшинос, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи "Овози Самарқанд" шодравон Ғафурҷон Маҳмудов аз шахсони намоёни олами маърифати Самарқанд буд. Ҳоло мардум бо номи мардони бомаърифату тадбирандеш чун Толиббек, Илҳомбек, Шаҳриёрбек ва Бахтиёрбек Маъруфӣ ифтихор доранд. Ҳар яке аз ин мардон барои ободии хонадони даҳҳо нафар хидмати шоиста мекунанд. Амира Маҳмудова як тан шохи ҳамин дарахти устувор аст.
Ӯ пас аз таҳсил дар мактаби рақами 41-и зодгоҳ, факултаи филологии Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ муддати даҳ сол омӯзгори мактаби таҳсилгирифтаи худ буд. Аз соли 1980 то дами нафақа - соли 2001 мудири кӯдакистони рақами 25-и ноҳия буд. Соли 2016 ба сафари Ҳаҷ рафту боз бо ҳидояти аҳли хонавода домани касби пуршарафи худро дошт. Ҳоло Ҳоҷияона Амира Маҳмудова ҳамроҳи соҳиби сари худ даҳҳо нафар набераву абераҳоро дуои хайр медиҳанд.
Кас ба рухсори пурнур, ҳаракати чолокона ва ғайрату нақшаҳои пурумеди Ҳоҷияона Амира Маҳмудова назар афканда, гумон намекунад, ки синни ӯ ба ҳафтод расидааст. Агар чунин аст, ӯро бо синни муборак самимона табрик гуфта, барояш тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно дорем. Бигзор хоҳари азизамон, ки бӯи модар мекунанд, умре дуогӯи мо бошанд:
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Толиббек МАЪРУФӢ,
собиқадори ифтихорӣ
Матлуба НАРЗУЛЛОЕВА,
Аълочии таълими халқи
Ҷумҳурияти Ӯзбекистон


Дата добавления: 07/08/2020 10:11;   Просмотров: 636
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку